• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ХАБАР

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

БӮИ ҶӮИ МӮЛИЁН ОЯД ҲАМЕ

Бахшида ба Рўзи Рўдакӣ дар назди бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кўлоб муҷассамаи сардафтари адабиёти тоҷику форс Абўабдуллоҳи Рўдакӣ,  ки  донишгоҳи мазкур ба исми ин абармарди дунёи шеър гузошта шудааст, қомат афрохт. Дар ҷамъомаде, ки бо ин мақсад доир гардид,  раиси шаҳри Кўлоб Хайруллоҳ Амонуллоҳ, ректори Донишгоҳи давлатии Кўлоб  Абдулло Ҳабибулло,  муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳматулло Мирбобоев, шоирону нависандагон, роҳбарону мудирони мактабҳои олию миёнаи шаҳр, инчунин донишҷўён ширкат доштанд.

Идомаи: БӮИ ҶӮИ МӮЛИЁН ОЯД ҲАМЕ

ИФТИТОҲИ БОҒИ БА НОМИ АҲМАДИ ДОНИШ ДАР ХИЁБОНИ РӯДАКИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Шоми рӯзи 26 сентябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Боғи ба номи Аҳмади Дониш, ки дар муддати камтар аз як сол дар хиёбони Рӯдакӣ, рӯ ба рӯи Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи хеле зебо бунёд карда шудааст, иштирок намуданд.

Идомаи: ИФТИТОҲИ БОҒИ БА НОМИ АҲМАДИ ДОНИШ ДАР ХИЁБОНИ РӯДАКИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ТАСВИР ВА ТАСАВВУР ДАР ШЕЪРИ РӮДАКӢ

Рустам Ваҳҳоб

Ҷанбаи тасвир ва мақоми он дар ташаккулу таҷассуми ҷавҳари шеърият дар як асари манзум дар адабиётшиносии даҳаҳои охир аз муҳимтарин ва пурравнақтарин мавзӯъҳои пажӯҳишӣ будааст. Аммо дар зимн бояд иқрор кард, ки худи мафҳуми тасвир ва тасвиргарии шоирона, анвоъу ақсоми он ба сурати назарӣ ва амалӣ ҳанӯз ниёз ба бознигариҳои ҷиддӣ дорад. Ғолибан мо тасвирро то кунун дар таркиби ташбеҳ (бештар ташбеҳи равшан) ва аҳёнан дар амалиёти зоҳирии падидаҳо, ҷонварон ва инсонҳое дидаем, ки заминаи образ ё худ сувари хаёли шоирона ва таҷассуми шоиронаи воқеиятро ташкил додаанд. Аз ин ҷост, ки ҳар гоҳ аз тасвиргариҳои шоиронаи устод Рӯдакӣ масал зада мешавад, ғолибан ҳамон ашъораш чун шоҳиди мисол иқтибос мегардад, ки дорои ташбеҳи равшан ҳастанду халос. Аз ҷумла, байти мансуб ба ӯ (ки онро ба Қатрон ҳам нисбат медиҳанд):

 

Бихандад лола бар саҳро ба сони чеҳраи Лайло,

Бигиряд абр бар гардун ба сони дидаи Маҷнун.

 

Аммо дар асл, агарчи барҷастатарин вижагии шеъри устод Рӯдакӣ равшанбаёнӣ аст, ӯ ҳаргиз тасвирро дар сатҳи болои шеър қарор надода ва чунон нанамуда, ки муроди аслии ӯ аз шеъре тасвирсозию тасвирпардозӣ ва ба ин васила намоиши қудрати табъ бошад. Тасвирҳои устод Рӯдакӣ хеле бештар аз як тасвири маҳз ҳастанд. Тасвири маҳз ҳам холӣ аз лутфу ҳол ва арзиши маънавию эстетикӣ нест. Он ҳам моро бо ҷаҳони хориҷ ошнотар ва маҳрамтару қарин месозад ва эҳсоси зебошиносиро дар вуҷуди мо парвариш медиҳад, яъне инсонтар мекунад. Аммо тасвирҳои Рӯдакӣ василае ҳастанд, ки бо латофати худ маъонии беш аз он латифро дар ҳарир мегиранд ва дилпазиртар месозанд. Масалан ба ин қитъа таваҷҷуҳ шавад:

Идомаи: ТАСВИР ВА ТАСАВВУР ДАР ШЕЪРИ РӮДАКӢ

ДАР КӮЛОБ МУҶАССАМАИ УСТОД РӯДАКӣ ДУБОРА ҚОМАТ АФРОХТ

Бахшида ба  Рӯзи Рӯдакӣ субҳи  имрӯз дар назди бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб муҷассамаи сардафтари адабиёти форсу тоҷик, шоири забардаст, султони шоирон Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ,  ки  донишгоҳи мазкур ба исми ин абармарди дунёи шеър гузошта шудааст, қомат афрохт.

Идомаи: ДАР КӮЛОБ МУҶАССАМАИ УСТОД РӯДАКӣ ДУБОРА ҚОМАТ АФРОХТ

ИЗҲОРОТИ РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

 

 

Адибон, чун кулли зиёиёни миллат, ҳама умр дар орзӯи Истиқлолият, шукуфоии кишвар ва беҳбуди воқеии рӯзгори моддию маънавии мардуми хеш буданду ҳастанд.

Яъне, он чиро мехостанд, ки инак аз шарофати сиёсати созандагию бунёдкории давлату ҳукумати Тоҷикистон муҳайё шудааст. Имрӯз вазифаи ҳар фарди ҷомеа, пеш аз ҳама, барои бештар шудани дастовардҳои Истиқлолият, таҳкими ваҳдату муттаҳидии халқамон, афзудани обрӯю эътибори мамлакат дар арсаи ҷаҳон ҷаҳду талош намудан мебошад.

Идомаи: ИЗҲОРОТИ РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

КАМОЛИ ИСТИҚЛОЛ

Қабл аз он, ки чизе дар бораи Истиқлол ва нақши он дар ибтикороти адибони Хатлон бинависам, мехоҳам воқеаеро аз рўзгори худ нақл намоям, ки шояд   як андоза рўҳияи истиқлолхоҳ доштани ҷавонони тоҷикро дар солҳои охири мавҷудияти Иттиҳоди Шўравӣ баён намояд.

Идомаи: КАМОЛИ ИСТИҚЛОЛ

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37