Маҷаллаи нави «Садои Шарқ» (№ 9) ба дасти хонандагон расид. Дар ин шумора дар бахши назм ашъори Низом Қосим «Эй биҳишт, эй Тоҷикистон», Хурсандӣ Ҳоҷимурод, дар бахши наср порае аз романи «Исмоили Сомонӣ»-и Бароти Абдураҳмон, ҳикояи «Гадои ишқ»-и Муҷибахон Ҷавҳарӣ, дар бахши бузургдошт мақолаи Беҳрӯзи Забеҳулло – «Мавлоно – кашшофи олами ботин», дар бахши мактаби […]Идома...
Маҷаллаи миллии адабии “Садои Шарқ” ойинадори муҳимтарин рӯйдодҳои адабии замон буда, бо маводи пурмуҳтавояш ҷомеаи адабӣ ва дӯсторони адабиёту ҳунарро ба набзи ҳаёти адабиву фарҳангӣ ошно мекунад. Аз замони таъсиси ин минбари баланди адабиёту ҳунар нақд ва адабиётшиносӣ ҳамеша яке аз бахшҳои муҳимми онро ташкил медод. Дар соли 2023 маҷалла ин суннати хешро идома дода, […]Идома...
Шумораи 7-и нашрияи миллии адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон «Садои Шарқ» ба табъ расид. Шеъру ҳикоя, қисса, мақолаву тарҷума, тақризу китобиёти хонданӣ пешкаши ҳаводорони маҷалла гаштааст. Ба муносибати 70-солагии нависанда Баҳманёр қиссаи «Дуди ҳасрат»-и ў, ғазалу чорпораҳои Шоири халқии Тоҷикистон Раҳмат Назрӣ дар ситоиши Ватан, волидайн, кўдакӣ, муҳаббат, дўстӣ ва ғайра, қиссаи «Фарзандони рў ба хуршед»-и […]Идома...
Дар шумораи навбатии маҷаллаи миллии адабии «Садои Шарқ» (№ 6, 2024) як силсила матлабҳое чоп шудаанд, ки ҷолибу хонданиянд. Таҳти унвони «Чакомаи ваҳдат» дар саҳифаҳои аввал шеърҳои шоирони шинохта ва ҷавон дар васфи ин арзиши волои миллиямон ҷой гирифтаанд, ки тозаву шоиронаанд. Дар саҳифаи наср мухтасари романи «Порисаеву ворисе»-и нависанда Сипеҳри Ҳасанзод ва дар саҳифаи […]Идома...
Маҷаллаи миллии адабии «Садои Шарқ» дар соли 2023 дар бахши «Иҷтимоиёт» 11 мавод чоп намудааст. Аз ҷумла, «Кафили зиндагии осоишта дар ҷаҳон» (Рустам Ҳайдаров, №1), «Нақши Тоҷикистон дар ҳифзи иқлими сайёра» (Номвар Қурбонов, №2), «Шамъе дар торикистон. Очерки таърихӣ» (Ҷаъфар Холмуминов, №3), «Корнамоӣ дар марзи номус» (Нозир Ёдгорӣ, №4), «Ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон кори тахирнопазир аст» […]Идома...
27 феврали соли равон муҳтавои маводи соли 2023 дар маҷаллаи миллии адабии «Садои Шарқ» чопшуда бо иштироки адибону донишмандон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Дар оғоз муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа иброз дошт, ки соли гузашта кормандони маҷалла анъанаҳои пешинро идома дода, дар 12 шумора матлабҳои хубу хонданиро ба чоп расониданд. Сипас, мувофиқи тартиб, […]Идома...
Шумораи якуми Нашрияи миллии адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон «Садои Шарқ» дар соли нав аз чоп баромад. Дар саҳифаҳои аввали моҳнома Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҷо дода шудааст. Дар партави Паёми Пешвои миллат мақолаи публитсистии Нозир Ёдгорӣ манзур гардидааст, ки «Эҳёи нур» ном дошта, […]Идома...
Шумораи 12-уми Нашрияи миллии адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон «Садои Шарқ» аз чоп баромад. Дар саҳифаҳои аввали моҳнома матни суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии «Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифигари таърихи халқи тоҷик», ки ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров 5 декабри соли 2023 баргузор […]Идома...
Имрӯз маҷаллаи миллии адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон “Садои Шарқ” ягона муаррифгари насру назм, нақди адабӣ ва фарҳанги муосир аст. Зеро маҳз “Садои Шарқ”, ки нахустин маҷаллаи адабии тоҷик мебошад, дар айёми Соҳибистиқлолии кишвар тавонист хонандаро бо падидаҳои адабӣ ва осори адибони диёр, дастовардҳои илмию адабии Тоҷикистон ошо намояд. Аз ин рӯ, маҷалларо метавон ойинаи барқади […]Идома...
Дар ҳама гуна ҷомеаи тамаддунпарвар таваҷҷуҳ ба масоили иҷтимоӣ рӯзафзун аст, зеро сатҳу сифати зиндагии мардум, созгории муҳит ва авзои замон бо чигунагии иҷтимоиёт иртиботи қавӣ дорад. Аҳли зиё, ба вижа, адибон ҳамчун аъзои фаъолу равшанфикри ҷомеа нисбат ба вазъи иҷтимоии замон шикастатаваҷҷуҳ нестанд ва перомуни ин масъалаи умда пайваста ибрози назар ва табодули афкор […]Идома...