Мулоқоти муҳимму ҳидоятҳои созанда

 Мулоқоти муҳимму ҳидоятҳои созанда

Асосгузори сулҳу ваҳдати мил­лӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар бо таваҷҷуҳ ба “равандҳое, ки дар ҷаҳони муосир идома доранд”, дар хусуси “бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои динию мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, “сиёсати дугона” нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва мо­нанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гар­дидаанд, инчунин, таъсири онҳо ба ҷомеа ва давлати мо” ибрози андеша намуданд. Аз муҳтавои суханронӣ маълум мешавад, ки масъалаҳои мазкур ба сурати куллӣ дар ростои арзишҳои миллӣ матраҳ гардидаанд. Дар ҳақиқат, ба баракату шарофати Истиқлоли давлатӣ, ки дар таърихи муосири тоҷикон рӯйдоди бузурги таърихист, озодӣ ва ҳидоятҳои хи­радмандонаи Пешвои миллат эҳёи арзишҳои миллӣ ба мо муяссар шуд.

Дар ин суханронӣ, махсусан, ба масъалаи зарурати дарки арзишҳои миллӣ дар шароити Истиқлоли давлатӣ ва воқеияти пуртазодди замони муосир диққати ҷиддӣ дода шудааст. Аз ҷумла, таъкид шуда, ки дар замони Истиқлол мардуми тоҷик имкон пайдо намуданд, ки “расму ойинҳои миллӣ ва ҷашнҳои Наврӯ­зу Меҳргон, Тиргону Сада ва идҳои Рамазону Қурбонро ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ эҳё карда, онҳоро бо иштироки озодонаи хурду бузурги мамлакат ва бо ифтихор аз таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик таҷлил намоянд”.

Масъалаи дарки арзишҳои мил­лӣ, бегумон, ба ҳувият ва руҳи миллӣ гиреҳ мехӯрад, ки барои ба умқи ҳарду ҷиҳати фурӯ рафтан бисёр андеша мебояд кард. Барои соҳиб шудан ба мафкурае, ки аз роҳи маърифат мафҳумҳои “арзиш”, “ҳувият”, “миллат”, “арзиши миллӣ”, “ҳувияти миллӣ”-ро ташхис дода тавонад, огоҳӣ аз таърихи халқи тоҷик, забону адабиёт, фарҳанг ва тамаддуни миллати тоҷик амре зару­рист. Набояд фаромӯш кард, ки дар меҳвари огоҳиҳои ҳосилмешуда дар заминаи мафҳумҳои зикргашта нук­таи лозим ноил гардидан ба истиқ­лоли андеша аст. Заминаҳои зарурӣ барои дастёбӣ ба истиқлоли андеша дар кишвари мо фароҳам оварда шудааст, ки аз ҷумлаи онҳо равиши ҳамешагии мутолиаву андеша бар мабнои осори манзуму мансурест, ки дар риштаҳои гуногуни илму дониш аз ҷониби шоирону нависандагон, донишмандон ва мутафаккирони гузаштаи мо офарида шудаанд.

Беҳуда нест, ки бознашр кардан ва ба мардуми кишвар дастрас на­мудани асарҳои бузургони гузаштаи миллати тамаддунофари тоҷикро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳу­рии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи шарофатҳо ва самараҳои Истиқлоли давлатӣ дони­ста, чунин фармудаанд: “Истиқлоли давлатӣ ба мо – миллати тамаддун­сози тоҷик имкон фароҳам овард, ки асарҳои бузургони худро бозна­шр ва ба мардуми кишвар дастрас намоем”.

Дар ҳақиқат, масъалаи эҳёи арзишҳои миллӣ дар замони муосир аҳаммияти бештар касб кардааст. Аз ин ҷост, ки барои ба ин ҳадафи воло расидан аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба сурати кул­лӣ, бо ибтикороти Пешвои миллат, ба таври махсусу ҳамешагӣ, тадби­рҳои зиёде андешида шуда, корҳои некуву судманд ба нафъи ҷомеа ва миллат ба таври амалӣ анҷом дода мешаванд. Чопи сарчашмаҳои гу­ногуни адабию фарҳангӣ, ба мисли нашри осори илмӣ, девону ашъори шоирони бузурги гузаштаю муосир дар доираи тарҳи “Ахтарони адаб”, ки дар панҷоҳ ҷилд нашр мешавад, аз ҷумлаи чунин тадбирҳои муҳимму мондагор ҳастанд. Ҳамаи китобҳои зикршуда бевосита бо дастур ва ҳи­дояту роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва нашр шудаанд.

Тасмими идомаи иқдомоти маз­кур дар суханронӣ таъкид шудааст. Бинобар ин, дар ростои тадбирҳои пураҳаммияти мазкур боз ҳам корҳои зиёдеро амалан анҷом додан мумкин аст, ки барои иҷрои онҳо муҳаққиқони хештаншиноси ба дараҷаи мутахас­сиси коршоям тарбиятдида ниёз аст. Ҷавононро мебояд, ки бо истифода аз шароити мусоиде, ки аз ҷониби давлат ва Ҳукумати кишвар фароҳам оварда шудааст, ба омӯзиш ва касби камол машғул шаванд. Роҳи аз ҳама муҳим ва санҷидашудаи ба ҷодаи норост ва доми фиреб наафтидани ҷавонон хондан ва соҳиби тахассус шудан аст.

Ба поси хотири бузургони та­маддунофар ва арҷ гузоштан дар баробари хизматҳои шахсиятҳои бонуфузи миллати тоҷик дар тули солҳои Истиқлол чунин тадбирҳои маънавибунёд андешида ва дар сатҳи байналмилалӣ баргузор шу­даанд: таҷлили 1310-солагии фа­рзанди фарзонаи миллати тоҷик, асосгузори мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит машҳур ба Имоми Аъзам, Абу­абдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҳаким Абулқо­сим Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Ка­моли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Муҳаммади Хуҷандӣ, Абурайҳони Берунӣ, Муҳаммади Ғаззолӣ, Носи­ри Хусрави Қубодиёнӣ, Мир Саййид Алии Ҳамадонӣ ва дигарон.

Пешвои миллат ба саҳми фарза­ндони фарзонаи миллати тоҷик дар пешрафти мафкураи созанда дар ҷо­меаи ҷаҳонӣ, дар мисоли Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит (Имоми Аъзам), Абуабдуллоҳ Муҳаммад Исмоили Бухорӣ ва шоирони бузургамон аз устод Рӯдакӣ то устод Айнӣ, чаҳор ишораи судманд намудаанд, ки ба онҳо таваҷҷуҳ мебояд кард:

Якум, “…сабаби пайрави зиёд доштани мазҳаби ҳанафӣ (60 фои­зи мусулмонони дунё, яъне беш аз нисфи эътиқодмандони дини ислом) дар ақлгароӣ ва таҳаммулпазирии он буда, ба шароити ҳар давру замон, аз ҷумла замони муосир, мутобиқат дорад ва инсонро ҳамчун беҳтарин мавҷуди офаридаи Илоҳӣ дар мақо­ми бисёр баланд мегузорад”.

Ҳар як фарди худогоҳи тоҷик бояд ҳамчун дастури раҳнамо ба чунин нуктаи муҳим диққат дода, барои пешгирии баъзе ҷавонон аз шомил шудан ба ҳама гуна ҳизбу ҳаракатҳои фалокатовар саҳми шоистаи худро гузорад.

Дуюм, “Абуабдуллоҳ Муҳаммад Исмоили Бухорӣ дар шароити ваз­нини буҳрони “илми ҳадис” аз байни садҳо нафар донандагони маъруфи ҳадисҳои набавӣ ба тоза кардани онҳо камар баста, аз миёни садҳо ҳазор ҳадиси бофта 7 ҳазору 250 ҳадиси саҳеҳро бо коркарди усули илмӣ, мантиқӣ ва таърихӣ ба олами ислом пешниҳод кардааст”.

Дар натиҷа, “илми ҷаҳонӣ ва кулли мусулмонони олам “Ҷомеъ-ус- саҳеҳ”-и Имом Бухориро саҳеҳтарин китоб баъд аз китоби Худо, яъне Қуръони карим медонанд”.

Сеюм, “Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳикмат ва ахлоқи исломиро ба пояҳои бисёр баланди назм бар­дошта, дар сарҳади се тамаддун – исломӣ, юнонӣ ва насронӣ пули ҳамдигарфаҳмию таҳаммул бино намуд ва гуфтугӯи фарҳангу тамад­дунҳоро ба роҳ андохт”.

Чаҳорум, “Тамоми донишмандо­ну бузургони миллати мо, аз қабили устод Абуабдуллоҳи Рӯдакию Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, Носири Хусра­ви Қубодиёнию Абуалӣ ибни Сино, Мавлоно Ҷалолиддини Балхию Шайх Саъдии Шерозӣ, Хоҷа Ҳофизи Шерозию Камоли Хуҷандӣ, Мирзо Абдулқодири Бедилу Аҳмади Дониш ва устод Садриддин Айнӣ тавассути маърифату худшиносӣ дарк кардани муаммои дунёву охиратро талқин мекарданд”.

Воқеан, меросбари чунин шах­сиятҳои оламшумули илмию ахлоқӣ будан мояи ифтихори мардуми Тоҷи­кистон мебошад. Ин ифтихорро Пе­швои миллат, махсусан, ба ҷавонону наврасон лоиқ донистаанд, ки ба маънии ба онҳо алоқаманд будани ояндаи дурахшони кишвар фаҳмида мешавад. Ин маъниро муроҷиати махсуси Сардори давлат ба ҷавонон – соҳибони имрӯзу фардои Тоҷикис­тони соҳибистиқлол низ тақвият ме­бахшад. Дар ин суханон ба ҷавонон ҳифзи истиқлолу озодӣ ба масобаи “беҳтарин неъмат барои миллати озодихоҳи тоҷик”, дӯст доштани ин Ватани биҳиштосо ва чун амонати аҷдодон ҳимоят кардани он, ифтихор аз тоҷик будани худ, барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ омода будан, исботи аз насли ҳазорон фарзонаго­ни далеру шуҷои Ватан, ба монанди Куруши Кабир, Муқаннаъ, Спитамен, Деваштич, Темурмалик, Восеъ будан таъкид шудааст. Итминону эътимоди Пешвои муаззами миллат ба “нангу номус, ақлу заковат, неруи зеҳнию ҷисмонӣ, ҳисси баланди истиқлолу озодихоҳӣ, ватандӯстию ватанпара­стӣ ва шуҷоату ҷавонмардӣ”-и ҳар як ҷавон уҳдадории онҳоро дар назди виҷдони бедор, дӯст доштани мил­лат ва Ватан садчанд мегардонад.

Нуктаи муҳимми дигар, ки во­баста ба талаботи замони нав дар пешорӯи насли ҷавон қарор меги­рад, омӯзиши васеи илму дониш, аз худ кардан ва рушди илмҳои дақиқу риёзӣ, техникаву технологияи навта­рин мебошад. Дар ин замина масъ­алаи тарбияи кадрҳо ҳам таъкид шудааст, то «зиндагии имрӯзамон нисбат ба дирӯз ва фардоямон нис­бат ба имрӯз беҳтар гардад». Ғарази ҷомеъ аз тадбирҳои мазкур баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумамон мебошад.

Ҳамин тавр, бо таваҷҷуҳ ба мурури мухтасар, ки перомуни су­ханронии Пешвои муаззами миллат дар заминаи арзишҳои миллӣ анҷом дода шуд, мо ба чунин натиҷа рас­идем, ки дар сурати ба эътибор ги­рифтани ҳидоятҳои созандаи Асос­гузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­кистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқоти муҳимму созанда, перомуни ҳар як нуктаи баёншуда дар суханрониашон андешидан ва ба хулосаи дуруст омадану дастури кору амал қарор додани онҳо калиди хушбахтӣ, сулҳу амният ва ваҳдату якпорчагӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвари азизамон ба даст хоҳад омад. Агар хоҳем, ки иззату эътибо­ри шаҳрванди соҳибэҳтироми Ҷумҳу­рии Тоҷикистон будан насибамон гардад, бояд сиёсати инсондӯсто­наи иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ карда, ба арзишҳои миллиамон арҷ гузоштанро омӯзем.

Мисбоҳиддини Нарзиқул

Дигар хабарҳо