Рӯзҳои 21-24-уми октябри соли равон дар шаҳри бостонии Хуҷанд даври ниҳоии Машварати ҷумҳуриявии адибони ҷавон баргузор мегардад. Дар ин ҳамоиши бузурги адабӣ ва маърифатӣ роҳбарияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, устодони шинохтаи сухан ва адибони варзида иштирок намуда, эҷодиёти ҷавонони соҳибистеъдодро аз гӯшаҳои гуногуни кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳанд. Дар натиҷа ба беҳтаринҳо барои узвияти Иттифоқи […]Идома...
Пас аз мутолиаи шеърҳои Раҳмат Назрӣ дар чанд шумораи маҷаллаи “Садои Шарқ” ва ҳафтавори “Адабиёт ва санъат”, ба ростӣ, мехостам баъзе шеърҳои хондаамро барои далели намунаи беҳтарин шеъри муосири тоҷикӣ ба пуррагӣ рӯнавис кардаву мисол оварам. Гумон мекунам, замзамаи зерин яке аз беҳтарин тараннумҳои ишқу ошиқист, ки содаву тасвирноку самимона ба қалам омадааст: Обу хокам […]Идома...
Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ устод Раҳмат Назрӣ ба синни мубораки 75 расид. Раҳмат Назрӣ ба майдони адабиёт бо қадамҳои устувор ворид гардида, нақши назарраси худро дар рушду нумуи адабиёти тоҷик гузоштааст. Аз ӯ маҷмуаҳои ашъор бо унвонҳои «Барги сабз» (1977), «Ситораи рӯз» (1982), «Лолаи оташ» (1984), «Сарнавишт» (1988), «Меҳроб» […]Идома...
Ҳар гоҳ сухан аз рӯзҳои аввали истиқлоли давлатӣ меравад, дасти ёд беихтиёр ба ибтидои солҳои навадуми асри гузашта мебарад, ба даврае, ки нооромиҳои дохилӣ ҳар лаҳза шиддат мегирифтанд, садои тиру туфанг, тарсу таҳлукаву сарсониву саргардонии сокинони кишварро бештар мекарданду иттиҳоду сарҷамъии онҳоро аз миён мебурданд. Аксар мардум муҳоҷирати иҷбориро роҳи наҷот медонистанд, гуруснагӣ таҳдид мекарду […]Идома...
Дар ашъори солҳои охири Аскар Ҳаким суннатҳои неки ҷавонмардӣ ва ҳикмати зиндагӣ бо тасвирҳои хосса ба қалам омадаанд, ки аҳаммияти андарзии онҳоро наметавон инкор кард, аз ҷумла дар ин дубайтиҳо: Ба гӯшат нест гар оҳанги фардо, Наёбӣ ҳеҷ амон аз нанги фардо. Гар имрӯзат ба фардо нест ҳамсанг, Туро сар бишканад харсанги фардо. *** Ба […]Идома...
Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Аскар Ҳаким ба синни мубораки 80 расид. Устод Аскар Ҳаким аз зумраи адибони маъруфу маҳбуби мо буда, бо ашъори нағзу пурмағз ва нақду пажуҳишҳои арзишмандаш дар рушди адабиёти муосири тоҷикӣ саҳми чашмрас гузоштааст. Шеърҳои ин шоир, ки дар китобҳои «Раҳнавард», «Тарозуи Офтоб», «Рӯзи умед», «Баргпайванд», […]Идома...
Санаи 5-уми октябр дар Рӯзи забони давлатӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ рӯйдоди фарҳангии хотирмон ба вуқуъ пайваст. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5-и деҳаи Худгифи Соя, ки зодгоҳи Нависандаи халқии Тоҷикистон Мирзо Шукурзода мебошад, расман ба номи ин адиби шинохта гузошта шуд. Дар маросими бошукӯҳи номгузорӣ раиси ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ Хайрулло Бобозода, намояндагони Иттифоқи нависандагони […]Идома...
Муҳтарам Сулаймон Анварӣ! Шумо фаъолияти эҷодии худро аз айёми донишҷӯйӣ дар факултаи забон ва адабиёти тоҷики Институти давлатии педагогии ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) дар жанрҳои мақолаву очерк ва лавҳаву мутоибот дар нашрияи донишҷӯён – “Педагоги ҷавон” ва рӯзномаи “Ҳақиқати Комсомолобод” оғоз кардаед. Баъди хатм (соли 1969) ба ҳайси […]Идома...
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи дигар ибтикороти хушоянд бо таълифи асари мондагори «Забони миллат – ҳастии миллат», ки ба қавли муаллиф, «бо сабки илмию оммавии қобили фаҳми табақоти мухталифи ҷомеа» иншо гардида, «китоби ҷомеи ҳамахон» эълом шудааст, хидмати шоистаи таҳсинеро дар шинохти ҳофизаи таърихӣ ва густариши худогоҳиву худшиносии миллӣ анҷом доданд. Асари мавриди […]Идома...
Ба муносибати Рӯзи Мавлоно Дар миёни ҳазорҳо байти Мавлоно баъзе шеърҳо на танҳо бо зебоии худ, балки бо қиссае, ки гирди онҳо ба вуҷуд омадааст, зиндагӣ мекунанд. Ғазали машҳури «Рав, сар бинеҳ ба болин, танҳо маро раҳо кун, Тарки мани хароби шабгарди мубтало кун» аз ҳамин гуна шеърҳост. Садсолаҳо ин ғазалро ҳамчун сухани вопасини Мавлоно […]Идома...



