Сухан – паёмовари дилҳо ва манзилҳо

 Сухан – паёмовари дилҳо ва манзилҳо

Нашри 5 ҷилдаи тазкираи «Адабиёти муосири давлатҳои ИДМ» дар Тоҷикистон

Соли 2015 бо ташаббус ва даст­гириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президен­ти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иттифоқи нависандагон Маркази тарҷума таъсис ёфт. Ин марказ наздики 10 сол мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо адибони тарҷумон ба тарҷумаи адабиёти тоҷик аз забони тоҷикӣ ба дигар забонҳо машғул аст.

Яке аз ибтикороти охири марказ буд, ки чанде пеш дар Муассисаи нашриявии «Адиб» бо номи «Ада­биёти муосири давлатҳои ИДМ» силсилакитобҳои зер дар шакли тазкира ба чоп расиданд:

«Назми муосири рус», «Насри муосири рус» (ба забони тоҷикӣ), «Поэзия», «Проза» ва «Детская литература» (ба забони русӣ). Дар китобҳо ҳамчунин зиндагиномаву эҷодиёти адибон оварда шуда­аст. Дар таҳияи он саҳми муовини раҳбари Маркази тарҷумаи Итти­фоқи нависандагони Тоҷикистон Абдураҳмон Абдуманнон ҳамчун муҳаррир назаррас мебошад.

Дар тазкираи дузабонаи «На­зми муосири рус» (Современная русская поэзия) тартибдиҳанда шоири рус Максим Амелин бо унво­ни «Назми Россияи нав» сарсухан навиштааст, ки онро Абдураҳмон Абдуманнон ба тоҷикӣ тарҷума намудааст. Дар он, аз ҷумла, ома­дааст:

«Барои ба вуҷуд овардани манзараи то андозае холисона ва васеи шеъри имрӯз, ки тамоюлоти асосии онро ба назар гирифта бошад, ба сифати такягоҳ тартиби ҷоизадорӣ интихоб карда шуд. Дар Россия дар давоми се даҳсолаи охир ҷоизаҳои адабии давлатӣ ва ҷамъиятие амал мекунанд, ки мақомашон дар муҳити адабии умумироссиявӣ бешубҳа баланд аст ва эътирофи байналмилалӣ касб намудаанд: ҷоиза чун натиҷа, яке аз нишонаҳои нисбатан аниқ ва ҷойгоҳи равшани сухан аст.

Дар натиҷа дар саҳифаҳои таз­кира шоироне манзур шудаанд, ки дар сӣ соли охир камаш ду ҷоизаи маъруфи давлатӣ ё ҷамъиятӣ, россиявӣ ё байналмилалӣ гирифта бошанд».

Шеърҳои тазкираро шоирони тоҷик Камол Насрулло, Низом Қо­сим, Зиё Абдулло, Ато Мирхоҷа, Баҳром Раҳмат­зод ва дигарон ба забони тоҷикӣ тарҷума карда­анд. Китоб аз 704 саҳифа иборат мебошад.

Мураттиб ва муаллифи пеш­гуфтори тазкираи дузабонаи «На­сри муосири рус» (Современная русская проза) на­висанда ва публитсисти рус Сергей Шаргунов аст. Пешгуфтори ӯро корманди Маркази тарҷумаи ИНТ Фирдавс Таваров ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст. Дар пешгуфтор муаллиф ба ҳунари нигорандагии нависандагони имрӯзи рус баҳо дода, аз ҷумла, меорад:

«Дар китоби мазкур адибоне ҳастанд, ки авҷи эҷодиёташон ба солҳои ҳафтодум-ҳаштодум рост омада буд ва осорашон на ба таври репроспективӣ, балки басо замонавӣ садо медиҳанд. Ҳамчу­нин дар он адибони наслҳои нав низ ҳастанд, ки он анъанаро идома додаанд».

Дар тарҷумаи пораҳо аз ро­манҳову қиссаҳо, ҳикояҳову но­маҳо адибони тоҷик Низом Қосим, Юнус Юсуфӣ, Равшан Махсумзод, Ҷумъа Қуддус, Сироҷиддин Икро­мӣ, Абдурауф Муродӣ, Сурайё Аҳмадзод ва дигарон заҳмат ка­шидаанд. Тазкира аз 906 саҳифа иборат аст.

Тазкираи «Поэзия» (Назм) шеърҳои шоирони Тоҷикистон, Беларус, Арманистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркма­нистон, Малдова, Озарбойҷон, Украина, Қирғизистонро ба забони русӣ фаро гирифтааст. Ҳамчун пешгуфтор дар китоб суханони Олжас Сулаймонов истифода шудаанд. Аз байни шоирони муо­сири тоҷик шеърҳои Лоиқ Шералӣ, Гулназар Келдӣ, Гулрухсор Сафӣ, Камол Насрулло, Низом Қосим, Муҳаммад Ғоиб, Рустам Ваҳҳобзо­да, Фарзона, Ато Михоҷа ва дига­рон дар тазкира ҷо дода шудаанд. Абдураҳмон Абдуманнон бо номи «Дар бораи назми муосири тоҷик» дар ин мавзуъ иттилои муҳим додааст. Тазкира аз 965 саҳифа иборат мебошад.

Тазкираи «Детская литература» (Адабиёти бачагона) низ фароги­ри эҷодиёти адибони кишварҳои мазкур ба забони русӣ аст. Дар он аз адибони тоҷик, ки барои хурдсо­лон ҳам эҷод кардаанд, тарҷумаи навиштаҳои Бозор Собир, Алӣ Бобоҷон, Ғанӣ Ҷӯразода, Низом Қосим, Раҳмат Назрӣ, Муҳаммад Ғоиб, Латофат Кенҷаева, Азизи Азиз ва ғайра ба забони русӣ гирдоварӣ шудаанд. Бо номи «Адабиёти бачагонаи тоҷик дар даврони истиқлол» пешгуфтори Азим Аминов дар китоб оварда шудааст, ки ба хонандагони русизабон дар ин мавзуъ маълумоти зарурӣ медиҳад. Ин тазкира 926 саҳифаро дар бар мегирад.

Тазкираи «Проза» (Наср) ҳам фарогири тарҷумаи насри нависандагони 11 давлати узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил аст бо пешгуфтори Темур Пӯлодов. Дар он дар бораи нависандагон ва насри муосири тоҷик Абдураҳ­мони Абдуманнон ба ҳаводорони адабиёти русизабон маълумоти пурмуҳтаво додааст. Эҷодиёти на­висандагонамон Ӯрун Кӯҳзод, Со­рбон, Саттор Турсун, Абдулҳамид Самад, Сайф Раҳимзод Афардӣ, Баҳманёр, Юнус Юсуфӣ, Равшан Махсумзод, Сироҷиддин Икромӣ ва дигарон дар ин китоб муарри­фигари насри муосири тоҷиканд. Абдураҳмони Абдуманнон дар ин бахш низ бо номи «Современная таджикская проза» (Насри муосири тоҷик) маълумоти ҷолиб додааст. Тазкира аз 1174 саҳифа иборат мебошад.

— Бори аввал дар замони нав хонандагон метавонанд ба фазои густарда ва рангоранги насри сӣ соли охир таълифшуда ва дар ҳар кишвар баҳои баланд гирифта та­ваҷҷуҳ намоянд, — гуфтааст Темур Пӯлодов. Ва тавре дар ҷойи дигар иброз медорад, — силсилаи нави тазкираҳо аз ҳама дурахшонтарин наср, назм ва адабиёти бачагонаи муосирро, ки дар даврони пасо­шуравӣ офарида шудаанд, пеш­каш мекунад ва имкон мебахшад, донему ҳис кунем, ки адибони ки­шварҳои ҳамсояву ҳамҷавор имрӯз чӣ гуна зиндагӣ доранд ва чӣ тавр нафас мекашанд.

Б. Тоҷиддин

Дигар хабарҳо