• 30.04.2024

Аз ашъори адибони туркман

   Ба муносибати рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон

                                                                      Аҳмад Қурбоннепесов

                   АЙНАК

— Хира шуд, — гуфтӣ, — ду чашмам

Дар раҳи уммеду армон,

То раҳамро бинам, аз шаҳр

Айнакам овар, писарҷон.

 

— Модаро, ҳатман биёрам

Айнаке рахшон чу тилло… —

Гӯяму созам фаромӯш

Байни ташвишҳои дунё.

 

Инак, аз нав бо туям ман,

Ғуссае дигар надорӣ,

Ранҷишатро карда пинҳон,

Ёде аз айнак наорӣ.

 

Ман ҳама ғарқи хиҷолат,

Ту пайи дасторхонӣ,

Ҳар чи меёбӣ, бароям

Рӯи хони худ бимонӣ.

 

Аз таҳи қарси сиёҳат

Мӯи испедат намоён,

Боз мепурсӣ ба ташвиш:

«Хаста бинмоӣ, писарҷон?»

 

Дӯхтӣ тоқӣ бароям

Пас нахуфта то саҳаргоҳ,

Аз азоби чашмҳоят

Чашми сӯзан буд огоҳ.

 

Дар сари ангушт, модар,

Захми неши сӯзанат буд…

Мерасад айнак ба ёдам,

Мехурам афсӯси бесуд.

 

…Мекунем, афсӯс, кам ёд

Аз таманноҳои модар.

Дер меоем бар худ,

Дида холӣ ҷои модар…

 

АЛЛА

Шавад раҳ парниён дар зери поят,

Асал бодо ба комат ҳар ғизоят,

Шавад ин ҳарфи некӯ панди роҳат:

«Фаромӯшат мабодо зодгоҳат!»

 

Биҷунбонам зи ҷон гаҳвораатро,

Чу бахти ҷовидон гаҳвораатро,

Барад то дурҳо тобанда роҳат,

Фаромӯшат мабодо зодгоҳат!

 

Равад овозаат то авҷи гардун,

Шавад бахти туро худ бахт мафтун,

Чароғи роҳ бодо меҳру моҳат,

Фаромӯшат мабодо зодгоҳат!

 

Шавад рӯзеву дилро бар ту дода,

Расад пешат яке, дилро кушода,

Муборак бод ёри чеҳрамоҳат,

Фаромӯшат мабодо зодгоҳат!

 

Ба дунёи саропо панду фандат

Бихоҳам душманони дардмандат,

Бихоҳам дӯстони дардкоҳат,

Фаромӯшат мабодо зодгоҳат!

 

Шавад ишқи дилангезе насибат,

Шавад ёри дилогоҳе ҳабибат,

Ба бар бодо накӯ тифлон пагоҳат,

Фаромӯшат мабодо зодгоҳат!

 

Бароят хоби хуш дорам таманно,

Туӣ дунёи ман дар рӯи дунё,

Мабодо дар ҷаҳон як кинахоҳат,

Фаромӯшат мабодо зодгоҳат!

 

                                                        Баҳоргул Каримова

НИЁЗ

Эй азизон, бамеҳртар бошед,

Ҳар гаҳе ашки ёратон ҷорист,

Дидаашро зи ашк пок кунед,

Бахти волотаре аз инаш нест.

 

Чун бибинед: гаҳ зи дилсардӣ

Мешавад ёратон хазон чун гул,

Ҳамчунон меҳр бар сараш тобед,

Бишкуфад то зи меҳратон чун гул.

 

Ҳар гаҳ аз зиндагӣ дилаш монад,

Хуш бибофед баҳраш афсона,

К-андар он ӯст шамъи тобоне,

Гирди ӯед худ чу парвона.

 

Аз ҳама чини чеҳраи дилдор

Маъние дилфишор бархонед:

Карда дилдори хешро бадбахт,

Худ чи сон некбахт мемонед?

 

ҲАРФИ ХУШ

Шукри Худо, ба зиндагии хоксори ман

Баҳрам тамоми чиз муҳайёст бешу кам,

Беихтиёр лек гаҳе мешавам малӯл

Дар гирдбоди ғуссаву дар гирдбоди ғам.

 

Бовар кунед лек, ба гирдоби ҳузн ҳам

Ҳеҷам хаёли ҳамдами шодифизо набуд,

Муҳтоҷи кас намешавам андар ҳаёт ман,

Муҳтоҷии маро, ки ҷаҳон худ киро набуд.

 

Беихтиёр чун биравам зери мавҷи ғам,

Беихтиёр ҳар нафасе чун шавам ғамин,

Изҳори ҳамғамӣ манамову ғамам махур,

Беҳтар аз ин – бигӯ сухане хубу дилнишин.

 

Беҳтар зи ҳарфи хуш чи бувад андар ин ҷаҳон,

Чизе чу ҳарфи хуш бувад ин гуна бебадал?

Ғамхориам макун туву ҳарфи хуше бигӯ –

Аз дарду ғам маро бираҳон зуду бехалал.

                                                                                Тарҷумаи Низом Қосим

Дигар хабарҳо