• 02.05.2024

Ҷилваи руҳи ниёгон

 Ҷилваи руҳи ниёгон

Барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ

Шахсе, ки ба шаҳрҳои бузурги Шарқ ё Ғарб сафар кардааст ва аҳли маъри­фат аст, пеш аз ҳама ба осори таъри­хии он шаҳрҳо, осорхонаҳо, биноҳои қадим, нақшу нигорҳо, ҳайкалҳову боғҳо, ороиши биноҳо аҳаммият ме­диҳад. Ҳамаи он тоқу равоқҳои зебо ва биноҳою манораҳои ҳайратангез ва осори ҳунарӣ маҳсули тахайюл ва кори ҳунармандону меъморони бузург мебошанд, ки руҳу анъанаҳои халқ дар онҳо таҷассум ёфтааст.

Миллати тоҷик аз давраҳои қадим, аз он вақте, ки ба зиндагии муқимӣ рӯ оварда, шаҳрнишин шудааст, бо осори гаронбаҳои фарҳангӣ, махсусан меъморӣ, наққошӣ, кандакорӣ, саҳҳофӣ саҳми назарраси худро дар тамаддун гузоштааст. Устоҳои чирадаст ба ғайр аз Мовароуннаҳру Хуросон ҳатто дар эъмори биноҳои бузург ва ҳайратанге­зи Ҳиндустон ширкат доштаанд.

Анъанаҳои беҳтарини миллии мардуми тоҷик дар замони соҳиби­стиқлолии кишварамон ривоҷ пайдо карданд ва кохҳову қасрҳо, биноҳои маъмурию истиқоматӣ бо тарҳҳои дилписанд ва наққошиву кандакорӣ ва гачкорию ороишӣ сохта шуданд, ки бинандагони дохилӣ ва хориҷиро дар ҳайрат мегузоранд.

Аз ҷумлаи он меъмороне, ки дар давраи соҳибистиқлолии давлатӣ, бо вуҷуди ҷавонӣ, касби устодони бузургро дар соҳаи меъморӣ идома дода, шуҳрат пайдо кардаанд, Самӣ Азизиён мебошад. Нозукиҳои ҳунари кандакориро аз падараш усто Солии Истаравшанӣ омӯхта, истеъдоди худро сайқал дода, тарҳҳои бузурги биноҳои азимро таҳия намудааст.

Яке аз намунаҳои тарҳҳои меъ­мории ӯ «Кохи Наврӯз» дар шаҳри Душанбе мебошад, ки шахсиятҳои бузурги давлатҳои хориҷӣ аз тамошои толорҳои он, нақшу нигор, кандако­риҳо, ки ҳунармандона ва бо назокату ҷаззобияти хос иҷро гардида, мафтун шудаанд. Бояд қайд кард, ки ӯ лоиҳаи «Кохи Наврӯз»-ро дар 27-солагӣ офа­рида буд, ки далели истеъдоди баланд ва завқи нозуки меъмор мебошад.

Сабки меъмории Самӣ Азизиён аз дигар меъморон фарқи куллӣ дошта, дар лоиҳаҳо ва биноҳои сохташудаи ӯ дониши амиқи таърихи миллӣ ва ҷаҳонӣ, услуби хоси нигоргарӣ ва кан­дакорӣ ҳувайдо гардидааст.

Аз ҷумлаи асарҳои дар солҳои охир офаридаи ӯ «Тахти тоҷикон» мебошад, ки дар Маҷмааи Истиқлол ва Озодии пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе ҷой гирифтааст.

«Тахти тоҷикон» як асари хеле олии меъморӣ ва бадеӣ буда, шаҳомати таърихӣ ва меросбари гузаштагони бузурги миллатамон будани тоҷиконро бо тасвирҳои зебо, образҳо ва рамзҳои басо ҷолиб нишон медиҳад. Дар ин асар анъанаҳои ҳунари амалии анъа­навии халқи тоҷик аз дидгоҳи замони муосир тасвир ёфта, истифодаи эҷод­коронаи ҳунарҳои наққошӣ, кандакорӣ, кошикорӣ, ҳаккокӣ, нигоргарӣ дар сатҳи хеле баланд сурат гирифтааст.

Дар амалӣ намудани ҷузъҳои алоҳидаи лоиҳа ҳунармандони соҳиб­завқ, кандакор Солӣ Азизов, наққош Муҳаммадкарим Рақибов, рассом Далер Миҳтоҷов, сангтарош Ҷамшед Қаҳҳоров, ҳайкалтарош Рустам Маҷи­дов, заргар Ҷамшед Расулов низ заҳмат кашидаанд, ки аз ҳамкории устодони чирадасти соҳаҳои мухталиф гувоҳӣ медиҳад.

Мақсад аз ба вуҷуд овардани асари бузурги таърихию фарҳангии «Тахти тоҷикон», тавре дар қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе, аз 21 январи соли 2022, таҳти № 13, зикр шудааст, ташаккулу тарғиби арзишҳои миллӣ, эҳёи санъати ниёгон, баланд бардош­тани худогоҳӣ ва худшиносӣ, тарғиби санъати миллӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва ба ҷаҳониён ва насли оянда муаррифӣ намудани нигораҳои рамзии истифодашаванда дар маҷмааи «Тах­ти тоҷикон» мебошад.

Як ҷиҳати муҳимми ин маҷмаа он аст, ки комилан аз маводи кишвари ху­дамон сохта шудааст. Сутунҳои тахт аз мармари сафеди ноҳияи Ванҷ, саққоҳо аз лоҷварди Бадахшон, пояи сутунҳо аз хорои сурхи Конибодом, ҳошияҳои поя аз мармарҳои Спитамену Истаравшан оро ёфтаанд.

Муаллифи лоиҳа паннои кандакори­ро бо истифода аз лавҳаҳои таърихии ёдгориҳои боқимонда аз харобаҳои қасрҳои қадима ороиш додааст. Чу­нончи, кандакориҳои давраҳову равоқи тахт аз қасри афшинҳои Усрушана иқтибос шудааст. Ҳарчанд аксҳои кан­дакоришуда хурдтар ва дар шакли ми­ниатюрӣ иҷро гардидаанд, вале симои персонажҳо, либосҳо, аслиҳаи ҷангова­рон равшан ва воқеӣ тасвир шудаанд. Кохи афшинҳо дар охири асри VIII ва ибтидои асри IX аз тарафи арабҳои истилогар комилан хароб карда шуда буд. Баъд аз ҳафриёти бостоншиносӣ порчаҳои боқимондаи нақшҳои он аз тарафи марамматгарони Эрмитажи Русия таҳти роҳбарии донишманди шуравӣ В. М. Соколовский барқарор гардидааст.

Дар ин панно сужаҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ низ равшан акс ёфтаанд, ки муборизаи қувваҳои некиро бар зидди бадӣ нишон медиҳанд. Меъмор ҳам­чунин расмҳоро аз нигораҳои асрҳои IV-VII-и Панҷакенти қадим, Афросиё­би Самарқанд, Варахшаи Бухоро дар назар гирифтааст, ки бо маҳорати ба­ланд кандакорӣ ва наққошӣ шудаанд. Пештоқи пушти тахт ва паҳлуҳои он бо кундал ва расми дарахтону гулҳо ва васоили рассомию илмӣ, манораҳои таърихӣ оро дода шудаанд. Композит­сияи асар хеле мураккаб, ҷолиб ва инъ­икоскунандаи фарҳанги волои тоҷикон буда, меъмор ва иҷрокунандагони ло­иҳа асари нотакрор ва баландарзиши муосирро ба вуҷуд овардаанд.

Курсии шоҳнишини «Таҳти тоҷикон» низ асари таърихӣ, бадеӣ ва шоҳкори эҷодӣ мебошад, ки дар болои он тоҷ гузошта шудааст. Рамзи қудрат, ки дар зери тоҷ зардӯзию ҳаккокӣ шудааст, бо хатҳои нури офтоби шуълавар зинат ёфтааст. Дар рамзи қудрат сангҳои қиматбаҳо, аз ҷумла лаъли Бадахшон, ёқути сурх, алмос, аметист, ақиқи сурх ва зари холис истифода шудаанд, ки натанҳо қимати бадеӣ, балки аз арзиши ниҳоят баланди моддии он дарак ме­диҳад. Ороиши тоҷ низ хеле бадиқққат сурат гирифтааст ва дар он сангҳои қиматбаҳо, ки шоҳони сосонию сомонӣ ва империяҳои баъдӣ дар тоҷ ҳаққокӣ мекарданд, бо назокати хос ва маҳора­ти баланд ҷилвагар шудаанд. Дар тоҷ аз ҷумла алмосҳо, лаъли Бадахшон, ёқути кабуд ва сурх, тиллои зарду са­фед, зумуррад дурахши махсус пайдо кардаанд. Ин сангҳо низ маънои рамзӣ дошта, дар онҳо орзуи хушбахтӣ, ҳифзи оила, неруи кайҳонӣ, хирад, умеду омо­ли соҳибтоҷ ифода меёфтааст.

Дар ин маҷмаа калид низ ҳамчун ҷузъи таърихию бадеӣ эҷод шудааст. Бояд гуфт, ки калидҳои рамзӣ бо тасви­ри нишонаҳои хоси шаҳрҳои бостонӣ ҳангоми таҷлили ҷашнҳои Истаравшан, Кӯлоб, Саразм, Ҳисор, Хуҷанд сохта шуда буданд.

Дар «Таҳти тоҷикон» калиди рам­зии шаҳри Душанбе низ бо истифодаи ёқути сурху зумуррад ва тиллои холис сохта шудааст. Дар сари дастаи он расми шер, ки аз хазинаи Амударё ёфт шуда буд ва ҳамчунин нишони шаҳр тасвир ёфтааст ва ҳар як ҷузъи он до­рои маъною рамзҳои махсус мебошад.

«Таҳти тоҷикон», ки асари фунда­менталии меъморӣ буда, дорои маъ­нои хоси таърихию ифодаи пойдории давлати соҳибистиқлоли тоҷикон мебошад, аз ихтирои меъмории замони Истиқлол, дастоварди бузурги саънати бадеию амалӣ ба ҳисоб меравад.

Самӣ Азизиён бо эҷоди «Тахти тоҷикон» дар баробари офаридани лоиҳаҳои нотакрори меъмории «Кохи Наврӯз», «Чойхонаи Хуррамдара» ва чанде биноҳои дигар дар инкишофи санъати меъмории халқи тоҷик хид­мати хеле арзандаро анҷом додааст. Ин биноҳо воқеан, шоҳкори меъморӣ ба ҳисоб мераванд. Меъмор Самӣ Азизиён бо заҳмати зиёд ва ҳисси амиқи ифтихори миллию таърихӣ ин биноҳоро тарҳрезӣ намудааст. Бино­бар ин, асари мазкур сазовори Ҷоизаи давлатии ба номи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад.

Кароматулло Олимов,

академики Академияи мил­лии илмҳои Тоҷикистон

Дигар хабарҳо