Ба диққати аҳли адаб

Озмуни шеъру ҳикояи хурди беҳтарин дар мавзӯи марзу марзбонӣ, марзбони Ватан ва мақому ҷойгоҳи марзу марзбон дар таърихи ниёгон

Ба таваҷҷуҳи шоирон ва аҳли адаби тоҷик мерасонем, ки Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии ҚС КДАМ ҶТ барои шеър ва ҳикояи хурди беҳтарин озмун эълон менамояд.

Шеърҳо ва ҳикояҳо бояд фарогири мафҳуми рисолату вазифаи муқаддаси марзбон дар ҳифзи сарҳадоти Ватан, мавзӯи марзу марзбонӣ аз таърихи пурифтихори ниёкон, мақом ва ҷойгоҳи марзбони тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, эҳсоси баланди ифтихору худшиносӣ, ватандӯстиву фидокорӣ, садоқату эҳтиром, ҷасорату диловарӣ дар ҳифзи марзу буми кишвар, сулҳу ваҳдат ва ҳама муқаддасоти миллӣ бошанд.

Ашъор аз забони марзбон ба маънои: «Ман марзбони тоҷик, қарзу вазифаи ман дар назди халқу Ватан» садо дода, қисмати дигар бояд дар васфи марзбон, хизмати душвору пурифтихори ӯ ва поси хотири марзбонони шаҳид эҷод шавад.

Озмун моҳи феврали соли 2024 ҷамъбаст мегардад. Барои ғолибон мукофотҳои пулӣ бо маблағҳои зерин муқаррар шудаанд:

Ҷойи якум  — (ду ҷой) 4 (чор) ҳазор сомонӣ.

Ҷойи дуюм  —  (чор ҷой) 3 (се) ҳазор сомонӣ.

Ҷойи сеюм  —  (чор ҷой) 2 (ду) ҳазор сомонӣ.

Дигар хабарҳо