Пайвандгари адаби тоҷику араб

 Пайвандгари адаби тоҷику араб

Дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода ба пешвози 75-солагии адиби тарҷумон Назруллоҳи Назар маҳфили адабию ҳунарӣ доир гашт.

Дар оғоз Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим аз рўз­гору осор ва фаъолияти дипломатии соҳибҷашн сухан карда, иброз дошт, ки нақши ў дар тарҷумаи осори адибонамон ба забони арабӣ назаррас мебошад.

Ровии маҳфил адабиётшинос ва тарҷумон Абдураҳмон Абдуманнон, Шоирони халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафӣ, Камол Насрулло, сафири Арабистон дар Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон, собиқ ходими давлатӣ Эркин Раҳматуллозода, раиси Ҷамъияти дўстии Тоҷикистону Арабистон Субҳиддин Зиёев ва дигарон дар бораи заҳматҳои эҷодиву тарҷу­монӣ ва хидматҳои ҷамъиятии Назруллоҳи Назар ибрози андеша намуданд.

Сурудҳои Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шуравӣ Ҷўрабек Муродов, Ҳунарпешагони халқии Тоҷикистон Хосият Ортиқова, Лола Азизова, Фурқат Саидзода, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Хуршед Иброҳимов, Хурсанд­мурод Зарифов ва ғайра писанди ҳозирин гардиданд.

Дигар хабарҳо