Шодон Ҳаниф.Чашмони оҳу. (Ҳикоя)

Арафаи соли нав буд. Баргигул дар тан хилъати сафед дар гулгашти ҳавлии касал­хонаи шаҳрӣ гардиш мекард. Дар зери пояш хазоне, ки ба тозагӣ рехта буд, хиширрос мезад. Зоғчаву майнаҳо дар шохҳои балан­ди сафедорҳо нишаста, ғуҷур-ғуҷур овоз мебароварданд. Аёси гашти рўзӣ онҳоро якҷоя бо шохсор алвонҷ медод.

— Баргигул Сафаровна! — ин дам аз зи­наи дари касалхона овози духтур баланд шуд. — Бемор ба амали ҷарроҳӣ розӣ. Ҳама маътали шумо.

— Розӣ шуд?! — ба сардухтур Пўлодӣ нигоҳ карда, нобоварона пурсид Баргигул.

— Ҳа, розӣ шуд. Як мухбир ҳам омада нишастааст, дар бораи шумо навиштанӣ, — фаҳмонд Пўлодӣ.

Баргигул баъди шустани дастонаш во­риди хонаи ҷарроҳӣ шуд. Дар рўи мизи ҷар­роҳӣ, духтари хушсурате мехобид. Фақат ду дидаи ў дар зери мижгонҳои дарозаш беҳис ва сокит буданд. Бо фармоиши Баргигул духтаракро мадҳуш карданд. Лаб ва ҷабини ўро бо қарси сафеди ҳарир пўшониданд. Баъди он ки Баргигул атрофи косахонаи чашми беморро бо спирт ва йод тоза кард, ба ҳамшираи тиббӣ — зани миёнасоли ҳа­лимчеҳра рў оварда, омирона гуфт:

— Теғро диҳед!

Амали ҷарроҳӣ сар шуд. Дастони эҳтиёт­корона ҳаракат карда истодаи Баргигул кору амали соатсозеро, ки хурдтарин қисмҳои соатро мураттаб менамояд ва сайёдеро, ки дуртарин сайди худро ба нишон мегирад, ба ёд меовард. Дар зери теғи ў мардумакҳои чашме меистоданд, ки ҳамагӣ шаш сол аз нури офтоб баҳраманд шуда, сенздаҳ соли дигар аз тобиш маҳрум гашта буданд. Фақат як ҳаракати ноҷои Баргигул онҳоро абадӣ хокистар намуда, ба бод медоданд. Мили соат дақиқаҳои зиёдеро тай карда гузашт. Ниҳоят, Баргигул баъди хатми ҷарроҳӣ ва докапеч кардани чашмони бемор аз болои мизи ҷарроҳӣ сар бардошт. Бо ишораи ў беморро ба хонаи оромиш бурданд.

Аз ин миён як ҳафта гузашт. Пагоҳӣ Баргигул ба касалхона омада, хилъати ху­дро пўшиду рост ба палатаи бемор рафт. Духтарак бо чашмони баста ба рўи кат нишаста буд.

— Салом, Қумрӣ! Тандуруст шудӣ, хоҳа­ракам? — бо овози меҳрубонона пурсид Баргигул.

— Баргигул Сафаровна, шумо-мӣ? — ба тарафе, ки овози Баргигул шунида шуд, рў оварда, пурсид духтарак.

— Ҳа, ман, — ҷавоб дод Баргигул.

— Раҳмат, апа. Сиҳат ман. Рўз шудааст?

— Ҳа, қариб чоштгоҳ шуд.

— Ҳамин шаб чашмамро гармӣ набурд, апа…

— Дард кард магар? — бо ташвиш сухани ўро бурида, пурсид Баргигул.

— Не, чӣ шуд, ки хобам наомад. Субҳи­дам ғанабам бурд… Хоб бинам, ки оҳуе аз болои кўҳ дукур-дукур ҷаҳида, ба лаби чашмаи қишлоқи мо фуромада омад. «Оҳ, ин қадар чашмони ту зебо, оҳу» — гуфтам ба вай ва аз чашмони худ ҳасрат кардам.

Баргигул аз ин нақли содалавҳонаи Қумрӣ завқ гирифта, такрор ба такрор пурсид:

— Оҳу чӣ гуфт?

— Вай гуфт, ки: «Чашмони зеборо ба ман нурҳои пагоҳии офтоб, осмони кабуд, гулҳои саҳро бахшиданд».

— Ту чӣ гуфтӣ?

— Ман гуфтам, ки: «Тақдир маро аз ин чизҳо маҳрум кардааст».

— Вай чӣ гуфт?

— Вай гуфт ки: «Бихез, ҳар пагоҳӣ ба офтоб «салом» гўй, вай туро ба муродат мерасонад».

— Ту чӣ гуфтӣ?

— «Хуб» гуфтам.

— Хоби ғалатӣ дидаӣ, Қумрӣ. Ана имрўз чашматро мекушоему офтобро дида, «са­лом» мегўӣ, — беморро тасалло дод духтур. Дар суханони ў оҳанги қатъият ва эътимод садо дод.

Баргигул беморро ба кабинети худ бурд. Ўро рўи диван шинонд ва пардаи гулобиран­ги тирезаро пўшонду ба кушодани докаи чашми Қумрӣ сар кард.

— Чашмонатро боз кун, — баъди кушодани дока ҳалимона гуфт Баргигул.

Қумрӣ чашмонашро боз кард ва бе­тоқатона ба чаҳор тарафи кабинет чашм давонд.

— Чизеро мебинӣ? — бо шитоб пурсид Баргигул.

— Не, апа, чизеро намебинам. Фақат дар пеши чашмонам ким чӣ хел ғубори ҳалқа- ҳалқа биҷиррос мезанад, — ноумедона гуфт Қумрӣ ва баъди каме хомўшӣ бо ҳаяҷон суханашро идома дод: — Ана, ана, ҳалқаҳо калон шуда истодаанд, ана онҳо аз пеши назарам дур мешаванд… Чашмам равшан мешавад, апа…

— Ин аломати беҳбудӣ аст, Қумрӣ. Сабр кун, ҳалқаҳо, ки тамоман ғоиб шуданд, чашмат бино мешавад, — дар ҳолате, ки ҳисси фараҳмандӣ тамоми вуҷудашро фаро гирифта буд, гуфт Баргигул.

Хонаро муддате хомўшӣ фаро гирифт.

— Апа, апаҷон! — якбора дастони худро ба пеш майл дода, аз диван нимхез шуда, хи­тоб кард Қумрӣ. — Шуморо мебинам, шумои меҳрубонро мебинам!

— Нагуфтам, хоҳаракам, чашмат бино мешавад, — ўро оғўш карда, баргашта ба диван шинонд духтур.

— Раҳмат, апаҷон, раҳмат, нури чашмо­нам! Апа!..

— Намеарзад, хоҳаракам. Акнун гўй, ки дар хона боз чиҳоро мебинӣ?

— Ана он машрафаи обро мебинам, соати деворро мебинам, столро, ҳа, боз ҳу ана он китобро мебинам, — як-як бо даст ишорат намуда, гуфт Қумрӣ.

Баргигул аз болои мизи кориаш қаламе­ро гирифта, боз аз Қумрӣ пурсид:

— Дар дасти ман чӣ аст?

Қумрӣ ҳарчанд мижазанон ба вай нигоҳ карда бошад ҳам, вале чизеро фарқ карда натавонист ва оҳи сарде кашида, хомўш монд.

— Ин қалам аст, хоҳаракам. — Ба ҷои ў ҷавоб дод Баргигул. — Чашмат ки қувват гирифт, онро ҳам мебинӣ. Бо ду чашмони бино ба қишлоқатон баргашта, гулҳои ран­горангро мебинӣ, кўҳҳои баланди Ховалинг ва ситорагони осмонро тамошо мекунӣ…

— Худи гуфтаи ҳамон оҳу барин мешу­дааст-дия, апа, — табассуми латиф карда, бесаброна гуфт Қумрӣ.

— Ҳа, худи гуфтаи оҳу барин, — фархун­даҳолона ҷавоб дод духтур ва аз ғаладони столаш айнаки сабзеро гирифта, ба Қумрӣ фаҳмонд: — Акнун то вақти тамоман шифо ёфтанат онро ба чашмонат монда мегар­дӣ. Дилтанг машав. Бе ин намешавад. Вақташ расад, ман худам онро аз чашмат гир мегўям.

Қумрӣ «хуб, апа» гўён айнакро дилу бедилон ба чашмонаш гузошт.

***

Дар долони касалхона пеши роҳи Бар­гигулро мўйсафеди пуррапайкари нуроние гирифт. Шояд дар бадали як ҳафта чизе аз гулўи ў нагузашта буд, ки вай бо лабони хушки парсинбаста ва ҳаяҷоне, ки гулўги­раш карда буд, ба духтур гуфт:

— Илоҳо, ман барин пир шавӣ, гўй, ки Қумрияки ман бино мешавад?

— Шумо падари Қумриед? — ба мўйсафед пайваста нигоҳ карда, пурсид Баргигул.

— Ҳа, ман падари ҳамин духтари сарсахт. Кошки ба ҷои ў ман нобино мешудам.

— Чашмони духтаратон аллакай бино шуд, падар. Хурсанд шавед. Қумрӣ акнун «духтари сарсахт» нест, — бо чеҳраи кушод ба ришсафед хабар дод Баргигул.

— Ба ҳазор даро, духтарам! То дунё бошад, бошӣ! — мўйсафед аз ҳаяҷони зиёд дигар чӣ гуфтанашро надониста, ба Бар­гигул мижазанон нигоҳ карда монд. Ногоҳ ашкҳои шодӣ аз қаъри чашмони камнури ў ҷўшида, берун шуданд. Донаҳои ашк дар пилкҳои дидаҳояш банд нашуда, дафъатан ба гунаҳои пурожангаш таровида фурома­данд. Мўйсафед хост ба таги пои Баргигул афтида, пойҳои ўро бўса кунад. Баргигул аз нияти мўйсафед пай бурда, худро зуд ба ақиб кашид ва аз китфони қоқи мўйсафед бардошта гуфт:

— Хезед, падар, ин чӣ коратон? Охир, ва­зифаи ман ҳамин аст. Барои ҳамин давлат маро хононд, тарбия кард…

— Ба падарат раҳмат, духтарам! Ба давлат ҳам раҳмат, сад ҳазор бор раҳмат! — бо ҳаяҷон ва овози ларзон гуфт мўйса­фед. — Медонӣ, Қумрияки ман то ин вақт тири хато хўрда барин куҷо рафтану куҷо афтиданашро намедонист. Вай чашмаи хушкшудаю ғунчаи ношукуфта буд. О, ак­нун ман аз хурсандӣ гиря накунам, кӣ гиря кунад, духтарам. Кӣ?!

— Қумрӣ чашмони базеб доштааст, бах­таша диҳад, аруси зебо мешавад, — баъди шунидани ин гапҳои риққатбору пурҳаро­рати мўйсафед хушҳолона табассум карда гуфт Баргигул.

— Олами равшанро дид, шукр. Дилам дар ғами Қумрӣ обу адо шуда буд. Чашмонаш бино намешуданд, як умр ман аз ў қарздор будам. Барака ёб, духтарам, илоҳо, то дунё бошад, бошӣ! — боз бо ҳамон шодию миннат­дорӣ дуои хайр дод мўйсафед.

***

Рўзи корӣ ба охир нарасида бошад ҳам, кўчаи шаҳр аз одам пур буд. Ҳама дар ташвишу тараддуди истиқболи соли нав буданд. Соҳибхоназанҳо бо дастовезҳои пур аз нозу неъмат аз магазинҳо баромада, ба хонаҳояшон мешитобиданд. Лоторе­яфурўшҳо ҳарҷо-ҳарҷои кўчаҳои шаҳрро «иҷора» гирифта, роҳгузарҳоро ба харидани билети охирини имсола даъват мекарданд.

Дар майдони васеи рў ба рўи почтаи марказӣ чанд нафар бо ёрии машинаи манорадор арчаи калонтарини шаҳрро шинонда, онро бо арўсаку зочаҳои ранг ба ранг мурассаъ мекарданд. Баргигул баъди хатми кор ба кўчаи калон баромада, беих­тиёр ба соати дастиаш нигоҳ кард. «То вақти аз боғча гирифтани писарам Шоҳин ним соат вақт дорам» дар дил гуфт ў. Вай роҳи почтаи марказиро пеш гирифт ва хост ба шавҳараш Пўлодҷон, ки дар аспирантураи университети Москва мехонд, телеграммаи солинавӣ фиристад. Пеш аз ба почта ворид шудан ў ба Латофат ном ҷавонзане рў ба рў шуд. Палтои гиребонаш қароқулии кабуд ва кулоҳи якшоха мондаи мўинагиаш, ки сохти лонаи лаклакро ба хотир меовард, ба ин ҷавонзан хеле мезебид. «Ин олуфта аз куҷо пайдо шуд? Худо, ки ҷоғаш боз кушода нашавад» фикран гуфт Баргигул.

— Ҳа, оимча, аз кор-мӣ? — баъди салому алейк ҷилва дода, пурсид ҷавонзан. Ў ҷа­воби саволро мунтазир нашуда, суханашро идома дод: -Чӣ шуд ба шумо, дугона? Ин қадар коҳида мондед? Додои Шоҳинҷонро пазмон шудед магар-а?! Ёфтам-мӣ?

— Қариб ёфтед, — чи ҷавоби муносиб до­данашро надониста, гуфт Баргигул.

— Эҳ, ин мардҳои сангдил, эҳ, ин мардҳои худписанд… Онҳо чию гирдоби саҳро чӣ…

Баргигул аз ин ташбеҳи бемавриду бемаънии Латофат ба завқ омада, хандид ва аз ў пурсид:

— Чӣ шуд, ки аз мардҳо ин қадар дилмон­дагию гилагузорӣ доред?

— О, боз чӣ шавад, дугонаҷон. Ҳама дар соли нав қиқиррос зада, ханда карда гарданду ман сўхтаю пухта…

Чашмони Латофат ба гиря моил шу­данд, аммо худдорӣ кард. Вай аз сумкаи калони сафедаш рўймолчаро бароварда, димоғашро муаттар намуд ва бо овозе, ки чириққоси фотимачумчуқро ба хотир мео­вард, давом дод:

— Ба муллопочотон зандорию хонадорӣ зўр омад, партофта рафтанд. Ақаллан то соли нав сабрашон нарасид.

— Нағз нашудааст-ку, — ба Латофат ҳамдардӣ кард Баргигул.

— Ҳа, чӣ илоҷ, дугона. Акнун дарди ди­ламро ба кӣ гўям, ба кӣ диламро кафонда, чорта ҳасрат кунам? Хайрият, шумоя дида мондам. Дилакам ба торс кафидан омода буд…

— Магар дар байнатон ягон дилхунукӣ афтид? — бепарвоёна пурсид Баргигул.

— Дилхунукӣ аз куҷо? Ҳама ба зиндагии мо ҳасад мебурданд. Сангинҷон маро ба кафи дасташ бардошта мегашт, иззат мекард. Фарши хонаро шўй гўям, остин бар зада мешуст, ҷомашўӣ кун гўям, «не» намегуфт. Ба бозор мерафт, кўрпаю би­старҳоро шамол медод ва ҳамин ки дасташ холӣ мешуд, рўи диван паҳлуям нишаста, ба ман аз китоби «Ҳазору як шаб» ва Мопассан ҳикояҳо хонда медод. Намедонам, дуго­наҷон, кадом шайтонча дили ўро ба худ гарм карда монд. Рўзҳои охир бедимоғ мегашт, ҳатто шабҳо аз хона баромада-баромада мерафт.. Кори илмиаш ҳам бесару нўг шуда монд. Маслиҳат додам, ки ба духтур равад. «Не» гуфта натавонисту чанд бор ба назди Икромӣ гуфтанӣ як духтури асаб рафт. Ана гўр ҳамин маслиҳати додагиам шавад, дугонаҷон… Як рўз вай аз назди ҳамон духтури гуфтагиам хотирпарешон омад. Бегоҳ ба як пула гап бо ман гапаш гурехт. Ҳайрон шуда мондам.

Таги гапро фаҳмам, духтур ба вай як дунё саволҳои дар ҳеҷ ҷо набудагиро дода, кори хонадориамонро пурсида гирифтааст. Дар охир вай ба гўши Сангин хондааст, ки: «Агар хоҳӣ, ки тандуруст шуда равӣ, як сол бошад ҳам, ба ягон қишлоқи дурдаст раф­та, зиндагӣ кун». Ана ин духтури бесавода маслиҳаташа бинед-е. Ин духтурҳоя санг­дилиашон кам набуд, ки акнун кори дигар наёфта, дар миёни зану шўй ҷудоӣ андохта мегарданд…

Ин наҳзаниҳои охирини Латофат ба қалби Баргигул нештар барин расида бошад ҳам, ў аз ҷавоби сахт гуфтан худдорӣ кард. Вай баъди каме мулоҳиза нармакак гуфт:

— Духтур Икромӣ маслиҳати хуб додаанд. Аз гапҳои шумо мебарояд, ки ба мулло­почом дар ҳақиқат ягон сол осуда будан зарур аст.

— Э, шумо духтурҳо, ҳамаатон одамони якзабона! — чашмони худро ало карда, бо қаҳр итоб кард Латофат. — Ҳамаи шумоён гўр сўзаду дег ҷўшад гуфта гаштаед. Аз даста­тон дупула кор намеояду ҳавои даҳонатон касро месўзонад…

Ин дам, гўё маътали ин гуфтугў бошад, ки аз карнайи радиои хиёбон овози ха­барнигор баланд шуд. Вай дар репортажи идонаи худ гуфт, ки бо амалиёти ҷарроҳи ҳозиқ Баргигул Сафаровна Орифӣ чашмони Қумрӣ ном духтараки ховалингӣ бино шуд ва ў олами равшанро дид.

Ин гапҳои хабарнигор гўё ба сари Лато­фат як сатил оби сард рехт. Вай дар ҷои худ дириққос ларзида монд. Забонаш лол шуд ва дигар ҳарфе зада натавонист. Баргигул бошад, фараҳмандона репортажи мухбирро гўш мекард. Ин дам ҳаёт ба назари ў аз будаш зиёд ширин ва гуворо менамуд. Су­ханҳои «Раҳмат, апа, нури чашмонам, апа» гуфтани Қумрӣ бо овози мухбир пайваста ба гўши Баргигул ҷарангос мезад. Ў мусоҳиби худро фаромўш карда буд.

— Ҳоло аз падари Қумрӣ шунавед, — гуфт мухбир.

— Ба устодат раҳмат, духтур! Ту ба фарзанди ман бахт додӣ, олам додӣ. Дар арафаи соли нав дили моро кўҳ барин бардоштӣ. Ҳузури фарзандонатро бубинӣ, падарраҳмат!..

Дигар хабарҳо