Гарчи таърихи шеъру адаби форсӣ реша ба асрҳо дорад, вале занони шоир дар ин қаламрав камтар ба чашм мерасанд. Ҳарчанд теъдоди бонувони шоир камтаранд, вале қисмати талху рӯзгори сангин ҳампоя бо онҳо будааст. Робиаи Балхиву Маҳастии Хуҷандӣ, Зебуннисову Тоҳира ва Фурӯғ ҳарчанд дар маҳрумияту азобу ғуссаҳо умр ба сар бурдаанд, аммо дар ҷодаи шеъру ҳунар […]
Ихтисоси «Мероси хаттӣ», ки дар таркиби факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис шудаву аз соли 2013 қабули донишҷӯёнро оғоз кардааст, дар воқеъ самараи Истиқлоли миллии Тоҷикистон мебошад. Дар замони пеш аз Истиқлол дар Тоҷикистон илми «нусхашиносӣ» (кодикология)- ро аз матншиносӣ ҷудо намекарданд, дақиқтар бигӯем, ҳамчун илми алоҳида намешинохтанд ва уфуқи омӯзишу таҳқиқи онро намедонистанд. Маҳз […]Идома...
9-уми августи соли ҷорӣ шоири бузурги Эрон Ҳушанг Ибтиҳоҷи Соя дар синни 95-солагӣ аз олам даргузашт. Соя, бинобар гуфтаҳои мунаққидону пажуҳишгарони шеъри муосири форсии тоҷикӣ, аз тавонотарин ва барҷастатарин шоироне буд, ки мактаби ғазали суннатиро намояндагӣ мекард ва дар таҳаввул ёфтани ин қолаби шеър нақши басо равшан дошт. Дар дигар анвои назм низ тавонмандии ин […]Идома...
Абдухолиқ НАБАВӢ, номзади илми филология Рости гап, дар байни насрнависони тоҷик, ҳатто нависандагони миёнсолу баркамол онҳое ки дар кори эҷодӣ ҷустуҷӯҳояшон мустақим ва аз меъёри осори асил идома дошта бошад, хеле кам ба чашм мерасанд. Аз ин байн, хушбахтона, навиштаҳои Абдулҳамид Самад ҷолиби диққат мебошанд: онҳо аз ибтидо, аз айёме, ки нависанда бо ҳавас қалам […]Идома...
Имрӯз маҷаллаи миллии адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон “Садои Шарқ” ягона муаррифгари насру назм, нақди адабӣ ва фарҳанги муосир аст. Зеро маҳз “Садои Шарқ”, ки нахустин маҷаллаи адабии тоҷик мебошад, дар айёми Соҳибистиқлолии кишвар тавонист хонандаро бо падидаҳои адабӣ ва осори адибони диёр, дастовардҳои илмию адабии Тоҷикистон ошо намояд. Аз ин рӯ, маҷалларо метавон ойинаи барқади […]Идома...
Ба муносибати 85-солагии Худоӣ Шарифзода Арбоби шоистаи илм ва техникаи ҶТ (1997), узви вобастаи АМИТ (2017), барандаи Ҷоизаи адабии Айнӣ (2001), Ҷоизаи адабии Саъдӣ (ҶИЭ, 2014), Ҷо- изаи фарҳангӣ ва ҳунарии “Фирдавсӣ” (ҶИЭ, 2016), Ҷоизаи Китоби баргузидаи устони Хуросон (ҶИЭ, 2018), Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2007), доктори илми филология (1987), профессор (1989) Худоӣ Шарифзода (25.06.1937-29.10. […]Идома...
Рустам ВАҲҲОБЗОДА Вақте дар хусуси адабиёт дар таъмин ва ҳифзи ҳувияти миллӣ сухан меравад, масъала танҳо вобаста ба ҷанбаи мавзуӣ ё ҳудуди мавзуъҳои мушаххаси ба ин масъала маҳдуд намебошад. Балки дар кулл ва ба сурати маҷмуъ худи адабиёт, осори адабии асил дар нафси худ, бо ҳама бофту матоъи суварӣ ва маънавии худ воҳиди ҳувият аст. […]Идома...
Мисбоҳиддини НАРЗИҚУЛ Романи ҷадиди Кароматуллоҳи Мирзо таҳти унвони “Моҷарои зиндагӣ” дар ду шумораи маҷаллаи “Садои Шарқ” (№ 5 ва 6) соли гузашта дастраси хонандагон гардид ва чунонки аз унвонаш бармеояд, дар мавзуи моҷарои зиндагӣ навишта шудааст. Нависанда заминаи асосии ҷустуҷӯҳои бадеии хешро дар ин асар аз доираи васеи муносиботи инсонӣ пайгирӣ карда, муҳити мушаххасеро бо […]Идома...
Ўрун КЎҲЗОД Убайд Раҷаб як одами ҳузарби паҳлавон буд. Паҳлавон ҳам дар қаду қомат, ҳам дар китфу бозу, ҳам дар кори рўзгор ва ҳам дар таҳриру такмилу тасҳеҳ. Вай ба ҳар коре, ки даст мезад, хоҳ побел кардани замину задани шохҳои зиёдатии дарахт, хоҳ куштану пўст кандани гову рондани мошин ва хоҳ таҳрири хабару мақолаву […]Идома...
Соҳиб ТАБАРОВ Адабиёти советии тоҷикро бе номи яке аз саркорони асарҳои бадеӣ барои бачагон Мирсаид Миршакар тасаввур кардан муҳол аст. Ин шоири хушкалом ва эҷодкори моҳири асарҳои бачагона дар байни хонандагони хурдсоли тамоми Иттифоқи Советӣ ном баровардааст. Даҳҳо шеъру достонҳои Мирсаид Миршакар ва махсусан «Қишлоқи тиллоӣ», «Ленин дар Помир», «Мо аз Помир омадем» барин асарҳои […]Идома...