Сайф Раҳимзоди Афардӣ. РУЪЁ. Ҳикоя.

— Таксӣ!

— Таксӣ!

… Намеистанд, мегузаранд. Бори сабуктаре медоштам, ба сари роҳ ме­баромадам; ин ҷо ҳамин тавр аст, так­сиҳо мегузаранду намегиранд. Ё онҳо мефаҳманд, ки дилам боз дар ин боғи сабз андаки дигар будан мехоҳад?!. Ин хараки бечора маро бо ин ҳама халтаҳоям бардошта метавониста бошад, намешиканад? Не, миёнаш бақувват, хам назад… Борам вазнин аст, тамоми бозорро харидаам…

Вой… Санге ба сарам заду болои поям афтид. Себи нимгаз. «Себи ним­газ аз дарахт намеафтад ва ҳам касе себро дар шохи дарахт намегазад. Не, хар одати ним газ-ним газ хўрдани се­бро надорад» — тавба! Суханони бобои марҳумам дар андешаҳои ман мепе­чанд — «нигоҳ намекунам, дўст бошад, меояд, душман бошад… не-е, душман ин номаъқулиро раво намебинад; худӣ бошад, меояд, бегона бошад, ғофил тарафи ман партофтааст шояд аз шарм омада наметавонад» — Худо ҷоят ҷаннат бошад, бобоҷон! — «нигоҳ намекунам, ту нигоҳ кун — чӣ, бачем, не, не, сабр кун… Ҳм..м… бўи хок до­рад! Аз боғи кӣ бошад? Ҳм-мм… Боғи Холаҳмад, Фатҳӣ, не… боғи Ҳофиз! Ягон кўдаке партофтагист. Кўдаке! Не, паи дандони кўдак нест, дандони занак, паи дандони занаки ҷавон! Не, паи дандони духтар аст. Ҳа, Хугара, дандони духтари кӣ? — намедонам. Медонӣ?! Не… «бобоям аз ҷо ме­хезад, саллаи ў дар шохи себ дар мемонад, кушода мешавад.. ва дар хаёли ман печу тоб мехўрад, саъй ме­кунам аз банди он раҳо шавам, охир, ба сари ман касе себ партофт, бояд бубинам, ки чӣ одамест; агар аз шин­сони ман бошад, ба ў салом бигўям, боз гила накунад, ки маро диду худро нодида ангошт, вале сарамро аз печу тобҳои саллаи сафеди бобоям наметавонам раҳо кунам… Ў кушода мешавад; меравад, ба дурҳо меравад, ба дунёи хотираҳои дур; ба пойандози сафеде — ба роҳ табдил меёбад, ба роҳе, ки басо дур асту ман ҳеҷ майли дар он рафтан надорам… оне ки дар сари ин роҳ падид омадаӣ, тўӣ… ба сўи ман меоӣ! Не, не ман ба бобоям номи туро нагуфта будам. Бирав, ки поят дар саллаи бобоям мепечад, меафтӣ, арвоҳаш меранҷад, меафтӣ. Охир, дидӣ, ки бобоям дар паҳлуи ман аст чаро партофтӣ?! Себро аз пеши бобоям мебардорам…

Себе, ки аз он рўзҳои дур ба сари ман расидаӣ, туро бо худ мегирам! (Ягон кас аз тирезаи автобус партоф­тагист… Чӣ фарқ дорад…

Хандаи баландеро мешунавам! Рў ҷониби ханда мегардонам. Майвалӣ!!! Эҳ-а!.. Тўӣ, рақс мекунӣ!.

… Ту мерақсӣ, девона, пеши ман рақс мекунӣ. Хурсандӣ! Медонам, хурсандӣ аз он ки маро дар ин ҷо дидӣ, медонам. Вале чӣ лозим аст ин рақси ту. Охир, ин ҷо деҳаи мо нест. Одамон туро намедонанд, намешино­санд, туро бори аввал мебинанд, ба ту механданд… Барои ман сахту вазнин аст, ки туро дар ин ҳолат мебинам. Не, барои ин не, ки ман аз шиносоӣ бо ту шарм медорам, дар хиҷолатам, не, ҳамин тавр намехоҳам, ки одамон ба ту биханданд. Чаро ин қадар рақс мекунӣ, девона! Ана, бубин, — ту наме­бинӣ, афсўс — бозориён кисаҳояшро мекобанд, худоё, накунад, ки ба кафи ту танга бирезанд. Ту мерақсӣ, аз худ растаӣ, бехудона пой мекўбӣ, даст меафшонӣ, чашмонат сафед меша­ванд, дигар марақс, девона, меафтӣ… Дигар марақс… марақс… марақс! Ту дигар рақс макун, девона…

Механданд ин мардум, писханд мезананд…

«Ҳама ба ту нигоҳ мекунанд, Май­валӣ!» Ҳама ба ў нигоҳ мекунанд, чашмакҳои аз харбуза зарди турхал­таҳои сиёҳи дасти бозориён ба ў дўхта мешаванд. Мардаке, ки се харбузаи вазнин дар оғўш дорад, раъшадор механдад. Харбузаҳо аз хандаи ў беқароранд. Мардак ончунон онҳоро фишурдааст, ки наметавонанд лаб ба ханда бикушоянд; яке бо азобе аз оғўши танги мард раҳо шуду худро ба замин андохт. Сар ба замин заду даҳон боз кард сахту беовоз хандид; ғел мезаду механдид, ғел мезаду механдид… Саропо даҳани пурханда шуду пеши Майвалӣ истод, бўи хуши харбузаи ширин ўро бехуду аз худ бехабартар кард…

— Ба ў бахшидам, — гуфт соҳиби харбуза.

«Майвалӣ, ҷўраи ман, ту ин харбу­заро нагир!»

Майвалӣ харбузаро аз замин бар­дошт, калавид, даҳонашро ба даҳони ширини харбуза бурд, аз лаби он газид…

Бўи харбуза сарамро ба чарх ме­орад. Чарх мезанад, чарх мезанад, намедонам кай ором мегирад… чашм мекушоям…

«Боз туро мебинам… паси шишаи тиреза истодаӣ».

…Паси шишаи шаффофи тиреза истода буд ва кўдакашро сина медод, тилими нимгази харбуза дар даст дошт ва ба роҳи пургард нигоҳ ме­кард. Маро дид… Қафо мегардам… Дер шуд, маро дид, шинохт; тилими харбуза аз дасташ афтид, пистона­шро аз даҳони кўдакаш канд, кўдака­шро ба дасти модар дод. Аз тирезаи чашмтанги хонаи баланду фарсудаи лоин худро ба поин андохт. Кўдакаш дар дасти хушдомани пираш ғирев бардошт, дастҳои хурдакакашро сўи ў дароз намуд… Ў пеши ман меомад, пойлучу гиребонкушода буд, ончу­нон васеъе, ки пистони пуршир аз он бе монеа берун шуда метавонад. Пероҳанаш ғиҷим буд. Бўи шир, бўи кўдак, бўи модар, бўи харбуза дошт. Зери лаб «салом» гуфт, аз саломаш бўи харбуза меомад. Хам шуду пи­сарамро ба оғўш гирифт… «Ин кист, ота?» — гуфт писарам… Эҳ, кўдакҳо, кўдакҳо…

… Чаро пеши тиреза меистӣ? Чаро аз тиреза пеши ман омадӣ, дигар роҳе набуд?.. Имрўз ҳам онрўза барин чун ашки чашме аз девори хотираҳои дуру баланд, шорида омадӣ! Ё дар рақси ў падид омадӣ, дар рақси ў, ки рў ба рўи ман бехудона пой мекўбад, чашмонаш сафед мешаванд, шаҳди харбуза ба сару рўяш мерезад… Аз куҷо омадӣ, Саъба?! Ё аз даҳони ширини харбуза дар омадӣ. Ё аз бўи харбуза, аз даҳони ў дар омадӣ? Ёди ширин. Себи нимгазро ту ба сарам афкандӣ… Дер омадӣ, дер омадӣ, эй ёди ширин… Аз ў хафа нашав, аз оне, ки пеши ман рақс мекунад, ў гуноҳе надорад… Охир, ў девона аст. Бубин, ҳанўз ҳам осори тифлӣ аз ў нараф­тааст… Ором бигир, Майвалӣ! Ором бигир, дигар марақс, харбузаро ба замин мон, меафтӣ, меғелӣ, мемурӣ.

Ман миёни ҳар ончи буд, ҳамаро дар паси ин девор, девори фаромўшӣ фурў чида будам, гумон доштам, мустаҳкаму газанднопа­зир аст, вале аз тиреза фаромўш карда будам, аз тирезае, ки пушти девори баланди хонаатон буд, ту ба ин девори баланди ман рахнае задӣ, тирезаи тангу нимпўши хонаатон ин ҷо аз куҷо пайдо шуд, чаро пеши тиреза мешинӣ, чаро ба кўча нигоҳ мекунӣ, ба роҳи пурхоке, ки маро гуселонида будӣ… чаро баромадӣ. Саъба… Акнун ин чашми танги девори фаромўшӣ ҳар куҷо маро таъқиб мекунад… Ҳар замон ту чу ашке софу дурахшон аз ин чашми нимпўши ёдҳои дар рўи девори андо­варехтаву шўразадаи фаромўшӣ ба дили ман мешорӣ, ба дили пуроташи ман мешорӣ, ба дили пуроташи ман мешорӣ… Дилам нарм аст, оҳани тафта барин, метарсам, ки зери ин бори гарони ёдҳо каланд барин паҳну сўрох нашавад. Ё ҳамин беҳтар аст: ба ҷои он калиди дастшикаста ба ту тақдим мекунам; бубахш, ки ҳазли беҷо кардам, заминҳое, ки як вақте бо ҳам каланд мезадем, нарм мекунӣ, бу­бахш маро барои ин шўхии беҷоям… Каландамро он вақт гум карда будам, айби падарат, онро дигар наёфтам, каланд чӣ гуноҳ дошт… Каланд баҳо­наи хубе буд…

Каланд сари даст сари заҳбур меоӣ, мебинам… мебинам, ки каланд сари даст лаби заҳбур меояд…

— Метарсам.

— Натарс… «Биё» гуфта наметаво­нам, овозам меларзад, ким-чие дар гулўям дар мемонад, овозам пасту хираву дупўста мешавад. Аз овозам шарм медорам.

Ў каландро аз лаби заҳбур поин мепартояд. Ман каландро бо ҳазор эҳтиёт медорам. Мехоҳам дастаи онро аз даст нагирам, оҳани тафсона­шро дар рўям бимонам. Ҷои дасти ўро дар дастаи каланд мекобам, меёбам? Суфтаву борик аст, тавба, онро ба синаам пахш кардам! Чаро?!

Ў ба лаби об мефурояд, реги тафсон пешопеши мўзаҳои ў поин мешорад, пичирросзанон даруни оби сард мерезад. Ман метарсам, мела­рзам, таб дорам, оҳани каланд барин тафсидаам.

Каландро даруни об мемонам. Фашшос мезанад, гўё деги тафсони модарамро ба об андохта бошам. Ҳавре аз рўи об боло меравад…

— Метарсам, — мегўяд ў.

— Аз чӣ?

— Намедонам.

— Натарс.

Мўзаҳои гардолуди ў паҳлуи мў­заҳои тари ман меларзиданд. Ў ак­нун дар паҳлуи ман буд ва талвоса мекард. Ў метарсид. Ҳаросон ба атроф, ба боло, ба бораи заҳбур чашм меандохт. Меларзид. Сафедорони паҳлуи ў меларзиданд. Ў метарсид. Мехоҳам гарди заминро аз абруво­наш, аз нўги мижгонаш бардорам, чанги докаи сафедашро афшонам, мехоҳам лабамро ба қавоқҳои ў, ки чанги сафед доранд, бирасонам, вале метарсам: чашмони ў донаҳои дар оташ афтодаи шафтолу барин месўхтанд, медурахшиданд, ваҳман­гез барқ мепошиданд. Ба онҳо нигоҳ мекардам ва оташ мегирифтам. Лабо­нам мехушкиданд, ҳалқам қоқ мешуд, дастонам шохаҳои буридаи тут барин беҳаракат буданд… Хам шудам, то аз заҳбур панҷае об бигирам, ба рўи тафсидаам бипошам…

— Не, не! Ҳоло не, — пичиррос зад ў.

— Ман об мегирам. «Ў шунид ё не?»

— Наменўшам, ба рўям мепошам. — «Ў шунидааст, пас овозам мебарояд» — Рўям тасф дорад.

— Ку бубинам!

Рўямро ҷониби ў мегардонам, вале ба ў наздик буда наметавонам. Нигоҳҳоямон ба ҳамдигар мепечанд, мечаспанд, месўзанд, дуд мебаро­ранд. Ман дар ин дуди тунди нигоҳҳо нафасгардон мешавам, чашмонам об мегиранд, хира мешаванд. Ман онҳо­ро мебандам, мепўшам ва лабамро ба ў мебарам… Панҷаҳои гирову тафсо­ни офтоб аз гарданам маҳкам қабза мекунад, месўзонад, хафа мекунад. Дар қабзаи гирои офтоб метапам, ҷон меканам, беҳуш мешавам…

— Ҳе бар падарат лаънат, сағе­радор! — мегуфт офтоб ва нохунҳои сўзонашро ба гардану гулўям мехаст, мехалонд. Мехоҳам пурсам, ки чаро офтоб маро дашном медиҳад, вале наметавонам, мехоҳам ба ў нигоҳ ку­нам, наметавонам ангуштони тафсо­нашро ба чашми ман мехалонад…

— Чӣ кор мекунӣ, мекушӣ сағераи мардумра,- мешунавам овози зани Аҳтамро. — Як одами калон, наход ба гапи девона бовар кунӣ!

Кадом одам, киро мекушад?! Ба гапи кадом девона… Чашм меку­шоям… Девона рақс мекард. Ҳама мардуми саҳро гирди девонаро, гирди маро гирифта буданд. Чаро?! Ў нест!

… бикашед, бубаредаш, падар­лаъната сангсораш мекунем…

… ором буд, каландаш сари шона мерафт, аз ҷўяк ба биязор мегашт, лаби заҳбур баромад, гуфтам ка­ландашро дар оби заҳбур тар меку­над, дастаи каландаш хушкида буд, муҳраш меғеҷиду мераҳид…

… мардум, бача тарбият кардан осон нест…

… о синфи ҳашта нав тамом кардӣ, ҳолӣ барои ин корҳо барвақт нест?…

… агар ҳамин девона намедида­шон, худо ку нишон надиҳад, кори намешудагӣ мешуд.

… ин бача бесай аст, майдум, бачаҳотона намонед, ки беяҳа ме­шаванд.

… ҳай китоб мехонад, бача доно аст, ина нафъи хондан!… ҳе илм бар­дорате…

… каманута бигируш, дар ҷигару­тай, бумануш, пэденелет, худут зануш бутэ, мегуптай…

… аз дасти ин сағера на ҷар монду на ғор, «пари нест», хок нест!…

… замонаш бошад, ки сангсораш кунем…

… чашмоша бубинен, чашмоша бубинен…

… писардорон, писарҳотона раҳ бигирен…

… духтардорон ҳам духтарҳошона нигаҳ бидоранд…

… даматро намегирӣ, аҳмақ…

…акаи биргат, наҳси ҳаминҳо ба пахта мезанад, вагарна пахта чӣ гуноҳ дошт, ҷола бар сараш бирезад, наҳс мехезонанд, инҳо…

… газидӣ, нахўрдӣ, хўрдӣ, намур­дӣ, мурдӣ, нахўрдӣ, хўрдӣ, намурдӣ.

… Худо бигирад, девона, ҳамаро ҷанг андохтӣ, дидӣ, мемурдӣ зунук мегирифтӣ…

… Ҳай ҷона…

… сар деҳ дасти духтари марду­ма…

… Майвалӣ, рақс накун, рақс накун, рақс накун, девона… Рақс мекарду механдид ва мегуфт: «ту ўро нахур­дӣ, ту ўро хўрдӣ, ту ўро газидӣ, ту ўро нагазидӣ!… Ҳай ҷоне!»

Падари ту хомўш буд. Ғазабаш дар пушти лабҳои ба ҳам часпидааш буд, онро фурў нишондан мехост, вале ғазаб сар намефуровард, гоҳе ҷона­шро тела дода мебаровард, гоҳе ҷоғи поинашро. Не, ман аз ў натарсидам… Ман шарм медорам, арақ мекунам, аз ту шарм медорам, аз мардум, аз ҳама зиёдтар аз бобои ришсафедам, ки мебинам ба имдоди ман пирона медавад. Ў ҳоло намедонад, ки чӣ рўй дода ва ў ба фаҳмидан ҳоло фурсат надорад, бояд маро аввал аз замин бардорад, сару танамро даст- даст карда бубинад, пас «душмани ҷони маро» беҷон кунад, эмони ўро бо душманони дин бигиронад» — ўро бозпурсӣ кунад, ки чӣ шуду чӣ воқеа рўй дод… Замин санг барин аст, ман ки рўзи дароз ба сари ў каланд меза­нам, медонам — ба ғайри бомба дигар на дуо онро кафонда метавонаду на илтимос, ба умеди кафидани замин наистода мегурезам… мегурезам, ки саволи бобоямро нашунавам ва ҳам ҷавоби мардумро…

— Э бе имон, куҷо рафтӣ, саллата гўсола хўрд!

Ба гурехтани ман ҳоҷат намемо­над, ин овози бибиям аст. Бобоям боз саллаи худро дар шохи себ фаромўш кардааст, гўсола бошад, аз мех раҳо хўрда ба гумони барги карам ба фаши саллаи бобоям дарафтодааст… Гўсо­ла медавад, мардум акнун аз думболи ў медаванд, хайрият! То оне, ки онҳо гўсоларо медоранд, саларо, агар чи­зеро аз ў бимонад, аз даҳони ў раҳо мекунанд, ман меравам. Ман дигар парво надорам, ки мардум чӣ мегўянд, ман дигар дар ин деҳа буда наметаво­нам. Вале дилам ба бобоям месўзад, ў бе ман чӣ кор мекунад! Момаам ўро мехўрад… Ҳама гўсоларо ба миёна гирифтаанд. Гўсола медавад, аз тарсу ҳарос дод мегўяд «Ман нафаҳмидам, ки ин саллаи бобо аст, вагарна ҳаргиз ба он даҳан намезадам, чӣ кор кунам, бигўед, ки чӣ кор кунам, ба дандонам дар мондааст, онро раҳо карда на­метавонам, ба худо, наметавонам. Касе ба доди ў намерасад… Саллаи суфи сафеди бобоям ҳамаро печонда мегирад, ҳамаро — ҳам мардумро, ҳам гўсоларо, ҳам бобояму ҳам бибиямро; ў бо пои худ дигар ҷое рафта намета­вонад. Ҳама аз назари ман нопадид мешаванд… ба ҷуз девона.

Девона механдиду рақс мекард…

…Девона рақс мекард, шираву шаҳди харбуза ба сару рўяш мерехт…

Биист, девона, ором бигир, Май­валӣ! Аз рақси ту сари ман ба чарх меояд. Биист, ки аз ту бипурсам, кай омадӣ? Аз куҷо омадӣ! Бо кӣ омадӣ, чаро аз ту бўи алафи тар меояд? Ё чун солҳои пешин тобистон рўи алафҳои сабзу зери осмони кабуд ва зимистон миёни бедаҳои хушки коҳдон шаб мегузаронӣ. Ҳоло ҳам ҷомаи сиёҳатро аз тан накашидаӣ. Майвалӣ, биист, ором бигир. Майвалӣ, биист — ба ту гўям, ки ту ҳамонеӣ, ки будӣ, фақат ришат сафед шудааст: ман гумон доштам мўи девонаҳо сафед наме­шавад; биист, бубин, ки сари ман ҳам сафед аст, не, сари ман сафед нест, ин гарди хокистари сарди гулхани мурдаи хотираҳои наврасист, ки гоҳе вақти танҳоӣ дур аз назари кўдаконам онро такурў мекунам то лахчае аз он берун бикунам… Майвалӣ, биист, бишунав чӣ мегўям, мегўям, ки ту каме гиря кунӣ! Ман ҳоло ҳам гиря карда наметавонам, як бори дигар ба ҷои ман гиря кун… Ором бигир, Майвалӣ рақс макун…

Ё телпакатро аз сарат бигирам, ё ба гарданат об бирезам.

Ту аз ҳарду ин чиз мегиристиву ман хомўш мемондам, гўш ба овози ту медодам ва дилам оҳиста-оҳиста нарм мешуд, гўё ман мегиристам, ту ба ҷои мо мегиристӣ…

Биист, Майвалӣ, ором бигир! Ме­хоҳам ба ту бигўям, ки ман аз дидани ту бениҳоят шодам. Охир, бубин, дар миёни ин ҳама харбузаҳои зарду тарбузҳои сиёҳ, дар миёни ҷинсиву миниву сумкаву мудҳо банохост бо ту дучор омадам, яку якбора тамоми талхиву ширинӣ, ғаму шодӣ, тамоми дунёи бачагиам пеши ман хандида рақс мекунад…

Девона рақс мекунад, девонагӣ ме­кунад. Ман ўро ба ифоқа меорам. Ў рў ба рўи ман истод, Майвалӣ, девонаи деҳаамон донашўрак мехўрду зери лаб механдид.

— Чӣ хелӣ?!

— Бад, нағз. Намефаҳмам дина бад будам, имрўз хубам, ту чӣ хелӣ?

— Мешавад, раҳмат.

— Ин ҷоҳо мегардӣ, аз куҷо баро­мадӣ?

— Тамошо омадам. Семоҳа отпуск доштам, Душанбе тамошо омадам, пулам тамом шуд, ҳамин ҷоҳо мегар­дам, ки ягон шиносро бубинаму як ду сўм бигираму хона равам.

— Ҳа-а. Хайр, дигар… корҳо чӣ хел…

— Мешавад, семоҳа отпуск ги­рифтам. Душанбе тамошо омадам, як бозор омадам, ки ягон шиносеро мебинаму як-ду сўм мегирам. Хона рафтан даркор.

Ў ба ман нигоҳ мекунад. Ман дар чашмони ў барқеро аз шуълаҳои дури гулхани хонаи бесоҳиби пеши хирман мебинам, ки ҳамроҳ меафрўхтем. Ў ҳанўз ҳам дар оташи он гарм мешавад: ман дур рафтаам, басо дурам. Бисту панҷ сола роҳ аст…

— Зиндагиат чӣ хел?

— Нағз. Семоҳа отпуск дорам. Ду­шанбе тамошо омадам, пулам тамом шуд, бозор омадам, ки шиносеро бубинаму пул бигирам, хона рафтан даркор…

Ман дар киса пул на­дорам, Майвалиҷон! Чӣ тавр ба ў инро фаҳмо­нам?! Агар гўям, бовар намекунад. Ягон илоҷе бояд биёбам. Ў музтарибона ба атроф нигоҳ мекунад. Мардуми тамошогар хушбахтона парокандаву ба кори худ овора буданд. Харбузаи кафидаро ў миёни пояш монда буд ва бо миён­бандаш сари кафидаи онро мебаст…

— Ту ҳоло куҷо рафтаниӣ, ин ҷо чанд лаҳзае буда метавонӣ?

— Не, хона рафтан даркор. Семоҳа отпуск доштам, Душанбе тамошо ома­дам, дар бозор мегардам, ки шиносеро бубинаму як ду сўм бигирам, хона рафтан даркор…

Ман ба ў гуфта наметавонам, ки ин ҷо аз як рафиқам барои ў пул мегирам. Шояд ў имрўз дар ҷои кораш набошад, дурўғгўй мешавам.

— Ман ҳозир меоям…- мегўям ба ў ва шитобон аз назди ў меравам. Кош рафиқам имрўз дар кораш бошад!

— Эҳ! Ту, ягон вақт деҳаи мо миёӣ! — мешунавам овози ўро аз пушти худ ва медавам…

Ман медавам ва пешопеши ман мани дигаре, наврасии ман медавад… ман шитоб дорам, ки барои Майвалӣ пул пайдо кунам — боз гумон накунад, ки ман ба ў девонагии ўро набахши­даам, ман мехоҳам ўро ба деҳаи ў ба мардуми деҳаи азизаш баргардонам ва ҳамчунин наврасии худро, дили худро бо ў ба деҳаи худ баргардонам: ў, наврасии ман медавад, то садои таркиши динамит ва фурў ғалтидани бинои куҳнаи идораи колхозро нашу­навад — дар ин бино чанд соли охир кино нишон медоданд. Вале садои даҳшатноки таркиш ба ў расид, то хеле ўро дунболагирӣ кард. Хуб шуд, кори хубе кард, дигар одамон то хеле ҷои ҷамъшавӣ на­меёбанд ва ўро… таҳқир намеку­нанд, гапи онҳоро намезананд?… Ў мехоҳад тамоми он ҷойҳоеро, ки одамон метаво­нанд гирд биёянд, битарконад, фурў ғалтонад, ба за­мин яксон гардо­над, то ҳангоми тамошои филм вақти дидани бўсаву канорги­рии мадҳушонаи марду зане дар танҳоӣ гўянд, ки «бубинед! Буби­нед! Ин духтари фалонӣ бо писари фалонианд, ана ўро хобонд, ана бо­лояш мебарояд, ана… ана…», ё ома­дани марди дигареро назди он ҳарду бубинанду натавонанд бигўянд, ки «ин девонаи Майвалӣ аст. Ў ҳозир онҳоро мебинад, ана дид, ҳозир дод мегўяд — хўрдӣ, нахўрдӣ, газидӣ, нагазидӣ!»

Маро аз деҳа наронданд. Не, аз дастам нагирифтанду ба роҳи калон набароварданд ва нагуселондандам. Бобоям ҳам аз баҳрам нагузашт, момаи пирам ду рўз дуои бадам карду пас хомўш шуд. Вале на ба кино омада метавонистам, на ба кўча баромада. Маро бештар ғами мактаб гирифта буд. Чӣ тавр ману ў ба мак­таб меравем, ба синф медароем, ба муаллимонамон нигоҳ мекунем. Соли нави таҳсил ба мактаби деҳаи ҳамсоя рафтам. Шунидам, ки кўдакон дар ҳоҷатхона, дар пушти девори магазин, талабагони синфҳои миёна ба рўи партаҳо номи ману ўро навиштаанд: муаллим чӣ кор карда метавонист, ба ҷуз ин ки баъди дарс мудири хоҷагии мактабро даъват кунаду номҳои ному­бораки моро тарошида партояд — пар­таро сўзондан мумкин нест, навашро ёфтан лозим мешавад, ранг кардан ҳам мумкин нест, зимистон аст ва ба зудӣ хушк намешавад.

Мактабу магазинро тарконда на­мешавад, деҳаро ку тамоман, мани наврас, мани ранҷида медавад, аз деҳа мегурезад: ман, мани миёнсол, мани сарсафед ба сўи магазин ме­давам, то аз рафиқам пул бигираму кўдакии худро, мани навраси беақли гунаҳкорро бо девонаи деҳа ба деҳа бифиристам. Ман медавам, то мани саркаши безор, беақли гунаҳкор би­расам, ўро дар сина пахш кунам, ба ифоқа биёрам, бо девонаи деҳа ўро ба деҳа бифиристам…

…Ман медавам… то ў ва ўро бибахшоям, ниёиш ва сипосгузорӣ бикунам…

…Мадав, мадав! Кўдакии ман, ман хастаам, ба ту расида наметавонам… Мадав…

Рафиқамро ёфтам, пул пайдо кардам.

Шитобон ба бозор пас мегардам…

— Майвалӣ! Майвалӣ!

— Мардум! Майвалиро надидед?

— Майвалӣ кист? Кадом Майвалӣ?

— Ў девонае, ки ин ҷо пеши шумо рақс мекард.

— Ў девона Майвалӣ ном дорад, дар Қарабоғ мешинад, писари Ҳамроҳ аст, ў рафт…

Сад афсўс, ки рафт: афсўс, ки ман дигар ба ту расида наметавонам, кўда­кии ман, наврасии ман, мани дигар…

Чашм ба пиракии асалфурўш медўзам, ўро ғанаб бурдааст, кўдакон ба косаи асали ў лелак мезананд, мелесанд, ба гумонам, ин асал бўсаи дуздӣ барин ширин аст…

— Таксӣ!…

— Таксӣ!…

Дигар хабарҳо