• 30.04.2024

Мероси арзишманд

 Мероси арзишманд

– Қалъаи Хуҷанд яке аз калонтарин қалъаҳои дорои таърихи дерина ба ҳисоб рафта, қисми боқимондаи он дар маркази шаҳри имрӯзаи Хуҷанд, дар соҳили чапи Сирдарё ҷой гирифтааст. Ин қалъа дар асрҳои ҳафтуми пеш аз мелод бунёд гардида, то асри нуздаҳум вуҷуд дошт. Дар натиҷаи хафриёти бостоншиносӣ аз Қалъаи Хуҷанд бозёфтҳои нодири давраҳои пурифтихори таърихи халқи тоҷик – Ҳахоманишиён, Селевкиён, Юнону Бохтар, Ҳайтолиён, Сомониён ва монанди инҳо ба даст омадаанд, – ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Қалъаи Хуҷанд иброз доштанд.

– Имрӯз ҳар фарди ҷомеа, махсусан наврасону ҷавононро зарур аст, ки аз таърихи бостониву пурифтихори халқи тоҷик ва мероси гаронбаҳои моддиву маънавии гузаштагон, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ огоҳ бошанд ва бо он ифтихор намоянд, – таъкид намуданд Пешвои миллат.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки истиқлолу озодӣ барои мо имконият фароҳам овард, ки барои эҳё намудану муаррифӣ кардани таърихи бою рангини миллати бостониамон иқдоми шоистаро амалӣ намоем, анъанаҳои неки аҷдодиро идома дода, ба аҳли башар исбот созем, ки миллати тамаддунсозу сохибфарханг, шаҳрдору шаҳрсоз, соҳибдевону соҳибқалам, соҳибкитобу соҳибмаърифат ва созандаву бунёдкор ҳастем.

– Мо арзишҳои деринаи таърихӣ, суннату анъанаҳо ва расму ойинҳои неки миллиамонро эњё карда, онҳоро ба хотири баланд бардоштани худогоњиву худшиносии мардуми куҳанбунёдамон рушд дода истодаем. Мояи ифтихор аст, ки танҳо соли 2023 мо тавонистем 12 иншооти таърихиву фарҳангии тоҷиконро ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид созем, – гуфтанд Ҷаноби Олӣ.

Ҳамчунин ёдовар шуданд, ки дар машварати ҷамъбастии лоиҳаи «Дастгирии ёдгориҳои Шоҳроҳи абрешим», ки соли 2019 доир гардида буд, 6 ёдгории таърихиву фарҳангии вилояти Суғд, аз ҷумла Қалъаи Хуҷанд барои силсилаҷоизаи «Ёдгориҳои Осиёи Марказӣ дар Шоҳроҳи абрешим: гузаргоҳи Фарғона – Сирдарё» ба Феҳристи пешакии мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО номнавис гардид. Навсозии Маҷмааи фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд», ки ифтитоҳ ёфт, идомаи ташаббусҳои фарҳангпарваронаи Ҳукумати мамлакат мебошад.

Дигар хабарҳо