• 30.04.2024

Суруди дӯстии тоҷику туркман

     Ба муносибати Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон                                                             

                                                           Толиби Луқмон

         Суруди дӯстии тоҷику туркман

Аз баҳори дӯстӣ боғи Ватан гул мекунад,

Чеҳраҳои дӯстон ҳамчун чаман гул мекунад.

Гулшани меҳру вафо аз файзи фарҳангу ҳунар

Дар дили тоҷику қалби туркман гул мекунад.

 

Тоҷикистон дилрабову гулфишонтар мешавад,

Бо ҳузури дӯстон сабзу муаттар мешавад.

Халқи меҳмонпарвари тоҷик бо ихлосу меҳр

Шодмон аз мақдами халқи бародар мешавад.

 

Мешавад манзури мо фарҳанги халқи туркман,

Дилнавозӣ мекунад оҳанги халқи туркман.

Накҳати ашъори шодиовари Махдумқулӣ

Мерасад аз кишвари хушранги халқи туркман.

 

Аз баҳори дӯстӣ боғи Ватан гул мекунад,

Меҳр дар дил сабз мегардад, сухан гул мекунад.

Дар Душанбе мешавад густарда хони дӯстӣ,

Ҳар тараф фарҳанги халқи туркман гул мекунад.

 

                                      Ато Мирхоҷа

Ишқободу Душанбе,

Шаҳрҳои маърифатдеҳ.

Бо Душанбе Ишқобод

Шаҳрҳои ишқбунёд.

 

Арзу тулу хоку оби мо яке бошад,

Зодгоҳи оби ноби мо яке бошад.

Дӯстиву Сулҳу Ободию Озодӣ! –

Бар ҳама олам хитоби мо яке бошад.

 

Ишқободу Душанбе,

Шаҳрҳои маърифатдеҳ.

Бо Душанбе Ишқобод

Шаҳрҳои ишқбунёд.

 

Тоҷикону туркманҳо ҳамнавоянд,

Ҳамдиланду ҳамнишину ҳамсароянд.

Бо сафою меҳрубонию муҳаббат

Нури чашми халқҳои Осиёянд.

 

Ишқободу Душанбе,

Шаҳрҳои маърифатдеҳ.

Бо Душанбе Ишқобод

Шаҳрҳои ишқбунёд.

 

Зистан бо дӯстӣ бошад шиори мо,

Шодию ғамро ба ҳам дидан – қарори мо.

Мисли кӯҳу даштҳои беканори мо

Сӯи ҳам боз аст оғӯшу канори мо!

 

Ишқободу Душанбе,

Шаҳрҳои маърифатдеҳ.

Бо Душанбе Ишқобод

Шаҳрҳои ишқбунёд.

 

                                                    Рустам Ваҳҳобзода

               Тоҷику Туркман

Бо ҳам бародаранд тоҷику туркман,

Ҳамрою ёваранд тоҷику туркман.

 

Гар Осиё садаф бошад ба баҳри даҳр,

Дар он ду гавҳаранд тоҷику туркман.

 

Бигзашта аз ҳазор садди баланди чарх,

Аз аҳд нагзаранд тоҷику туркман.

 

Дар Чорҷӯйу Марв, дар Вахшу Хутталон

Бо ҳам ба сар баранд тоҷику туркман.

 

Оини муштарак, таърихи муштарак,

Фарзанди Ховаранд тоҷику туркман.

 

То соҳили Хазар ҳамфикру ҳамназар,

Ҳақҷӯю ҳақбаранд тоҷику туркман.

 

Дар марзҳои хеш доранд поси сулҳ,

Яксар диловаранд тоҷику туркман.

 

Ду қалбу як нидо, ду чашму як нигоҳ,

Хуршедпарваранд тоҷику туркман.

 

                    Душанбеву Ишқобод

Ба як аҳду ба як паймон Душанбе ҳасту Ишқобод,

Ду дил пайванди як шарён Душанбе ҳасту Ишқобод.

 

Ба Марви Шоҳгону Хусрави Парвиз менозанд,

Ки дар таърих ҳамбунён Душанбе ҳасту Ишқобод.

 

Суруди дӯстии якдигар такрор мехонанд,

Ба лаҳни Борбад ҳамхон Душанбе ҳасту Ишқобод.

 

Ду ҳамойин, ду ҳамбовар, ду босардору босарвар,

Ки ҳар мушкил кунанд осон Душанбе ҳасту Ишқобод.

 

Замини сулҳпайвандон, диёри орзумандон,

Макони ҳиммату эҳсон Душанбе ҳасту Ишқобод.

 

Ду шаҳру қалби ду кишвар, ду маҳди зинати Ховар,

Бародаршаҳри ҷовидон Душанбе ҳасту Ишқобод

Дигар хабарҳо