Номаи табрикии ИНТ ба Давлатхоҷа Назиров

 Номаи табрикии ИНТ ба Давлатхоҷа Назиров

Муҳтарам Давлатхоҷа Назиров!

Шумо баъди хатми мактаби миёнаи ба номи Калинини ноҳияи Фархор (1956) ва факултаи биологияи Университети давла­тии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1961) ба ҳайси омўзгори мактаби миёнаи №1-и ҳамин ноҳия фаъолияти меҳнатии хешро оғоз бахшида, баъдан ба сифати котиби якуми Кумитаи комсомоли ноҳия (1962-1963) ва корманди Кумитаи бехатарии давлатии Тоҷикистон онро идома додед. Бо рутбаи полковник ба нафақа баромада, соли 2001 ба дарёфти рутбаи баланди генерал-майори Неруҳои низомии ИҶШС шарафёб гардидед.

Ба ҳайси ваколатдори Раёсати корҳои дини Шурои Вазирони ИҶСШ дар вилояти Кўлоб, ёвари раиси Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист, ёвари Сарвазир, мушовири ва­зири иқтисод (1998-2000), муовини аввали раиси Бунёди сулҳи Тоҷикистон (2002-2003), сармуҳаррири рўзномаи «Щит» (2003-2009), мутахассиси пешбари Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ (2003-2004, 2009-2010), мудири кафедраи фанҳои ҷа­мъиятии мактаби олии КДАМ (2014-2015), муаллими кафедраи фалсафаи АИ Ҷумҳу­рии Тоҷикистон (2015-2016) ифои вазифа намудаед.

Бо пажуҳишу корбарӣ дар риштаи фал­сафа ба дарёфти унвони баланди доктори илмҳои фалсафа (2010) шарафёб гардида, бо қарори Академияи табиатшиносии Фе­дератсияи Русия аз 3 ноябри соли 2023 ба мақоми узви вобастаи ин ниҳод дар бахши “Илмҳои фалсафа” интихоб гардидед.

Аз соли 1990 ба навиштани очерк иштиғол варзида, як силсила очеркҳои Шумо бо номҳои «Азоби гўр», «Уламо», «Туҳмат ба миллатгароӣ» дар ҳафтаномаҳои «Адабиёт ва санъат» ва «Тоҷикистон» чоп шудаанд. Маҷмуаи ҳикояҳо, повестҳо ва очеркҳои Шумо ба забонҳои тоҷикию русӣ зери унво­ни «Искатели приключений» («Деваштич», 2007), «Наркобароны» («Шуҷоиён», 2010, 2019), «Наврузшох Мухаммадин ветеран войны и труда из Муминабада» («Шарқи озод», 2017), «Сайидамр Фигони и его по­томки» («Шуҷоиён», 2010), «Фархор — твои люди» («Адиб», 2012, «Шарқи озод», 2019), «Воспоминания, размышления, наблюде­ния» («Ирфон», 2012), «Противостояние» («ЭР-граф», 2014), «На страже Родины» («Шарқи озод», 2017), «Дагестан – страна гор и горцев» («Шарқи озод», 2018), «В плену у моджахедов» («Шарқи озод», 2018), «Фарход Махкамов – потомственный чекист и дипло­мат» («Шарқи озод», 2018), «Бакбергенов, чекист, дипломат, человек долга» («Илм», 2018), «Громкое преступление» («Илм», 2018), «Прерванная связь с резидентом восстановлена» («Шарки озод», 2019) ва ғайра ба дасти хонанда расидаанд.

Фаъолияти густардаи Шумо бо унвони фахрии Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2010), Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷи­кистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (2013), иф­тихорномаҳо ва нишонҳои гуногуни касбию давлатӣ қадр гардидааст.

Ҳампешаи гиромӣ, фарорасии 85-умин баҳори умрро сидқан табрик гуфта, ба Шумо тани сиҳат, табъи болидаю хотири осуда таманно дорем.

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Дигар хабарҳо