Соҳиби табъи латиф

 Соҳиби табъи латиф

11 март дар Иттифоқи нависандагон ба муносибати 90-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Шодон Ҳаниф маҳфили ёдбуд баргузор гардид. Гардонандаи маҳфил муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа дар оғоз гуфт, ки Шодон Ҳаниф адиби сермаҳсул буда, аз худ асарҳои зиёд ба мерос гузоштааст. Наздики 100 очерки ба нашр расониданаш аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар ин жанр низ маҳорати баланд дошт. Инчунин бо романҳояш дар байни ҳаводорони адабиёт маҳбуб гардидаву соҳиби ҷоизаҳо шудааст. Вақте расида, ки куллиёти осорашро чоп кунем.

Корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷўрабой Раҷабов, ки осорномаи Шодон Ҳанифро ба чоп омода намудааст, дар бораи рўзгор ва осори ў маъруза пешниҳод кард. Зикр гардид, ки Шодон Ҳаниф бо маҷмуаҳои ҳикояҳои «Майна» ва «Алмос», очеркҳои «Дидор», «Кўҳ ба кўҳ мерасад», повесту романҳои «Оҳугузар», «Дар суроғи модар», «Дар паноҳи Ҳиндукуш» ва ғайра барои хонанда ошно буда, аз худ беш аз 20 китобу маҷмуаи осор боқӣ гузоштааст.

Тавре гуфта шуд, ин нависандаи пуркор бо асарҳои худ ҳам дар замони Иттиҳоди Шуравӣ ва ҳам дар замони соҳибистиқлолии кишварамон мавқеи хос дошт.

Нависандаи халқии Тоҷикистон Ўрун Кўҳзод дар суханронии худ пешниҳод намуд, ки бояд навиштаҳои чопнагаштаи адиб нашр шаванд. Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад ва адабиётшинос Абдураҳмони Абдуманнон ҳам дар бораи Шодон Ҳаниф хотираҳои ҷолиб нақл карданд.

Ровии шинохтаи Телевизиони «Тоҷикистон» Моҳсафари Яҳёзод сабти видеоии барномаи оид ба Шодон Ҳаниф таҳиякардаашро манзури иштирокдорони маҳфил намуда, суханҳои судманд гуфт. Як гурўҳ хонандагони мактаби № 81-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки ба номи Шодон Ҳаниф аст, аз эҷодиёти ў порчаҳои ҷолиб оварданд.

Дар охир пайвандону наздикони нависанда барои хотири ўро пос доштан ба адибон миннатдорӣ намуданд.

Дигар хабарҳо