Дар яке аз дараҳои биҳиштии водии Зарафшон, ки Ҳафткӯлаш ҳафт ранг дорад ва ҳафт кӯҳаш ҳафт оҳанг (чун оби кӯл гулҳои соҳилро мунъакис намудаву дар кӯҳҳо андалебу кабк хунёгарӣ мекунанд) як шаби пурситораи моҳи Асад муъҷизаи муъҷазаке рух дод. Шаби софу салқин ва ороми кӯҳистон нисбат ба шаби пурғубору пурмағали шаҳр хушгувор бошад ҳам, нависандаеро, […]
Ваҳ, чӣ сон дилошӯб аст суруди Шивоҷӣ, ҳофизи номдори Ҳиндустон! Замзамаи оби чашмасорон ва ғулғулаи раъду барқ, амвоҷи баҳри тӯфонӣ ва чаҳчаҳи булбул – ҳама дар нағмаи ӯст. Аз Лоҳур то Бомбай, аз Мултон то Калкутта овозаи муғаннӣ ва достонсарои беҳамто, ҳамчун овози худаш, ҳангоме ки дар ҷашнҳо ва маросимҳо месарояд, танинандоз аст. Ҳар кас […]Идома...
Гоҳ-гоҳе ба ёдам мерасид, баҳри аёдат мерафтам. Дар ҳақиқат аввалин будан душвориҳои зиёдро пеш меовардааст, гўён аз дил мегузарондам. Вале солҳо паси сар шуданду ин занги телефонро интизор мегаштам. Инак, он садо дод. Таъкид карданд, ки пагоҳ дўстатонро гирифта баред… Азбас қаду қоматашро медонистам, шиму костюм, куртаву галстук, пайпоқу туфлӣ харида, рафтам ба истиқболи ў… […]Идома...
Дарвозаи мӯйсафед кушода шуда, ба саҳни ҳавлӣ боз ҳамон марди тирарӯйи чашмони хокистариаш танг ва бурути маллааш ба ду тараф овезон, ки вақтҳои охир ба ин ҷо хеле кам меомад, оҳиста қадам монда, ба чор тараф назар давонд. Модасаг ӯро зуд шинохт ва дандон сафед карда, як ғурриду ҷаста, ба по хест. Вале ҳамин дам […]Идома...
Таркише, ки аз ваҳму талвосаи нобаҳангом дар қафаси синаи мӯйсафед рух дод, гӯё ҳамон заминларзаи фоҷиабори Қаратоғ буд, ки бо даҳшати тасаввурнопазир дар як лаҳза ҳама буду набудро ба коми замин фурӯ бурда, дар оғӯши садҳо ман хоки сард олами торикистону бедард эҷод кард. Ва мӯйсафед, баъд аз зеру забар гардидани ҳама буду набуд бо […]Идома...
Худованд ба инсон ҳаёт додааст, то ки дар ҳамин умри начандон дароз хушбахтона зиндагӣ бикунад. Хушбахтӣ чист? Ҳаёти осудаю ширин дар ҳалқаи фарзандону набераҳою хешовандон, ҳамсояҳо ва ҳамдиёрон ва илму ҳунар омўхтану хидмат кардан ба халқу диёри хеш. Ҳамин ҳаёти хушбахтона дар байни мардуми кўҳистон бо риояи расму оинҳои миллӣ ва эҳтироми самимонаи ин арзишҳо […]Идома...
Ба муносибати 90-солагии адиби шодравон Ғанӣ ҶӮРАЗОДА РАХСЕБ Китоби дина ба хондан сар кардаамро акнун ба даст гирифта будам, ки ба хона Абдулло даромад. – Китобхонӣ ба дилат назад, Қобил? – гуфт Абдулло. – Не, – гуфтам, – ин китоби бисёр шавқовар будааст. Шин, ҳамроҳ хонем. – Э, мон китобхониатро, – гуфт Абдулло, – ҳозир […]Идома...
«ҲАМИН КОФИСТ» Ба бинои куҳнаи Иттифоқи нависандагон, ки то ҳанӯз дар паси иморати Парлумони Тоҷикистон барқарор аст, наздик омадаму дар пеши дар устод Мирзо Турсунзода ва устод Мирсаид Миршакарро дидам. Он вақт дар идораи маҷаллаи «Садои Шарқ» кор мекардам ва ҷойи кори мо дар Иттифоқи нависандагон воқеъ буд. Илоҷи қафо гаштан, ки набуд, «бахт аст […]Идома...
ПИСАРОНИ «ЗУМРАД» Солҳои вазнин буд. Дар осоишгоҳи «Зумрад» истироҳат мекардем. Дар назди ошхона ҳар рӯз чанд писарак ҳар гуна майда-чуйдаи барои истироҳаткунандагон зарур паҳн карда менишастанд. Мо аз онҳо гоҳо чизе мехаридем. Як бегоҳ ман дору харида берун мебаромадам, ки овози ҳамсарамро шунида бозистодам – Насим бо фурӯшандаҳои хурдсол саргарми суҳбат буд: – Азизакони ман, […]Идома...
Борон мебориду меборид. Қатраҳои он ба шишаи тиреза зада, садои ширине мебаровард. Форамии он ба гӯши Акбаршоҳ расид магар, ки ӯ аз хоб бедор шуд. Лаҳзае ба садои борон гӯш дода буд, ки гулдуроси раъду барқ хонаро як равшан карду боз торикӣ ҳукумфармо гашт. Акбаршоҳ даст ба тугмаи чароғак бурда, онро зер кард ва хона […]Идома...



