ШАРҚШИНОСИ АСИЛ

 ШАРҚШИНОСИ АСИЛ

Чанде пеш аз бойгониям дастхати бисёр муҳим ва нодиреро пайдо намудам, ки он як тақризи Брагинский Иосиф Самойлович роҷеъ ба рисолаи номзадиям «Анварӣ ва ғазалиёти ӯ» буд. Вақте ки онро ба идораи «Адабиёт ва санъат» бурдам, масъулин маводи номбурдаро таҳти унвони «Ду ишораи Брагинский» («АС», 9 июни соли 2022) ба табъ расониданд.

И. Брагинский шарқшинос, доктори илми филология, профессор, аъзо-корреспонденти АФ Тоҷикистон, Ходими хизматнишондодаи илм, барандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1974), дорандаи Ордени «Ситораи Сурх», медалу грамотаҳои фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва амсоли инҳо буд. Мавсуф дар бораи таърихи адабиёти тоҷик, фолклор, проблемаҳои илми шарқшиносӣ, эҷодиёти устод Рӯдакӣ, ҳаким Фирдавсию Абуалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Низомии Ганҷавӣ, Саъдию Ҳофизи Шерозӣ, Фахриддини Гургонӣ, Умари Хайём, Ҷалолиддини Балхӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ тадқиқотҳое ба анҷом расонидааст, ки онҳо имрӯз ҳам мақому манзалати худро аз даст надодаанд.

Тадқиқоти илмии Брагинский Иосиф Самойлович баробари устод С. Айнӣ барои зарба задан ба дигар навъи нигилизми таърихӣ, ки тибқи он баъзеҳо адабиёти асрҳои миёнаро комилан адабиёти феодалӣ медонистанд, нақши лозим бозид (Энсиклопедияи «Адабиёт ва санъати тоҷик», ҷилди 1, с.299). Алабтта, мо гуфта наметавонем, ки тамоми мақолаву рисола ва асарҳои устод дар як сатҳ навишта шудаанд.

Амри табиист, ки фикри кас бо мурури замон тағйир меёбад, баъзе ақидаҳои носозгорро пайравӣ мекунад. Ман дар арафаи ҳимояам биме доштам аз устод И. Брагинский, зеро як вақтҳо Анвариро шоири реаксионӣ, дарборӣ хонда, ӯро сарзаниш ҳам карда буд. Вале бо мурури замон фаҳмид, ки Анварӣ кӣ будаасту чӣ хидматҳое кардааст. Чи навъе ки аз манбаъҳо маълум мегардад, И. Брагинский зиндагии хоксоронае дошта, дар як хонаи дуҳуҷрагӣ зиндагӣ мекардааст. Ҳамсараш Дриккер Ханна Натановна баробари шавҳараш дар деҳоти Тоҷикистон кор кардааст. Тарзи зиндагонӣ, зиддиятҳои фикрӣ, муносибати ғамхорона ба шогирдон, таънаи баъзе ҳамкорон нисбат ба олим ва амсоли инҳо дар китоби ниҳоят судманд ва пурарзиши устоди зиндаёдам профессор Р.Ҳодизода «Худоё, худро бишносам» (Душанбе, 2006, 369 саҳифа) инъикос ёфтааст, ки лозим донистам баъзеи онҳоро ба таври бозгӯ биёварам. Умуман, китоби номбурда тасвири воқеаҳои таърихии илму маданият ва симоҳои шинохтаи адабиёт, илм ва фарҳанги тоҷикро дар бар гирифтааст. Хонанда дар ин китоби хотирмон роҷеъ ба табақаҳои гуногуни ҷомеа, яъне косибон, ҳунармандон, олимон, нависандагон, ҳофизон, нат

тоқон, композиторон ва амсоли инҳо маълумоти ниҳоят муфидеро пайдо карда метавонад. Ҳаёти худи устодам (Р.Ҳодизода – А.С.) пастию баландиҳо дошт, лаҳзаҳои талх ва мушкили зиндагиро аз сар гузаронидааст. Вале, бо вуҷуди ин, руҳафтода нашуда менавишт, эҷод мекард ва шикояте ҳам надошт. Ҳамон рӯзҳо ба азму ирода ва шикастнопазирии руҳи устод қоил шуда будам. Боре аз устод пурсидам:

– Ҳоло бисёр чизҳои ногуфта ҳаст ва оё давоми хотираҳоро менависед?

Ҷавоб дод:

– Ҳоло ба навиштани китобе машғулам ва агар умр вафо кунад, анҷомашро фикр мекунам.

Р. Ҳодизода иброз медорад, И. Брагинский дар Маскав, дар кӯчаи Садово-Кудринская, дар ошёнаи панҷум бо чор фарзанду ҳамсараш зиндагӣ мекард. Дар он хона гӯшаеро бо девори фанерӣ кабинет сохта, ба кори эҷодӣ машғул мешуд ва ҷойи хобаш ҳам ҳамон ҷо будааст. Вақте ки Р.Ҳодизода ду боби корашро ба И.Брагинский ҷиҳати хондан месупорад, дере нагузашта мулоқоти ҳарду сурат мегирад. «– Хуб, Расули азиз, ман ҳис мекунам, ки мехоҳед дар бораи коратон фикри худро гӯям. Он чи навиштаед, хуб аст, хеле хуб намегӯям, ҳарчанд хеле хуб бошад ҳам. Дар бораи тазкираи Возеҳ ҳар кас ҳар чи навиштааст, ба ман маълум аст, аммо маълумоти муфассалро дар бораи адабиёти асри XIX танҳо аз кори шумо пайдо кардан мумкин аст.

Сипас И.Брагинский дар бораи адабиётшиносӣ ва мавзуъҳои дигар муфассал ва бо талаффузи ба худ хос гап зад:

– Чунонки хоҳед дид, дар матн ҳошияҳо, эроду тасҳеҳоти ман кам аст. Гумон накунед, ки ман сарсарӣ хондам. Коратон таҳрир не, тасҳеҳ талаб мекунад. Шумо, ки як нафар олими ҷавони ғайрирус ҳастеду ба ҳамин дараҷа навиштед, табрик бояд ва ба баъзе ноҷӯриҳои забон набояд хӯрдагирӣ кард.»

Бубинед, муомилаи хуб руҳи шогирдро чӣ қадар боло мебардорад, илҳом мебахшад. Р.Ҳодизода баъди аз хонаи И.Брагинский баромадан аз хурсандӣ натанҳо ба куртаи худ, балки дар кӯчаҳо намеғунҷид. Аз «Расули азиз» гуфтани И.Брагинский Р.Ҳодизода эҳсос мекунад, ки ӯ барои устод натанҳо як аспиранти шогирд, балки шахси ба дил наздик ҳам будааст.

Шояд таъсири И.Брагинский буд, ки Р.Ҳодизода низ баъзеи ин хислатҳоро дошт. Мулоқоти мо ҳам дар бораи рисолаи илмиям баъзан дар хонаи эшон сурат мегирифт. Ман, ки ҳанӯз ҷавони 24-25-сола будам, шарм медоштам, ҷуръат намекардам, ки фикрҳоямро озод баён кунам, зеро дар назди бузургворе чун Р.Ҳодизода менишастам.

Маълум аст, ки Ханна Натановна ҳамеша мададгор ва мушовири шавҳар буд. И.Брагинский низ бо вуҷуди серкориву гирифториҳои зиёд нисбат ба ҳамсару фарзандонаш ғамхор буд. Вале фарзандон натанҳо кори падарро идома надоданд, балки дар посдории ёди падар фурӯгузорӣ карданд. Бойгонии И.Брагинский ва китобхонаи ӯ, ки як пораи таърихи тоҷикон номидан мумкин аст, куҷо шуд, маълум нест.

***

Бояд гуфт, ки устод Айнӣ барин адибу донишманди бузург нисбат ба И.Брагинский боварӣ ва эҳтироме дошт, ки онро аз нақли зерини Р.Ҳодизода фаҳмидан мумкин аст.

–Мебинам, ки ба Маскав рафтанатон бефоида набудааст. Ду моҳи боқимонда барои таълиф кофӣ бошад ҳам, лекин тараддудҳои ҳимоя вақти иловагӣ тақозо мекунад… Агар зарурат бошад, бо Брагинский машварат кунед, чӣ маслиҳат медиҳад… тирамоҳ маҷлиси Академия мешавад, Брагинский ҳам меояд. Ба чӣ хулоса меояд, ба ман гӯед, аз рӯйи ҳамон кор мекунем.

Гуфтан мумкин аст, ки фикру ақидаҳои Брагинский дар назди устод Айнӣ барин бузургвор мақому манзалате доштааст. Ҳамзамон, Брагинский устод Айниро дӯст медошту парастиш мекард. Китоби аввалини нисбатан комилро дар бораи устод Айнӣ соли 1948 Брагинский навишта буд.

Р.Ҳодизода дар китоби хеш боз як далели аҷиберо меорад, ки аз аҳаммият холӣ нест. Гап аз хусуси ҳаёт ва фаъолияти С.Липкин ном тарҷумони боистеъдоде меравад. Маълум, ки солҳои панҷоҳуми асри гузашта тарҷумаи русии осори классикони адабиёти форсу тоҷик асосан аз рӯйи тарҷумаҳои таҳтуллафзии мутахассисони адабиёти форсӣ ба қолаби шеъри русӣ дароварда мешуд. С.Липкин бо чунин тарзи тарҷума маҳдуд нашуда, аз И.Брагинский хоҳиш мекунад, ки ба ӯ дарси забони форсӣ диҳад, ки дар натиҷа вай ин забонро дар сатҳи хондану фаҳмидани осори манзум аз худ кард. Ҳамин тариқ,С.Липкин дар тафовут аз тарҷумонҳои дигар табиати шеъри форсӣ-тоҷикиро дарк карда метавонист. Вале аввали солҳои ҳаштодум дар натиҷаи тавтиа ва туҳматҳо С.Липкин ва чанде дигаронро аз сафи Иттифоқи нависадагон хориҷ мекунанд…

Фаъолияти меҳнатии Брагинский гуногунҷанба мебошад. Маълум ки баъди хатми Институти шарқшиносии ба номи Нариманови шаҳри Маскав (1931) ӯро ҳамчун узви ҳизби коммунист ҷиҳати ёрӣ барои сохтмони сотсиолистии деҳот ба Тоҷикистон фиристоданд. Номбурда фаъолияти кориашро дар яке аз совхозҳои навташкили ноҳияи Данғара ба ҳайси роҳбари сиёсӣ оғоз намуд. Аз ҳамон солҳо (1933) тақдири И. Брагинский бо сарзамини тоҷикон, бо адабиёту маданияти мардуми тоҷик пайваст шуд. Аз солҳои 1940 то 1952 дар мақомоти гуногуни ҳизбию давлатӣ кор кардааст. Аз соли 1952 ходими калони илмии Институти шарқшиносии АФ СССР таъйин гардид. Мақолаи аввалини олим таҳти унвони «Ленин дар рӯзномаи «Правда» (23 марти соли 1924) чоп шудааст. Аз солҳои 30-юми асри гузашта ба пажуҳиши адабиёти тоҷик ва фолклори он машғул шуд. Дар рисолаву тадқиқотҳои минбаъдаи хеш, ки масоили таъриху маданияти адабиёти Шарқ, Ренесанси Шарқ, омезиши анъанаҳои адабии Шарқу Ғарб ва амсоли инҳоро дар бар мегирад, саҳми муаллиф ҳамчун як муҳаққиқи гуногунҷанба ба назар мерасад.

Ба хотирам меояд, солҳои 70-уми қарни гузашта дар толори АФ РСС Тоҷикистон ҷамъомади калоне бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии И.Брагинский баргузор шуда буд. Вақте ки ба олим сухани хотимавӣ доданд, ӯ муҳимтарин асарҳояшро дар бағал гирифта, иброз дошт, ки ман ин ҳафтгонаро (китобҳояшро дар назар дошт) бисёр дӯст медорам ва онҳо, ба фикрам, дар таърихи илму фарҳанги тоҷик ҷойгоҳи худро ёфтаанд.

Лозим ба ёдоварист, ки асарҳои тадқиқотии И.Брагинский натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар Осиёи Миёна ва берун аз Иттиҳоди Шуравӣ низ маълуму машҳур гашта буд. Ӯ, ки забонҳои хориҷиро ба хубӣ медонист, дар ҳалли масоили мубрами бамиёномада аз маъхазу сарчашмаҳо мисолҳоро бо тарҷумаи русияш баён месохт. Ӯ тавонистааст ҳар як масъалаи ба миён омадаро бо навтарин далелҳо шарҳу эзоҳ диҳад.

Такроран арз менамоем, ки И.Брагинский тамоми ҳаёту фаъолияти хешро ба фарҳангу илми тоҷикон бахшид ва хидматҳои ӯ тақдир карда ҳам шуд. Банда, ҳамчун идомадиҳандаи кори устод И.Брагинский, фахр мекунам, ки бо мавсуф дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АФ РСС Тоҷикистон ҳамкор будаму аз маслиҳату машваратҳояш баҳра бардоштаам.

Абдурашид Самадов

Дигар хабарҳо