Номаи табрикии ИНТ ба Аҳлиддин Ҳисорӣ

 Номаи табрикии ИНТ ба Аҳлиддин Ҳисорӣ

Муҳтарам Аҳлиддин Ҳисорӣ

Шумо аз чеҳраҳои адабие ҳастед, ки ҳам бо осори шоиста ва ҳам бо фаъолияти хидматии хеш байни аҳли илму адаб ва хонандагон шинохта шудаед ва ҳамеша фурӯтанона ба хид­мати адабиёт ва адибон камар бастаед.

Нашриёти давлатии «Ир­фон», ки коргоҳи аввалинатон буд, роҳи Шуморо сӯи дунёи китобу адаб ҳамвор кард ва меҳратонро ба каломи мавзун афзунтар намуд. Дар ҷодаи рӯзноманигорӣ низ чандин сол заҳмат кашидаед ва матлабҳо­ятон ҳангоми фаъолият дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикис­тон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикис­тон») пайваста нашр шудаанд.

Як давраи муҳимми фаъоли­ятатон аз соли 1989 то 1998 дар Маркази тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷи­кистон сипарӣ шуд, ки ба кори эҷодии баъдиятон таъсири хуб гузошт ва бо муҳити пурбара­кати созмони бонуфузи адибон Шуморо наздик кард. Ҳамчун кор­манди ин марказ дар баргузории маҳфилу мулоқотҳои адибон бо хонандагон саҳми шоиста гузоштаед. Бо дарназардошти ҳамин хидматҳоятон, Шуморо соли 2004 директори Маркази тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагон таъйин намуданд ва чандин сол дар ин вазифа пурсамар фаъолият доштед.

Ҳоло, ки сарварии матбааи «Сухан»-и Иттифоқи нави­сандагонро ба уҳда доред, нақ­шатон дар чопи осори адибон назаррас аст.

Дар давоми ин солҳо ҳамчун шоири соҳибсухан низ аз худ дарак дода, чандин китобҳои шеър, аз ҷумла «Ниёз» (1990), «Нӯшдору» (1995), «Шафақ» (1997), «Нафаси субҳ» (2004), «Вожаҳои ҷон» (2010), «Минои завқ» (2012), «Ватан, Ваҳдат, Истиқлол» (2010), «Дидор бо баҳор» (2015), «Дар боғи бобом» (барои бачаҳо, 2018), «Хушбахт касе бувад, ки модар дорад» (2020), «Як олам меҳр» (2023) ва ғайраро ба табъ расондаед, ки гувоҳи пуркориву пурмаҳсулия­тиатон мебошанд.

Дар баробари эҷоди шеър, дар таҳия ва нашри асарҳои Абуалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Наси­риддини Тӯсӣ, Саноӣ ва дигарон заҳмат кашидаед, ки ин паҳлуи дигари кори эҷодиятон аст.

Ҷашни 70-солагиро ба Шумо хуҷастабод гуфта, бароятон тандурустии умрбод ва хотири ҷамъу дили шод орзумандем.

Раёсати иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Дигар хабарҳо