• 30.04.2024

Сарбози бовафои адабиёт

 Сарбози бовафои адабиёт

Ба муносибати 120-солагии   Муҳиддин Аминзода

 Даврае, ки Муҳиддин Аминзода ба майдони адабиёт қадам ниҳод, давраи пуршиддати мубориза ба­рои мустаҳкам намудани ҳокимияти ҷавони советӣ дар Тоҷикистон буд. Дар назди адабиёти нави тоҷик ва­зифаҳои бузурги ҷамъиятию давлатӣ ва сиёсию эстетикӣ меистоданд. Лозим буд, ки адабиёт боқимон­даҳои дунёи феодалӣ ва амалиёти зиддихалқии миллатчиёни буржу­азиро фош ва рад намуда, ҳаёти сотсиалистӣ ва ғояҳои озодихоҳӣ ва истиқлолияти миллиро тасдиқ ва тарғиб намояд ва бо ҳамин тариқ халқи меҳнаткашро ба кори неку созанда сафарбар кунад.

Барои мисол байте аз мухаммаси «Донистам» меорем, ки қаҳрамони лирикиаш зани озод аст.

Ҳуқуқи худ ба даст оварда дар майдони инсонӣ,

Ба мо ҳам рӯшноӣ дар ҷаҳон будаст, донистам.

Як хусусияти услубии ашъори Аминзода, ки аз таронавӣ ва мусиқӣ будани онҳо иборат аст, аз ибтидои фаъолияти адабиаш зоҳир шуда, минбаъд такмил ёфтааст ва яке аз сабабҳои дар байни халқ паҳн гар­дидани шеърҳои вай шудааст. Он шеъру таронаҳо ҳанӯз умумӣ, дар шаклҳои куҳнаи назм ба майдон ома­да ва асосан панду насиҳатӣ буданд. Вале тадриҷан, вобаста ба вусъати ҷаҳонбинӣ ва дахолати шоир ба воқеаҳои рӯзгор мазмуни иҷтимоии ашъори ӯ низ амиқтар мегардад ва шакли онҳо такмил меёбад. Халқи­яти услуби шеърҳо ва мусиқавияти онҳо бештар зуҳур мекунанд ва симои хосси эҷодии шоир намоён мешавад.

Мо дар симои Муҳиддин Аминзо­да таронасарои ҳақиқии ҳаётро ме­бинем. Дар шеъру таронаҳои ӯ ҳаёти осудаҳолонаи халқи тоҷик ва образи ҷавонони нав, меҳнат ва муборизаи онҳо дар роҳи хизмати халқу Ватан инъикос ёфтааст. Шоир хоҳ аз номи худ, хоҳ аз номи колхозчию коргар ва хоҳ аз номи аҳли ҳунар сухан ронад, ҳамеша хурсандии онҳоро аз истиқлолияти миллӣ ва меҳнати озод, ҳаёти осудаҳолона ва ҷавонии бахтёр тараннум кардааст. Вобаста ба ин, забон ва тарзи баён, услуб ва воситаҳои тасвир хеле оммафаҳм мегарданд, гоҳо шеърҳо таронаҳои халқиро мемонанд. Муносибати софдилона ба меҳнати ҷамъиятӣ яке аз хусусиятҳои қаҳрамонони мусбат ва муайянкунандаи сифати образи одамони нав дар адабиёти муосири тоҷик мебошад. Ин хусуси­ят ба қаҳрамонони лирикии ашъори Аминзода ҳам хос аст. Чунончи, дар шеъри «Пахта» (1934), ки оҳанги халқӣ дорад, чунин сатрҳоро мехо­нем:

Хоҳӣ, ки ба рӯзгор ёрат бошам,

Ёри дилу ҷону дӯстдорат бошам,

Барвақт биёву кам зи ман пахта начин,

Ман варна ки бегонақаторатбошам.

Шоир оид ба ин ё он масъала сухан ронда, ба тасвири баъзе лавҳаҳои конкрети ҳаёт ва инъикоси амалиёти одамони нав низ муваф­фақ гардидааст. Дар шеъри «Гулан­дом» (1933), ки ба колхозчидухтари озод бахшида шудааст, шоир бо усули муқоисаи ҳаёт ва шароитҳои гуногуни таърихӣ-феодалӣ ва сот­сиалистӣ моҳияти ҳаёти советӣ ва озодию хушбахтии занонро тасвир карда, гузаштаи феодалиро рад ва зиндагонии сотсиалистиро тасдиқ намудааст. Дар шеъри «Баҳори дилнишин» (1939) шоир ҷашнҳоро тараннум карда, сохти сотсиалисти­ро сарчашмаи ҳаёти ҷовидонӣ ва некуаҳволии халқ номидааст:

Дар он замон, ки қоматам зи бори ғам хамида буд,

Шудӣ ту такягоҳи ман, ба узвҳо мадори ман.

Ғубори тира умрҳо намуда буд хирааш,

Расида аз ту равшанӣ ба чашми интизори ман.

Ба гулшани диёри ман шукуфт рӯзгори ман,

Шудаст бахт ёри ман, ту бахти ман, ту ёри ман.

Қаҳрамони лирикии шоир муно­сибати худро бо дигаргуниҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию мадании Тоҷикистон бо руҳбаландӣ баён мекунад.

Яке аз мавзуъҳои муҳимми эҷо­диёти Муҳиддин Аминзода мавзуи ватандӯстӣ мебошад. Ватандӯстӣ, ки яке аз ҷиҳатҳои асосии мундариҷаи ғоявии ашъори шоирро ташкил ме­диҳад, дар як қатор шеъру суруд ва бадеҳаҳои шоир бо шаклҳои гуногун ифода ёфтааст. Шоир гоҳо бо роҳи тасвири ободӣ ва меҳнати фидо­коронаи мардум, гоҳо ба туфайли тасвири ҳушёрии сарҳадчиён ва тайёрии тамоми халқ ба ҳимояи Ватан аз ҳуҷуми ногаҳонии душма­нон ҳиссиёти ватандӯстии худро ба қалам додааст.

Муҳиддин Аминзода барои изҳо­ри ғояҳои ватандӯстӣ усул ва воси­таҳои зиёдро истифода кардааст. Масалан, дар шеъри «Фатҳ» шоир бо усули қиёси далелҳо ва ба зин­дагонии бадбахтонаи феодалӣ муқо­бил гузоштани ҳаёти сотсиалистӣ садоқати халқро ба Ватан чунин овардааст:

Бар хоки поки мо кафи душман куҷо расад?

Дар ҳифзи мулки худ ҳама якҷон расидаем.

Ин рӯзгори бошараф аз даст кай диҳем?

Мо ин ҳаётро магар осон расидаем!

Ин бахтро, ки навъи башар норасида буд,

Бо инқилоби фаълаву деҳқон расидаем!

Қаҳрамони лирикии шеърҳои Аминзода ҳимояи Ватанро шаъну шараф, муқаддас ва пурифтихор медонад ва ин фазилати ӯ минбаъд ҳам инкишоф меёбад. Хусусан, дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ во­баста ба вазифаҳое, ки дар назди халқи советӣ меистоданд, ғояҳои ва­тандӯстӣ мазмуни асосии эҷодиёти Аминзодаро ташкил медиҳанд ва хислатҳои мусбати қаҳрамони ли­рикии ашъори ӯ ҳаматарафа равшан мегардад.

Муҳиддин Аминзода дар ҳалли мавзуъҳои муҳим, мавзуи дӯстии халқҳои советӣ ва бародарии меҳ­наткашони ҷаҳон, сулҳу амният ва мубориза бар зидди оташдиҳандаго­ни ҷанги нав, ки дар адабиёти замони ҳозираи тоҷик мавқеи муҳим дорад, бо усули хосси худ наздик мешавад ва дӯстии халқҳоро пеш аз ҳама дар мисоли кумаку ёрии бародаронаи ба ҳамдигар расондаашон мебинад. Ба ин маънӣ, шоир муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ ва мадании торафт афзудаистодаи миллатҳоро сарчаш­маи дӯстӣ, ягонагии маънавию сиёсӣ, қувваи дӯстӣ, ба вуҷудоваранда ва мустаҳкамкунандаи ваҳдату барода­рии халқҳо шуморидааст. Шеърҳои «Москва», «Ба булбули Ӯзбекистон», «Дӯстӣ, бародарӣ», Ба дӯстон — мо­сквагиҳо», «Раҳмат ба халқи рус» ва дигарҳо дар ин бора шаҳодат медиҳанд. Хусусан, шеъри охирин, ки ба халқи рус бахшида шудааст, аз ҷиҳати мундариҷаи ғоявии худ яке аз беҳтарин шеърҳои ба ин мавзуъ бахшидаи шоир мебошад. Дар ин шеър беҳтарин сифатҳои халқи рус дар мисоли муносибати халқхои русу тоҷик нишон дода шудааст:

Раҳмат ба халқи рус, ки шуд дастгири мо,

Дар шоми ғам дамонд ба мо субҳи ҷовидон!

Охир расид бар ҳадаф оҳи чу тири мо,

Озод гашт кишвари зебои тоҷикон.

Муҳиддин Аминзода дар солҳои 20-ум ва 30-юм як қатор шеърҳои ҳаҷвӣ гуфта, баъзе иллатҳои ҳаёти моро мазаммат карда бошад ҳам, характери сиёсии ҳаҷви ӯ асосан аз давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ қувват мегирад. Дар ин давра амалиёти зиддихалқии роҳбарони фашизм, рафтору кирдори ваҳшиёнаи гене­ралу офитсерҳои фашистӣ, барбод рафтани «плани барқвор» ва ба вазъияти ногувор афтодани сар­кардагони армияи Гитлер мавриди танқиди ашъори ҳаҷвии Аминзода қарор гирифтааст. Агар шоир дар шеъри «Зимистон» шикастхӯрии лашкари фашизмро дар остонаи Мо­сква мазоҳу масхара карда бошад, дар манзумаи «Моҷарои валенки» азобу гуруснагӣ ва ба ҳамдигар бо чашмони нобоварӣ назар афкандани иттифоқчиёни фашизми Германия, дар шеърҳои «Саги азхудрафта» ва «22-юми июн» бевосита худи Гитлер, нақшаҳои беасос ва хаёлҳои хоми вай ҳаҷв гардидаанд. «Рубоиёти гурезогурез» ва шеъри «Асп ва ге­нерал» низ дар назди Донбасс, Дон ва Орёл шикаст хӯрдани лашкари яккачини фашистон ва аз тарсу ҳа­рос худро гум кардани генералҳои гитлериро масхара мекунанд.

Дар солҳои пас аз ҷанг фаъоли­яти ҳаҷвнависии Муҳиддин Амин­зода хеле инкишоф ёфт. Таъсис гардидани журнали «Хорпуштак» ва дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ленино­бод» ташкил шудани гӯшаи ҳаҷвии «Анбӯр», алалхусус мубориза бар зидди «назарияи беконфликтӣ» дар соҳаи адабиёт ва санъат, тасвирҳои ғайриреалӣ ва пардоздиҳӣ сабабҳои муҳимме буданд, ки ҳаҷвнависиро дар Тоҷикистон инкишоф доданд. Хусусан, Абдусалом Деҳотӣ, Раҳим Ҷалил, Боқӣ Раҳимзода, Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, Самад Ғанӣ, Ҳоҷӣ Со­диқ дар роҳи тараққӣ додани жанри ҳаҷв хизматҳои намоён карданд. Доираи мавзуи ҳаҷвиёти Муҳиддин Аминзода вусъат ёфт, масъалаҳои танқидбоб дар осори ӯ бештар ва дандони ашъораш тезтар гардиданд. Шоир ба масъалаҳои мухталифи зиндагӣ ба таври ҷиддӣ дахолат карда, нуқсонҳоро аз нуқтаи назари манфиати халқ танқид мекунад.

Муҳиддин Аминзода яке аз тарҷу­монҳои бомаҳорат ва пухтакор мебо­шад. Фаъолияти тарҷумонии ӯ хеле серсоҳа аст. Вай бисёр шеъру до­стонҳои шоирони классик ва муосири республикаҳои бародарӣ, суханва­рони гузашта ва муосири рус, бисёр асарҳои драмавӣ ва матни операҳо, инчунин қиссаҳои нависандагони ру­сро ба забони тоҷикӣ гардондааст.. Дар байни онҳо бисёр шоҳасарҳои адабиёти ҷаҳонӣ ҳастанд. Тарҷумаи «Борис Годунов» ва «Лӯлиҳо»-и А. С. Пушкин, «Фарҳод ва Ширин»-и Навоӣ, эпоси гурҷии «Довуди Со­сунӣ», як қатор асарҳои Лермонтов, Шевчанко, Нозим Ҳикмат, китоби шеърҳои Фузулӣ ва Махдумқулӣ, достони А. Твардовский «Мамлакати Муравия», Ж. Мулдағалиев «Суруд намемирад», шеърҳои Ғафур Ғулом, шеъру достонҳои Аширмат Назаров ва дигарҳо ба қалами Аминзода мансубанд.

Муҳиддин Аминзода барои Теа­три опера ва балети ба номи Сад­риддин Айнӣ матни даҳ операро ба тоҷикӣ гардондааст, ки дар байни онҳо асарҳои классикии санъати опе­равии рус ва дигар халқҳо ҳастанд. Операҳои Чайковский «Евгений Онегин» ва «Модкаи қаромашшоқ», «Аруси шоҳ»-и Ҳамза аз ҳамин ҷум­лаанд.

Барои театрҳои драмавӣ ва драмавию мусиқии Тоҷикистон ҳа­ждаҳ асари драмавӣ-мазҳакавӣ ва мусиқию драмавиро тарҷума карда­аст, ки «Оршин Мол-олон»-и Узинер Ҳоҷибеков, «Любов Яровая»-и Тре­нев, «Хонлар»-и Самад Вурғун, «Бой ва хизматгор»-и Ҳамза, «Алишер Навоӣ»-и Уйғун ва Иззат Султон, «Нурхон» ва «Гулсара»-и Комил Яшин, «Тоҳир ва Зуҳро»-и Собир Аб­дулло ва дигарҳо аз ҳамин қабиланд. Ҳаҷми умумии асарҳои манзуми ба тоҷикӣ тарҷумакардаи Муҳиддин Аминзода ба 150000 мисраъ мера­сад.

 

Атохон Сайфуллоев

Фишурдаи мақола аз маҷаллаи «Садои Шарқ», 1978

 

Раҳим Ҷалил

Ба Аминзодаи шастсола

Рафиқи қадрдони ман, Муҳиддин,

Муборак бод шасти умри ширин!

Ба шастат омадӣ бо шасти афзун,

Наафтода ба шасте ҳеҷ, эмин.

Агарчи қоматат андак хамидаст,

Намехамбад вале табъи ту аз ин.

Ба боғи табъи ту доим шукуфон

Гули бисёр аз ашъори рангин.

Якеро ҳаҷви ту талх асту тунд аст,

Дигарро шаҳду шаккарвор лекин.

Қимоб аз таънаҳоят танбалонанд,

Ба ту доранд, бешак, коҳилон кин.

Ба ҳафтоду ду миллат тарҷумонӣ,

Ба тилмочи замон таҳсин-таҳсин!

Зи ту руҳи Навоӣ шоду масрур,

Мададгорат шуда арвоҳи Пушкин.

Агар уммеди ту садсола умр аст,

Дусад соли дигар бин умр, омин.

 

Дигар хабарҳо