(Гузориши Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон) Рӯйдоди таърихии даҳаи охири қарни бистум ва муяссар гардидани Истиқлоли давлатӣ барои ба миён омадани андешаи тоза, боло рафтани ҳисси худшиносӣ, омӯзиши амиқи таърихи гузашта, арҷгузорӣ ба фарҳангу суннат ва ташаккулёбии тафаккури миллии мо заминаи мусоид фароҳам овард. Нависандагони даврони Истиқлол имкон пайдо карданд, ки рӯзгори пешину имрӯзро бо диди […]Идома...
27 майи соли равон маҷлиси навбатии Садорати ИНТ баргузор гардид. Сараввал Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ба аъзои Садорат барору комёбӣ хоста, зикр намуд, ки адибони мамлакат истиқболи сазовори ҷашнҳои бузурги давлатиро сармашқи фаъолиятҳои адабию эҷодии худ қарор дода, баҳри офаридани осори арзишманди бадеӣ ва тарѓиби бунёдкориҳо ва таҳкими сулҳу ваҳдат саъю талош менамоянд. […]Идома...
Абдулҳамид САМАД, Нависандаи халқии Тоҷикистон: Мавзўи маҷлиси Садорат басо муҳим ва доманадор мебошад. Маърўзаи донишманди гиромӣ профессор Абдунабӣ Сатторзода фарогир буда, заҳмати зиёди ошноӣ ба осори ин давраи адабиётамон ва баҳои холисонаи эшонро ба дастоварди адибон собит месозад. Донишу таҷрибаи фаровони муҳаққиқ, ковишҳои тозаи эшон аз рўйи офаридаҳои адибон дар жанрҳои гуногун ба ҳадафрас шудани маърўза […]Идома...
Гузориши профессор Абдунабӣ САТТОРЗОДА дар маҷлиси Садорати ИНТ, 9 июни соли 2021 Раиси муҳтарам, Ҳайати муҳтарами Раёсат ва Садорат, Ҳозирони гиромӣ, “Адабиёти замони Истиқлол” мафҳуми густурда буда, тамоми асарҳои бадеиеро фаро мегирад, ки дар онҳо ҳодисаву воқеаҳои замони Истиқлол, мавзўъ ва масъалаҳо, назариёт, андешаҳо ва рўҳи ин замон ба таври бадеӣ ва ҳунарӣ бозтоб гардидаанд. Аз […]Идома...
9-уми июни соли равон дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҷлиси Садорати ИНТ баргузор гардид. Раиси ИНТ Низом Қосим маҷлисро бо муаррифии барномаи он оғоз бахшид. Аъзои Садорат маърўзаи адабиётшиноси шинохта, профессор Абдунабӣ Сатторзодаро дар мавзўи «Бозтоби масъалаҳои замони муосир дар адабиёти даврони Истиқлол» гўш карданд. Номбурда бо такя ба осори манзуму мансуре, ки аз солҳои 90-и […]Идома...
Аъзои Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки дар Анҷумани 15 -ум интихоб шудаанд: Абдураҳмон Абдуманнонов Абдулло Раҳнамо Назрӣ Асадзода Зулфия Атоӣ Меҳмон Бахтӣ Бузургмеҳри Баҳодур Рустам Ваҳҳобзода Ҳақназар Ғоиб Муҳаммад Ғоиб Матлуба Ёрмирзоева Муртазо Зайниддинзода Салими Зарафшонфар Исмоил Зарифӣ Муҳаммадюсуф Имомзода Низом Қосим Ҷумъа Қуддус Толиби Луқмон Равшан Махсумзод Диловар Мирзо Лаълҷубаи Мирзоҳасан Ато Мирхоҷа Раънои […]Идома...
Мувофиқи Оинномаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва нақшаи кори Раёсати ИНТ бояд дар охири моҳи майи соли 2020 маҷлиси Садорати ИНТ баргузор мегардид. Ба сабаби вазъи ногувори санитариву эпидемиологӣ ва зарурати риояи қоидаҳои бехатарии тиббиву беҳдоштӣ Раёсати ИНТ қарор кард, ки маҷлиси мазкур ба тариқи фосилавӣ гузаронида шавад. 27-29 май раъйи аксари аъзои Садорати Иттифоқи нависандагон […]Идома...
31 майи соли 2019 маҷлиси навбатии Садорати Иттифоқи нависандагониТоҷикистон баргузор гардид. Маҷлисро Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим оғоз бахшид. Аъзои Садорат нахуст рӯзномаи маҷлисро баррасӣ намуданд. Пешниҳод гардид, ки ба рӯзнома масъалаи ташкилӣ-интихоби узви Раёсати ИНТ илова карда шавад. Аъзои Садорат рӯзномаи маҷлисро тасдиқ намуданд, ки аз масъалаҳои зерин иборат буд: 1.Вазъи адабиёти бачагона […]Идома...
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба иттиллои аъзои арҷманди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва хонандагони хушзавқи ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» мерасонад, ки мақолаи «Достони ҷавонмардӣ» (№ 48, 1 декабри соли 2016) фикри шахсии муаллифи он буда, принсипу мавқеъ ва назари ҳирфаии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро оид ба асари бадеӣ ва танқиди адабӣ ифода намекунад. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар […]Идома...
Дар таърихи 20-уми майи соли 2017 маҷлиси Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо иштироки аъзои Садорат баргузор гардид. Маърӯзаи асосии маҷлисро дар мавзӯи «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар инкишофи адабиёти замони истиқлол» Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ироа кард. Пас аз қироати маърӯза дар атрофи мавзӯи мазкур музокира сурат гирифт. Муовини раиси Иттифоқи нависандагон Юнус Юсуфӣ […]Идома...