• 30.04.2024

Номаи табрикии ИНТ ба Абдулҳайи Қаландар

 Номаи табрикии ИНТ ба Абдулҳайи Қаландар

Муҳтарам  Абдулҳайи Қаландар!

Шумо умри пурбаракати худро дар ду роҳ – эҷоди шеър ва таъли­ми донишҷӯён сарф карда, соҳиби обрӯву эътибор гардидаед.

Аз кӯдакӣ табъи Шумо дар мак­таби зиндаву табиии ҳаёт — ҳалқаи хонавода ва пирони ҳикматшиноси зодгоҳатон – ноҳияи Ховалинг бо сухани баланду ширадор тарбият ёфт ва маҳз ҳамин муҳити созанда меҳратонро ба шеъру адабиёт афзун намуд.

Соли 1966, баъди хатми фа­култаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб дар кафедраи адабиёти тоҷики ҳамин таълимгоҳ чандин сол омӯзгорӣ кардед ва назокатҳои суханшиносиро ба донишҷӯён омӯ­зонидед.

Сипас, фаъолияти омӯзгориятон дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯ­лоб идома ёфт ва дар ин даргоҳ низ чандин сол содиқона заҳмат каши­дед. Дар баробари таълим, ба кори пажуҳишу таҳқиқот машғул шуда, чанд асари хуби илмӣ таълиф намудед, ки «Се назар ба шеъри Ҳақназар», «Мавқеи ономастикаи бадеӣ дар офаридани образҳо» (дар асоси асарҳои устод Айнӣ) аз он ҷумла мебошанд.

Дар фаъолияти эҷодиятон шеър ҳамеша мавқеи асосӣ дошт ва бо эҷоди шеърҳои хубу хонданӣ аз ибтидо ҳамчун шоир шинохта шу­дед. Шеърҳоятон дар маҷмуаҳои «Интизорӣ» (1987), «Марди роҳ» (2001), «Хоки Ватан» (2003), «Суру­ди дил» (2005), «Ашки дил» (2006), «Роҳи дилҳо» (2010) ва ғайра фа­роҳам омада, пешкаши хонандагон шудаанд.

Шумо аз нахустин адибо­не ҳастед, ки барои хидматҳои чашмрасатон бо ҷоизаҳои адабии ба номи Носири Хусрав ва Ашӯр Са­фар сарфароз гардидаед. Нишони «Сухан»-и Иттифоқи нависандаго­ни Тоҷикистон подоши заҳматҳоя­тон дар роҳи сухан ва унвонҳои Аъ­лочии маориф ва матбуот натиҷаи фаъолияти пурсамаратон дар ин соҳаҳо мебошанд.

Ҷашни ҳаштодсолагиро шодбош ва муборакбод гуфта, ба Шумо дили беғаму хотири ҷамъ таманно мекунем!

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Дигар хабарҳо