Гулзоре дар миёни оташистон

 Гулзоре дар миёни оташистон

(80 сол пеш дар шаҳри Тошканд Даҳаи санъати мусиқии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ гузаронида шуд)

Аз 25 феврал то 13 марти соли 1944 дар пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд Даҳаи санъати мусиқии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна гузаронида шуд. Дар ин чорабинии муҳимми давраи ҷанг ходимони ҳизбӣ ва давлатӣ, устодони санъ­ат ва коллективҳои ҳаваскорони санъати халқӣ аз Тоҷикистон, Ӯзбе­кистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон, ҷамъ 900 нафар, иштирок доштанд. Дар баробари ин, ходимони санъатро инчунин шоирон, нависандагон, драматургон, оҳанг­созон, мусиқишиносон ва рассомон ҳамроҳӣ мекарданд.

Даҳа 25 феврали соли 1944 дар Театри давлатии ба номи Я. Свердлови шаҳри Тошканд расман кушода шуд. Иштирокчиёни даҳа Гимни Иттифоқи Советӣ (муаллифон Сергей Михалков ва Эл-Регистон), ки нав қабул ва дар рӯзномаи «Правда» (аз 1 январи соли 1944, № 1 (9458) чоп шуд, бо тантана иҷро карданд.

Дар байни иштироккунандаҳои даҳа чеҳраҳои азиз ва шинос — Ар­тистони халқии СССР Булбул Ма­медов, Ҳалима Носирова, Кулаш Байсаитова, Артистони халқии РСС Ӯзбекистон Мухтор Ашрафӣ, Та­марахонум, М. Турғунбоева, Қорӣ Яъқубов, Шаҳодат Раҳимова, Карим Зокиров, Артисти хизматнишондодаи РСС Ӯзбекистон Соро Самандарова, Артистони халқии РСС Тоҷикистон Туҳфа Фозилова, Рена Ғолибова, Анвер Муллоқандов, Маъруфхоҷа Баҳодуров, Аъзам Камолов, Лутфӣ Зоҳидова, Ғаффор Валаматзода, Рафоэл Толмасов, Шоиста Муллоҷо­нова, Артистони хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон Савсан Бандишо­ева, Ҳоҷӣ Аҳмадов, Ғуломҳайдар Ғуломалиев, Офтобхон Исомова, Анна Бобоева, Артистони халқии РСС Қирғизистон З. Кпизбоева, Сай­рам Кийзибоева, Ашӯралӣ Буталиев, Артистони хизматнишондодаи РСС Қирғизистон Марям Маҳмудова, Ҷаъ­фар Содиқов, Басра Тӯйғунбоева, Ходими хизматнишондодаи санъати РСС Қирғизистон Ш. Уразов, П. Шу­бин ва В. В. Селиковский ва дигарон ҳузур доштанд.

Мутобиқи барномаи даҳа намо­яндаҳои ҷумҳуриҳо бояд ду номераи консертӣ – як барномаи консерти симфонӣ ва як барномаи консертии коллективҳои мусиқии миллиро на­моиш медоданд.

Дар кушодашавии даҳа, 25 фев­рал, навбатро ба мизбонон доданд. Даҳа бо «Симфонияи қаҳрамонӣ»- и Мухтор Ашрафӣ, ки як сол пеш барандаи мукофоти Сталинӣ шуда буд, оғоз ёфт. Ҳамчунин, увертю­раи «Тоҳир ва Зуҳро»-и Тӯхтасин Ҷалилов ва М. Штейнберг, «Марши ӯзбекӣ»-и Н. Миронов ва ба ин мо­нанд, он рӯз садо доданд. Ба орке­стри симфонии Ӯзбекистон Артисти халқии РСС Ӯзбекистон, лауреати мукофоти Сталинӣ Мухтор Ашрафӣ дирижёрӣ кард. Дар охири консерт оркестр ва хор достони симфонии «Лашкаркаши кабир»-и М. Ашрафӣ, ки ба Сталин бахшидааст, садо дод.

Дар консерти ҳунарпешаҳои ӯзбек Ҳалима Носирова сурудҳои «Наво», «Офарин» ва «Валси ӯзбекӣ»-и Толиб Содиқовро иҷро кард. Аз су­рудҳои халқӣ ин сарояндаи хушовоз суруди лирикии «Дили ман» (шеъри Лоҳутӣ), оҳанги М. Бурҳоновро хеле форам суруд.

27 феврали соли 1944, дар рӯзи сеюми даҳа, навбат ба санъатко­рони Тоҷикистон расид ва онҳо бо ҳунарнамоии хеш ҳамаро шод гар­дониданд. Санъаткорони Тоҷикистон барномаи консертии хешро бо суру­ди «Ҳамзаалиев — қаҳрамон» (шеъри М. Раҳимӣ, оҳанги З. Шаҳидӣ) оғоз карданд. Сипас Ансамбли рубобчи­занони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва сарояндаҳо Туҳфа Фозилова, Анвар Муллоқандов, Шоиста Муллоҷонова, Маъруфхоҷа Баҳодуров, Ҳоҷӣ Аҳмадов ва дигарҳо сурудҳои форами халқӣ ва замона­виро иҷро карданд.

Тамошобинон махсусан рақсҳои «Салла» ва «Чӯпонӣ»-ро дар иҷрои Ғаффор Валаматзода, «Суруди ғазаб» (шеъри Г. Г. Эл-Регистон ва А. М. Крепс, оҳанги С. Баласанян)- ро дар иҷрои Туҳфа Фозилова ва ҳунарнамоии санъаткорони навраси Ансамбли бачагонаи этнографии Помир зери раҳнамоии Артисти хиз­матнишондондаи РСС Тоҷикистон Ғуломҳайдар Ғуломалиев хеле хуб истиқбол гирифта, кафкӯбӣ карданд.

Консерти симфонии санъаткоро­ни тоҷик хеле диққатҷалбкунанда ва мазмунан бою рангин буд. Он бо «Дӯстии халқҳо» (асари Александ Ленский) оғоз ёфт ва аз чаҳор қисм иборат буд: мусиқии «Иди ӯзбекӣ», «Достони қазоқӣ», мусиқии лирики тоҷикӣ ва «Рақси тоторӣ».

Тамошобинон, махсусан, порчаҳо аз балети «Тоҳир ва Зуҳро» ва му­сиқии «Суруди ғазаб»-и С. Баласа­нянро гарму ҷӯшон қабул карданд. Бар замми ин, санъаткорони тоҷик «Тоҷикистон» ном асори симфонии М. Волбергро низ ба тамошобинон пешкаш гардониданд.

Артистони халқии РСС Тоҷики­стон Р. Толмасов, Т. Фозилова, А. Муллоқандов, Артистони хизмат­нишондодаи РСС Тоҷикистон Ҳоҷӣ Аҳмадов, Анна Бобоева ва дигарон сурудҳои вокалӣ ва порчаҳо аз опе­раҳои тоҷикиро ба самъи ҳозирин расониданд.

Консерти симфонии санъат­корони Тоҷикистон бо «Марши тантанавӣ»-и композитор Фозил Солиев ба поён расид.

Ба оркестри симфонии Тоҷикис­тон Артисти халқии РСС Тоҷикистон Аъзам Камолов ва композитори маъруф Александр Ленский дири­жёрӣ карданд.

Дар маҷмуъ дар Даҳаи санъати мусиқии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна беҳтарин асарҳои симфонии Мухтор Ашрафӣ, симфонияи панҷуми М. Штейнберг, операи «Улуғбек»-и А. Козловский (Ӯзбекистон), симфонияи «Сари–Арка»-и Ё. Ерусалимовский, операи «Абай»-и А. Жубза ва Л. Ҳалидӣ (Қазоқистон), симфонияи «Қирғизистон»-и В. Фере (Қирғизи­стон), операи «Обадон»-и Ю. Мейтус ва А. Қулиев (Туркманистон), сюитаи синфонии «Тоҷикистон»-и М. Вол­берг (Тоҷикистон) ва ғайраҳо иҷро карда шуданд.

Дар барномаи консертӣ устодо­ни санъат асарҳои композиторони ҷавон М. Бурҳонов ва М. Левиев (Ӯзбекистон), А.Тулеев (Қирғизи­стон), Ф. Со­лиев (Тоҷи­кистон ), А. Қулиев (Туркмани­стон) ва М. Тулебоев (Қазоқистон) низ садо доданд.

Ҳамин тавр, як чорабинии дав­рони ҷангии фарҳангӣ бо тантана, хотираҳо ва таассуроти фаромӯш­нашаванда анҷом ёфт.

Яке аз иштирокчиёни даҳа, сар­муҳаррири собиқи маҷаллаи «Хор­пуштак» устод Басир Расо он айёмро ба хотир оварда қайд карда буд:

— Пас аз он, ки фашистони исти­логар дар муҳорибаҳои назди Москва ва Сталинград сахт шикаст хӯрданд, дар дили мардуми советӣ шуълаи умед аз нав пайдо шуд. Ба­рои руҳияи халқҳои советиро боз ҳам баланд бардоштан Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи СССР Иосиф Виссарионович Сталин фармон дод, ки моҳи марти соли 1944 дар шаҳри Тошканд Даҳаи мусиқии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон гузарон­да шавад.

Барои омода намудани санъатко­рони Тоҷикистон дар даҳа аз Москва намояндаҳо омаданд. Ҳангоми аз назар гузаронидани ҳунари да­стаҳои санъаткорон намояндагони фарҳанги Москва ҳунарнамоии Ан­самбли этнографии бачагонаи По­мирро писандиданд. Зеро ансамбли мазкур ҳанӯз соли 1941 дар Даҳаи нахустини санъати халқи тоҷик дар шаҳри Москва иштирок намуда, он солҳо шуҳрати бағоят зиёд дошт. Ҳатто устод Абулқосим Лоҳутӣ маф­туни ҳунарнамоии ин санъаткорони наврас гардида, шеъри «Лолаҳои Бадахшон»-ро ба онҳо бахшидааст:

Равшанӣ борад зи рӯшон, насли рахшонро бубин,

Лолаҳои навраси Хоруғу Рӯшонро бубин,

Гар надидӣ гавҳари рақсону лаъли нағмахон,

Дар рухи ин наврасон, эй дил, биё, ҷонро бубин.

Барномаҳои консертиамон, ки якчанд қисмро дар бар мегирифт, кайҳо боз омода буд. Ба ҳар ҳол устодонамон Ғуломҳайдар Ғулома­лиев ва Маҳмадназар Ҳотамов бори дигар ҳунарнамоии мо — аъзои ан­самблро аз назар гузаронда, бо дили пур омодагиамонро ба намояндагони Москва баён намуданд. Роҳбари бадеӣ Олга Смирнова, директори эҷодӣ, роҳбари бевосита ва таш­килкунандаи ансамбл Ғуломҳайдар Ғуломалиев (баъдҳо Артисти халқии СССР) таъйин шуданд.

Мутаассифона, яке аз ташкилку­нандагони Ансамбли этнографии ба­чагонаи Помир таҳиягар, оҳангсоз ва балетмейстр Маҳмадназар Ҳотамов бо қисме аз санъаткорони ансамбл бинобар бад будани боду ҳаво дар шаҳри Хоруғ монданд ва дар ин чо­рабинии муҳимми фарҳангӣ иштирок карда натавонистанд.

Дар ёдам ҳаст, ки 8 феврали соли 1944 бо ҳавопаймо ба шаҳри Душанбе омадем. Ҳаво абрнок шуд ва аъзои даста дар шаҳри Хоруғ монданд.

Масъалаи парвози тайёраҳо ба ҷониби ВМКБ, бахусус шаҳри Хоруғ, ҳамеша масъалаи пурбаҳс ва хав­фнок буд. Санъаткорони Помир аз рӯзҳои аввали парвоз аз хизматрасонии нақ­лиёти ҳавоӣ истифода мебурданд. Зеро дар ҷумҳурии ҷавони Тоҷики­стони Советӣ зуд-зуд чорабиниҳои сиёсӣ, ҷашнӣ ва фарҳангӣ доир ме­шуданд. Ҳавопаймо намояндагони вилоятро дар чанд соат ба шаҳри Сталинобод мерасонд.

Инак, боду ҳавои номусоид садди роҳи роҳбарон ва аъзои Ансамбли бачагонаи этнографии Помир гар­дид. Як қисми онҳо ба шаҳри Ста­линобод парвоз карда расиданду қисми дигар интизори ҳавои мусо­ид шуданд.

Ба ин минвол ҳаво якчанд рӯз абрнок монд ва тайёраҳо ба Хоруғ парвоз намекарданд. Ба М.Ҳотамов ва қисме аз аъзои ансамбл муяссар нашуд, ки дар Даҳаи мусиқии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон дар шаҳри Тошканд иштирок намоянд.

Ансамбли этнографии бачаго­наи Помирро дар Даҳаи санъати мусиқии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон дар шаҳри Тошканд хеле хуш истиқбол намуданд. Намояндагони тамоми ҷумҳуриҳо тайи даҳ рӯз ҳунарнамоӣ карданд. Шахсан ман дар ҳайати ансамбл конфронсие будам ва боз сетор менавохтаму суруд низ мехондам.

Давлатбегим Имматшоева су­руди русии «Калинка», Булбулон Муҳаббатшоева суруди «Ошёни булбулон»-и устод А. Лоҳутӣ, Ғарибсултон Маликова суруди «Аз Бадахшон оӣ»-ро суруданд. Садбарг Ҷебачиева, Бегим Ниҳо­лова ва Зебо Искандарова рақс карданд. Тайғуншо Шодмонбеков, Му­зофир Ғуломалиев ва Мирзоа­зиз Мамадазизов рақси халқии «Калтак»-ро бо маҳорати баланд иҷро карданд.

— Боқӣ машшоқону навозанда­гони ансамбл буданд. Ҳар як ба­ромади ансамбл бо қарсакзании бардавом истиқбол мешуд, — афзуд Басир Расо.

— Ҷамъбасти даҳа 13 марти соли 1944 дар Театри давлатии Ӯзбекистон ба номи Ҳамза доир гардид. Тамоми иштирокчиёни ансамблро рӯйи саҳна хостанд. Аъзои ансамбли моро, ки аз ҳама кучактарин иштирокчиёни даҳа буданд, дар сафи пеш ҷо доданд. Дар хотимаву ҷамъбасти даҳа мо суруди «Лолаҳои Бадахшон»-и устод А. Лоҳутиро бар оҳанги М. Ҳотамов сурудем.

Боиси ифтихор буд, ки Ансам­бли этнографии бачагонаи Помир соли 1944 ғолиб-лауреати Даҳаи санъати мусиқии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна дар шаҳри Тошканд дониста шуд. Ба аъзои ансамбл сару либоси нав ва туҳфаҳои хо­тиравӣ доданд.

Ғуломҳайдар Ғуломалиев, Олга Смирнова ва Мирсаид Миршакар, ки он солҳо ба ҳайси мушовири калони Управленияи санъати Со­вети Комиссарони Халқии РСС Тоҷикистон кор мекард ва роҳбари давлатии мо буд, бо соати тиллоии кисагии номнавис қадр шуданд.

Дар бозгашт, бо имзои Раиси Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон Мунаввар Шогадоев ба ҳамаи мо иштирокчиён — ғолибони даҳа аз Тоҷикистон Грамотаи Фах­рии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон супурда шуд.

Дигар хабарҳо