Робитаи устод Айнӣ бо маорифпарварони Самарқанд

 Робитаи устод Айнӣ бо маорифпарварони Самарқанд

15 апрел  —  зодрӯзи устод Садриддин Айнӣ

 Дар ҳаёти мардуми Осиёи Миёна дар охирҳои асри 19 ва ибтидои асри 20 дигаргуниҳои ҷиддӣ рух доданд. Дар чунин шароит дар ин ҷо ҳаракати ҷа­дидӣ-маърифатпарварӣ ба вуҷуд омад, ки сарвари он Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ва пайравонаш Саидаҳмад Сиддиқии Аҷзӣ, Абдуқодир Шакурӣ, Исматулло Раҳма­туллозода, Ҳоҷӣ Муин Шукруллозода, Саидризо Ализода ва дигарон буданд. Ин рӯшанфикрон барои маърифат ва фарҳанги мардум бо ҷидду ҷаҳди хоса ғайрат ва шуҷоат намуда, байни мардум ҳамчун ситораи саҳарӣ шуълаи маъри­фат афрӯхтанд.

Кушодани мактабҳои усули нав, мар­думро аз ботлоқи ҷаҳолат бароварда, саводнок кардан мақсади асосии онҳо ба шумор мерафт.

Устод Садриддин Айнӣ дар «Макта­би куҳна» ном қиссаи худ оид ба тарзи таълими қадим, ки дар мактабҳои пе­шина амал мекард, ҳамчун як шогирди чунин мактаб ҳақиқатнигорона тамоми хусусиятҳои манфури онро баён наму­дааст. «Туркестанские ведомости» соли 1906 навишта буд:

«Назар ба ҳисобу китоби мутахас­сисон аз Петербург, барои саводнок кардани мардуми Осиёи Миёна бо чунин тарзи таълим 4600 сол лозим будааст…».

Намояндаи дигари Русия граф Пален, ки Туркистонро тафтиш карда буд, навиштааст: «Агар кор ба чунин тарз рафтан гирад, барои ба ҳолати аврупоӣ расонидани саводи мардуми ин ҷой 1600 сол лозим аст…».

Бинобар ин, маърифатпарварони рӯшанфикр ҳам ривоҷи ҳаёти иқтисодӣ ва ҳам фарҳангии мардуми ин ҷойро пеш аз ҳама дар саводнокӣ ва маъри­фати он дида, тарзи нави таълимро пеша намуданд. Аз ҷумла Абдуқодир Шакурӣ, ки то ин вақт ба усули қадим мактабдорӣ мекард, бо усули таълими маърифатпарварони Кавказ, Қрим, То­тористон шинос шуда, дар Раҷабамин ном деҳаи атрофи Самарқанд нахустин мактаби усули ҷадидиро кушод.

Лекин руҳониёни иртиҷоӣ ва мута­ассибони динӣ бар зидди чунин таълим баромада, барои пешрафти он бо ҳар роҳ монеа эҷод мекарданд. Шакурӣ ва дигар маърифатпарварони давр чунин тарзи таълимро афзал медонистанд. Шуҳрати ин мактаб зуд ба ҳар тарафи кишвари Туркистон паҳн шуда, барои дидан ва таҷриба омӯхтан аз Хучанду Қӯқанд, Тошканду Бухоро равшанфи­крон ба ин ҷой ташриф меоварданд. Аз ҷумла аз Бухоро Садриддин Айнӣ ва Абдулвоҳид Мунзим, ба Самарқанд омаданд. Онҳо бо тарзи мактабдории Шакурӣ ва шогирди нахустини ӯ Исма­тулло Раҳматуллозода, ки дар паҳлуи устодаш истода муаллимӣ мекард, шинос шуданд. Онҳо инчунин дар ин сафари худ бо сарвари маърифатпар­варони ҷадид Маҳмудхоҷа ошно шуда, аз суҳбаташ баҳраманд гардиданд.

Пас, чунин бармеояд, ки дар ташак­кули афкори маърифатпарварии устод Айнӣ муҳити Самарқанд хеле барвақт таъсир расонида будааст.

Минбаъд чунин мактабҳо дар ҳар ҷойи Самарқанд ва шаҳрҳои дигар низ кушода шуданд. Соли 1911 дар кишвари Туркистон дар 68 мактаби усули ҷадид 4106 нафар хонанда сабақ меомӯхтанд.

Барои тарғиби ин мактабҳо аз ҷони­би адибони маърифатпарвар Абдурауф Фитрат «Мунозира», Тошхӯҷа Асирӣ «Мудофиа», Ҳоҷӣ Муин Шукруллозода «Мактаби куҳна, мактаби нав» барин асарҳо, инчунин шеърҳои дар ин мавзуъ навиштаи Аҷзӣ, Айнӣ, Ҳамза ва дигарон пайдо шуданд.

Пайваста бо таълиму тадрис маъри­фатпарварон дар табъу нашри кито­бҳои дарсӣ ва маҷмуаҳо барои хониш ҳамкориҳо мекарданд. Дар ин бора му­лоҳизаҳои яке аз маърифатпарварони маъруфи ҳамон давр Исматулло Раҳ­матуллозода, ки дар «Тарҷумаи ҳол»-и худ навиштааст, қобили таваҷҷуҳ аст:

«Ман баробари омӯзгорӣ дар асоси таҷрибаҳои ҳамкоронам ва маърифат­парварони дигар барои донишомӯзони ин мактабҳо китобҳои дарсӣ навишта, нашр кардам. Аз ҷумла, барои хонан­дагони синфҳои ибтидоӣ «Раҳбари мак­таб», «Раҳнамои савод» барин китобҳои дарсӣ навиштам. Бо ҳамроҳии устод Шакурӣ китоби «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт»-ро барои қироати бачаҳо нашр кардем.

Китоби барои чунин мактабҳо таъ­лифнамудаи Садриддин Айнӣ «Таҳ­сиб-ус-сибён»-ро, ки дар Бухоро ба нашри он иҷозат надоданд, дар матбааи Самарқанд нашр кардам. Ин китобҳо то Инқилоби Октябр ва ташкил шудани мактабҳои нави шуравӣ барои мак­табҳои усули ҷадид ҳамчун китобҳои дарсӣ хидмат карда омаданд».

Чунин маълумот дар қиссаи ҳуҷҷа­тии яке аз нахустин шогирдони мактаби усули ҷадид Вадуд Маҳмудӣ «Муаллим Абдуқодир Шакурӣ», ки дар маҷаллаи «Садои Шарқ» чоп шудааст, инчунин рисолаи устоди Донишгоҳи Самарқанд, донишманди илми педагогика Абду­муъмин Фаттаев «Педагогҳои машҳури Самарқанд» оварда шудаанд.

Садриддин Айнӣ баъди бо фармони амири Бухоро 75 дарра хӯрда, дар ҳо­лати ниҳоят бад афтоданаш аввал ба Когон ва сонӣ ба Самарқанд меояд. Ба­рои вай сарпаноҳ ёфтан душвор буд. Аз ин воқеа Абдуқодир Шакурӣ хабардор шуда, аз шогирд ва ҳамкораш Исматул­ло Раҳматуллозода хоҳиш менамояд, ки Айнии беморро дар хонааш ҷой дода, ба барқарор шудани саломатии вай кумак расонад. Исматулло Раҳматуллозода, ки чанд сол пештар аз ин ҳангоми ба Самарқанд барои дидани мактаби онҳо омаданаш бо Айнӣ шинос шуда буд, ба ин кор розӣ мешавад ва барои ин аз модараш иҷозат мепурсад.

Модараш:

— Писарам, «худам дар ба дарам, туро ба дари кӣ барам» гуфтаанд. Охир, худамон ба як азоб рӯз гузаронида исто­даему он меҳмонатро чӣ тавр ба хона ҷой медиҳем? — мегӯяд.

Лекин Исматулло бо илтимосу ил­тиҷо аз модараш барои дар хонаашон ҷой додани Айнӣ иҷозат мегирад.

Ҳамин тавр, Садриддин Айнӣ дар давоми солҳои 1917-1919 дар ин хона зиндагӣ карда, шифо меёбад. Барои ин кор ҷиянҳои 10-12 солаи Исматулло муаллим — Муслимҷон ва Собирҷон беш­тар дасти ёрӣ мерасонанд: аз хӯрокаш, ҷойи хобаш хабардор шуда меистанд. Занҳо сару либоси маҷруҳро шуста медиҳанд.

Нигоҳубини Собирҷон ба Айнӣ хеле маъқул афтода, ҳамеша дуо мекунад, ки вай духтур шавад.

Ба ин нияти Айнӣ фариштаҳои раҳ­гузар «омин!» гуфтаанд магар, ки дар­воқеъ Собир калон шуда, дар мактабҳои олии тиббии Самарқанд ва Ленинград таълим гирифта, духтури калон меша­вад ва дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамчун табиби варзида соҳиби рутбаи полковник мегардад.

Садриддин Айнӣ ба туфайли Исма­тулло Раҳматуллозода бо маърифатпар­варони Самарқанд, аз ҷумла бо Беҳбудӣ, аз наздик шинос мешавад.

Донишмандони маъруфи Самарқанд Воҳид Абдуллоев ва Ботур Валихӯҷаев дар китоби «Нафаси асрҳо» ҳангоми дар бораи муҳити адабии Самарқанди аввали асри 20 сухан рондан дар қатори шоирони маърифатпарвар Туғрал, Аҷзӣ, Васлӣ, Тамҳид, Ҳодӣ, Фикрӣ, Зеҳнӣ ва дигарон оиди ҳаёт ва фаъолияти ин давраи Садриддин Айнӣ низ таваққуф намудаанд.

Радий Фиш ва Раҳим Ҳошим низ дар китоби «Бо амри виҷдон», ки дар силси­лаи китобҳои «Ҳаёти одамони бузург» бахшида ба Садриддин Айнӣ навишта шудааст, оид ба дар маҳаллаи Сӯфӣ Розиқи Самарқанд дар хонадони Исма­тулло Раҳматуллозода зиндагӣ кардани ӯ маълумот додаанд.

Тадқиқотчии фаъолияти педагогии Садриддин Айнӣ, олими самарқандӣ Абдукалим Ғаниев дар китоби «Фаъо­лияти педагогии Айнӣ» дар бораи ҳамин давраи ҳаёти устод Айнӣ сухан ронда, аз ҷумла навиштааст:

«Садриддин Айнӣ аз омӯзгорони нахустин мактабҳои шуравӣ мебошад. Вай дар мактабе, ки маърифатпарвари маъруф Исматулло Раҳматуллозода дар гузари Қӯшҳавзи Самарқанд ташкил карда буд, назар ба гуфти директори ин мактаб, Муаллими шоистаи Ӯзбекистон А. Г. Леменевский аз забон ва адабиёти тоҷик, таърих ва суруд дарс медодааст».

Ин шеъри Садриддин Айнӣ низ маҳ­сули ҳамин давраи ҳаёти ӯст:

Аз файзи Яздон хон аст мактаб,

Бар лаъли ирфон кон аст мактаб.

Бе ҷон ҷасадро қадре набошад,

Ҷисм аст инсон, ҷон аст мактаб.

Аз мактаб ояд осоиши дил,

Марғуби дилҳо з-он аст мактаб.

Бемактабонро набвад ҳаёте,

Об аст мактаб, нон аст мактаб.

Саъд аст мактаб, хайр аст мактаб,

Из аст мактаб, шон аст мактаб.

Дар чашми биниш нур аст дониш,

Дар ҷисми дониш ҷон аст мактаб.

Бар моҳии ҷон об аст ирфон,

Бар мурғи ирфон дон аст мактаб.

Дар кори ба майдони публитсистика ворид шудани Садриддин Айнӣ низ хид­мати маърифатпаварони Самарқанд ва матбуоти онҳо зиёд аст. Аз ҷумла, ӯ яке аз фаъолони рӯзномаҳои «Овози тоҷик» ва «Зарафшон», маҷаллаҳои «Шуълаи инқилоб» ва «Машраб» буда, дар ин нашрияҳо бо адибон ва публитсистони маъруфи давр Саидризо Ализода ва Ҳоҷӣ Муин Шукруллозода пайваста қаламронӣ мекард. Садриддин Айнӣ яке аз асосгузорон ва муаллифони аввалини рӯзномаи «Овози тоҷик» мебошад.

Робитаи Садриддин Айнӣ бо мао­рифпарварони Самарқанд ҳангоми кор дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон, ки дар ибтидо дар Самарқанд фаъолияти дошт, инчунин дар Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистон, ки то ба Душанбе рафтанаш мудири кафедраи адабиёти он буд, бо олимони Самарқанд низ бардавом будааст.

Адабиётшиносон Раҳим Муқимов ва Саида Нарзуллоева таҳти роҳбарии устод Айнӣ рисолаҳои номзадии худро ҳимоя карда буданд.

Бо саъю кӯшиши олимони Самарқанд Воҳид Абдуллоев ва Раҳим Муқимов ва дастгирии сарвари ҳамонвақтаи Ӯзбеки­стон Шароф Рашидов хонаи Айнӣ дар Самарқанд аз ҳуҷумҳои «азнавсозии Са­марқанд» эмин нигоҳ дошта шуд ва ҳоло ҳамчун «Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ» маҳфуз аст.

Бо ташаббуси олимони Самарқанд аз солҳои 60-уми асри гузашта то ҳол ҳар сол дар зодрӯзи устод Айнӣ маҷлисҳои «Солонаи Айнӣ» гузаронида мешавад.

Ном ва корномаи адиб, донишманд ва маърифатпарвари бузург устод Айнӣ ҳамеша дар ёди мардуми шарифи Са­марқанд боқист.

Аслиддин Қамарзода,

профессор, Корманди шоистаи фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Дигар хабарҳо