Наврӯзи ҷаҳон омад

 Наврӯзи ҷаҳон омад

19 март дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода маҳфили якҷояи наврӯзии Итти­фоқи нависандагони Тоҷикистон ва Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷики­стон Низом Қосим маҳфилро оғоз бахши­да, ҷамъомадагонро бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай табрик гуфт ва аз эҷодиёти худ дар бораи Наврӯз шеърҳо қироат намуд.

Сипас раиси Хадамоти иҷрои на­зди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Барно Саидвализода суханронӣ карда, оид ба ташаббусҳои Пешвои мил­лат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳонишавии Наврӯз андешаҳояшро иброз дошт.

Гардонандаи маҳфил муовини ав­вали Раиси ИНТ Ато Мирхоҷа, Нави­сандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳа­мид Самад, Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, шоирон Хайрандеш, Абдуллоҳи Раҳ­намо, Раънои Мубориз, Робиаи Холмирзо, Мафтуна, адиби афғонистонӣ Шамсулҳақи Ориёнфар ва дигарон шеърҳои наврӯзӣ хонданд ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Файзалӣ Ҳасан ва овозхон Сангалӣ Мирзоев таронасароӣ карданд.

Дар рафти маҳфил аз ҷониби раиси Бунё­ди ҳамёрии порсизабонон Карими Карим ба Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафӣ Ҷоизаи “Қанди порсӣ” супорида шуд. Шоири маъруф аз соҳиби ин ҷоиза шуданаш изҳори хушнудӣ карда, ашъори тозаи худро пешкаши иштирокдорон намуд.

Дигар хабарҳо