Номаи табрикии ИНТ ба Муҳаммад Ғоиб

 Номаи табрикии ИНТ ба Муҳаммад Ғоиб

Муҳтарам Муҳаммад Ғоиб!

Шумо аз қадамҳои аввал дар ҷодаи адабиёт худро чун қаламкаши баистеъдоду ҳунарманд муаррифӣ кардед ва бо эҷодиёти гуногунпаҳлуи худ дар муддати кўтоҳ дар олами адаб ҷойгоҳи вижа пайдо намудед. Дар оғози солҳои 80-уми қарни гузашта нахустин навиштаҳоятон таваҷҷуҳи устодони варзидаи суханро ҷалб намуда, чароғи умеду бовар ба фардои равшани Шуморо дар дилашон фурўзон карда буданд. Маҷмуаи шеърҳои аввалатон “Турнаҳо”, ки соли 1980 бо пешсухани устод Лоиқ Шералӣ ба табъ расид, Шуморо дар радаи шоирони ҷавони умедбахшу бомаҳорати замон қарор дод ва роҳатонро сўи дунёи бекаронаи шеър ҳамвор кард. Ҳар китоби шеъре, ки баъдан ба чоп расондед, қадами ҷиддиву устуворе буд ва аз ҷўёиву пўёии пайвастаатон гувоҳӣ медод. Китобҳои ашъори «Роҳи деҳа» (1981), «Меҳргиёҳ» (1985), «Хирмани моҳ» (1989), «Сад ғазал» (1991), «Хирмани гул» (1992), «Лолаи чашм» (1993), «Шоҳи Ҳамадон» (1995), «Ди­дор» (1997), «Фарёди ёдҳо» (1998), «Ашки қалам» (1998) ва “Парчами нанг” (1999), ки дар садаи гузашта интишор ёфтаанд, ҳам аёнгари пуркориву пурборӣ ва ҳам баёнгари зина ба зина ташаккул ёфтани ҳунари шоирии Шумо мебошанд.

Метавон гуфт, ки эҷодиёти Шумо дар асри нав хусусиятҳои тозатар касб карда, доманаи мундариҷаву мавзуъ ва жанру қолабҳои он бамаротиб фарохтар гардид. Хусусан, мавзуъи Ватан бо ҳама арзишҳову муқадда­соташ дар ин давра дар осоратон камолу ҷамоли бештар ёфт ва симои Шумо чун шоири чирадасти ватансарову ваҳдатгаро дурахшонтар шуд. Дар китобҳои манзуми “Гавҳари меҳр” (2001), “Боми сипеҳр” (2002), “Пой­гаҳ” (2004), “Сукути ашк” (2004), «Каъбаи дил» (2006), “Қиблаи умед” (2007), “Ватани Наврўз” (2008), “Мавҷи нур” (2010), “Чашмаи меҳр” (2011), “Ашки дил” (2014), “Достони Пешво” (2014), “Марди роҳ” (2014), “Руҷуи нотамом” (2015), “Оҳи ашк” (2016), “Ватандорӣ” (2017), “Ҳадиси умр” (2019), “Чашмаи саодат” (2020), “Дунёи меҳр” (2021)”, “Накҳати давр” (2021), “Баҳои ҷон” (2022) ва ғайра гулу хори диёр, обу хоки файзбори меҳан, арзишҳои мил­лӣ, корнамоиҳои бузургони ватанпараст, аз ҷумла Пешвои муҳтарами миллат ба тарзи хосу муассир таҷассуму тараннум шудаанд. Бештари шеърҳои ватанпарастонаатон аз ҷониби сарояндагони кишвар суруда шуда, ба хазинаи радио ва телевизион ворид гардидаанд.

Дар эҷоди шеър барои кўдакону наврасон низ маҳорати хоса зоҳир на­муда, китобҳои «Тути дара» (1984), «Савғо» (ба забони русӣ, 1990) , «Роҳи Каҳкашон» (2002), «Пойгаҳ» (2004), “Ба хона меҳмон омад” (2015)-ро пешкаши хурдсолон кардаед, ки шавқовару хонданиянд.

Эҷодиёти Шумо гуногунпаҳлу буда, дар баробари шеър насри бадеӣ, намоишнома ва филмно­маро ҳам дар бар мегирад ва дар ҳар яке аз ин бахшҳо намунаҳои ҷолиб ироа кардаед. Китобҳои “Дарди ҳастӣ” (2015), “Қаламрави ёд” (2017), “Дунёи тақдир” (2019), “Ҷинояти беҷазо” (2020) “Подош” (2021), “Ҳеҷ кас дар нимароҳ наме­монад”, ки асарҳои насриятонро дар бар гирифтаанд, аз сўи хонандагон истиқболи хуб ёфтаанд.

Драмаҳои манзуми «Шоҳи Ҳамадон», «Мири Кабир», «Имоми Аъзам», «Арвоҳзада», «Зиндамаргон», «Волидони беворис», филмномаҳои «Гум­гаштапайдо», «Пуштаи хандақпеч», «Ҳасрати дидор», «Вафодор» ва ғайра тавассути театрҳо ва телевизионҳои кишвар пешкаши бинан­дагон гардидаанд.

Шумо замони фаъолият дар ниҳодҳои гуногун, аз ҷумла ҳамчун раиси Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Хатлон, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Киностудияи “Тоҷикфилм”, директори “Телевизиони Тоҷикистон” ва сармуҳаррири рўзномаи “Ҷумҳурият” дар пешрафти ин соҳаҳо саҳми чашмрас гузошта, кадрҳои лаёқатманди ҷавонро тарбия намудаед.

Унвони баланди Шоири халқии Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ ва Ҷоизаи байналмилалии ба номи Чингиз Айтматов подоши заҳматҳои якумриятон буда, аз эътибори баланд доштанатон назди давлату Ҳукумат ва хонандагон дарак медиҳанд.

Бо таманнои сиҳатмандии ҳамешагӣ ва сарсабзиву шодобӣ ҷашни фархундаи 70-солагиро ба Шумо муборакбод мегўем!

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Дигар хабарҳо