Эҳдо ба сарварони ду кишвари бародар

Ба муносибати Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон

                                                                                         Файзи Ашӯр

       Эҳдо ба сарварони ду кишвари бародар

Ба ҷуз қалбе, ки мехонад суруди ошноиро,

Чӣ орад бар хиҷолат сози ноҷӯри ҷудоиро?

 

Касе донад, ки бошад ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳ,

Сарояд аз дилу ҷон достони ҳамсадоиро.

 

Дигар бо осмон аз қиссаи чашми шумо гӯям,

Ки дар чашми шумо дидам таҷаллои самоиро.

 

Ба ғайр аз қаҳрамонӣ нест дасти ҳам фишурданҳо,

Ба миллатҳо диҳад таълим дарси дерпоиро.

 

Гулистонҳо ҳама гирди шумо ҷамъ омаданд имрӯз,

Ки то ин дам надиданд инчунин булбулсадоиро.

 

Кушодед аз сари сидқу вафо дар ҷодаи тақдир

Миёни қалбҳо роҳи заминию ҳавоиро.

 

Шуморо дар тариқи қуллаи мақсуд паймудан

Худо додаст, фармудаст балки раҳнамоиро.

 

Ҳама шодем, зеро чун бародарҳои бофарҳанг

Шумо кардед шод арвоҳи Ҷомию Навоиро.

 

                                                                             Салими Зарафшонфар

                            Ба шоири ўзбек

Биё, эй дўст, сўйи ҳам зи ду сў по гузорем,

Саломи дўстӣ дар дастҳо савғо биёрем.

 

Биё, имрўз баҳри ҳам раҳи манзил кушоем,

Ту бар ман роҳи дил, ман бар ту роҳи дил кушоем.

 

Агар мобайни давлатҳо хати сарҳад бишояд,

Миёни Давлати Дилҳо хати сарҳад набояд.

 

Биё, дар шаҳрҳои ҳамдигар мо ид созем,

Адуи дўстӣ ҳар кист, ноуммед созем.

 

Биё, дар қулла биншинем, аз шаҳбози Помир

Ба мурғи табъ омўзем парвози фалакгир.

 

Биё, гардем бо ҳам лаб-лаби дарёи Варзоб,

Намояд оби покаш мазраи илҳом шодоб.

 

Биё, бо ҳам чашем имрўз аз қанди Самарқанд,

Ки аз шаҳдаш ба лаб ҳар ханда гардадмон шакарханд.

 

Ба ҳамҷомии Ҷомӣ, ҳамнавоии Навоӣ

Бинўшему кунем аз дўстӣ дастонсароӣ.

 

Ба пўзиш даври ҳайкалҳояшон гулдаста бинҳем,

Ба ҳарду аз давоми дўстимон ваъда бидҳем.

 

Биё, аз лутфу сидқу меҳр чун истораҳо нур

Ба ҳам пошем, гардад зиндагӣ нураналонур.

 

Биё, эй дўст, сўйи ҳам зи ду сў по гузорем,

Саломи дўстӣ дар дастҳо савғо биёрем.

 

Зи поизаш на боке, мову ту ин хуб донем,

Биё, якарчаӣ дар боғи ҳамдигар шинонем.

Дигар хабарҳо