Ба коргарони НБО-и Роғун Кӯҳро он ки аз ро нишонад, туӣ, Оташ аз оби дарё ситонад, туӣ, Он ки чархи замон пеш ронад, туӣ, Зиндагиро ҳаме гул кунонад, туӣ. Сӯи фардо равон пеши саф коргар, Толеи халқи олам ба каф, коргар. Бори имрӯзу оянда бар дӯши туст, Бар тую насли ту сад шараф, коргар. Дода […]Идома...
— Паёми нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон, – изҳор намуд сардори раёсати сохтмони асосии Неругоҳи барқи обии Роғун Давлатбег Қарчизода, — ҳамовозии гарми бинокорони моро ба амал овард. Онҳо барои иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаҳо сафарбар шуданд. Боиси ифтихор аст, ки Паём ҳамаи соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва хориҷии мамлакатро фаро гирифта, ба […]Идома...
Рӯзҳои дар сохтмони аср, пайкари нуру зиё будан аҷаб нашъае дорад. Дар миёни кӯҳҳои осмонбӯс, дар синаи зартеғ, ки чор тарафашро муъҷизаҳои табиати афсонавӣ печондаанд, бо чанде аз биноҳои неругоҳ ва мутахассисон ошноӣ пайдо намудам. Нахуст ҳамсуҳбатам муҳандиси хушсалиқа Нуриддин аст. Нуриддин хатмкардаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ буда, собиқаи зиёди корӣ дорад. […]Идома...
Чанде пеш аз иншооти Неругоҳи барқи обии «Роғун» дидан кардаму чанд шабро ба рӯзу рӯзҳоро ба шаб овардам. Ҳеҷ гумон намебарӣ, ки дар ин шаҳр ва иншоотҳои дар ҷаҳони имрӯза нотакрори Неругоҳи барқи обии Роғун дувоздаҳу ним ҳазор техникаву мошинҳои пуриқтидор, ҳар яке ба ҳисоби ҳазор фаъолият дорад. Аз ин ҳама дидан ҳикмате аз китобҳои […]Идома...
Андешаҳо дар ҳошияи китобҳои публитсист Ҳасан Асоев Ба навиштаҳои публитсист, олими пуркор, пажуҳишгари варзида Ҳасан Асоев даҳ сол боз ошно ҳастам. Ва ҳар мақолаеро, ки аз зери қалами ӯ берун меояд, бо завқ ва бо диққат мутолиа менамоям. Дар чанд соли охир оид ба проблемаҳои мубрами рӯз, билхоса экология, энергетика, истифодаи оқилонаи обу замин мақолаҳои […]Идома...
Ҷойи тоқӣ ман кулоҳи оҳанин мепӯшам акнун, Мешавам ман корманди НОБ-и Роғун, Чунки андар ин набарди нуру зулмат Ҳал шавад тақдири истиқлоли миллат. Чунки андар ин набарди нуру зулмат Ҳал шавад тақдири истиқлоли давлат. Чунки руҳи корзори НОБ-и Роғун Ҳамчу як андешаи миллӣ Мекунад тоҷикро ғун. Чунки нақшу ҷойгоҳи чархи Роғун, Ҳамчу чархи сарнавишти халқи […]Идома...
Дар фазои Роғун абрпораҳо мисли заврақҳо шино менамоянд. Дар нишебу фарози кӯҳсор боди мушкбезе сайр дорад. Атрофи неругоҳи азими асрро табиат гулкорӣ кардааст. Кор дар ин ҷо ҷӯш мезанад. Табиат барои эҳёи ин марзу бум дари файзу нусраташро кушодааст. Дарё мавҷ мезанад, кафк мекунад ва суруди дилписандаш тавлид мегардад. Ин ҷо ҳар қатраи об ба […]Идома...
Дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон тибқи дастуру ҳидояти Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзуи “Инъикоси бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва эҷоди асарҳои адабӣ, публитсистӣ дар бораи заҳмати созандагони иншооти бузурги аср” мизи мудаввар баргузор гардид. Раиси Иттифоқи нависандагон, Шоири халқии Тоҷикистон Низом ҚОСИМ ҷаласаро ифтитоҳ намуда, чунин гуфт: – Инъикоси ҷараёни […]Идома...
(Гузору гузорише мавзун аз дили корзори Роғун, 28.07.2022) *** ✓Ҷойи тоқӣ ман кулоҳи оҳанин мепӯшам акнун, Мешавам ман корманди НОБи Роғун, Чунки андар ин набарди нуру зулмат, Ҳал шавад тақдири истиқлоли миллат. Чунки андар ин набарди нуру зулмат, Ҳал шавад тақдири истиқлоли давлат. Чунки кору корзори НОБи Роғун Ҳамчу як андешаи миллӣ, Мекунад тоҷикро ғун. […]Идома...
Роҳи мо рӯ ба хуршед аст. Мо ба саломи офтоб меравему ӯ ба истиқболи мо меояд. Лонаи ин мурғи зарринбол дар дили кӯҳистон аст, ҳамон кӯҳистоне, ки мардуми сарбаланди тоҷик зиндагӣ мекунанд. Ҳамон ҷое, ки чашмасорон аз дили санг мерӯянд, обшорон ишқи қуллаҳои осмонбӯсро месароянд, рӯдҳои сармаст рӯзгори кӯҳистониёнро шеър месозанд. Аз дарвозаи шарқии шаҳри Душанбе мебароем, Ваҳдатро низ мегузарем, дашту даманҳои сарсабзи […]Идома...