Аз ашъори адибони ӯзбек

Ба муносибати рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон

                                                    Эркин Воҳидов

             Забони модарӣ

Бигуфто нотиқе: ин аст тақдир

Ва ҳам таърих дорад ин тақозо,

Забонҳо ҷумла мемиранд, охир

Бимонад як забон дар рӯи дунё.

 

«Аё нотиқ, аз он минбар фуруд о,

Бигӯ, ҳарфе, ки мегӯӣ, чӣ ҳарфест?»

Зи гӯри хеш Пушкину Навоӣ

Бурун ҷастанд бо даъвою истез.

 

Ҳама андар ғазаб, шӯрида ҳайрон

Зи гӯри худ бурун ҷастанд он рӯз

Паиҳам Дантеву Шиллеру Байрон,

Такуру Балзаку Фирдавсии Тӯс.

 

Гузор ин нутқҳои бенамакро,

Чунин сафсаттаро кас кай пазирад?

Ҳама бо як садо гуфтанд бо фахр:

Забони модарӣ ҳаргиз намирад!

 

Чӣ бебунёд ҳукми содалавҳист! —

Ба дасташ соғари саршори гулфом

Ситоиш кард бас лафзи дариро,

Рубоиҳои шево хонд Хайём.

 

Беранже бо тамоми оташи дил

Суи нотиқ ниёз оварду пурсид:

Магар лафзи фаранги мо бимирад?

Чунин пурсиду бо андӯҳ нолид.

 

Зи ҷо бархоста Неруда, Лорка

Ду тан паҳлуи Сервантес расиданд:

Чӣ бадқасдон ба ҷони лафзи модар

Паёпай беамон ханҷар кашиданд?

 

Фузулӣ сӯхта мегуфт: чун гул

Нахоҳад пажмуридан лафзи модар.

Ҳама якбора афканданд ғулғул:

Намирад бо ҳама фан лафзи модар.

 

Чунон тирукамон дар шеъру санъат

Забонҳо то ки рангоранг бошанд,

Басо ҷангидаем андар замонҳо,

Ки ҳам бонигари фарҳанг бошанд.

 

Наход ин қадр шуд беқадру қимат

Тароват дар забони одамизод,

Ки бими мурданаш дар хокдон ҳам

Диҳад осоиши арвоҳ барбод?!

 

Шарорафшон бишуд ногоҳ «Фауст»,

Бубинӣ «Хамса» дар оташ фитода.

Садое дар ҷаҳон печид аз он,

Садое то фалакҳо раҳ кушода.

 

Дар олам ин садо печида бошад,

Куҷо мисли ҷаҳон поён пазирад!

Ҷаҳон гӯяд, забон ҳам ҷовидонист,

Забони модарӣ ҳаргиз намирад!

                                    Тарҷумаи Лоиқ Шералӣ

 

                                                                        Шуҳрат

                              Маҷнунбед

Намуда чатр баргу бори мавзунро ба гирди хеш,

Чаро, эй беди Маҷнун, умрҳо сар бар замин дорӣ?

Чаро қомат наафрозӣ, надорӣ майли парвозе?

Сари сабзу ҷавонро аз чӣ бар гардун набардорӣ?

 

Магар аз тобиши хуршеди олам дар ҳазар бошӣ?

Ва ё шарм аз рухи оинагуни осмон дорӣ?

Ба зери чодари рангинат аз чашми ғаразбинон

Ту рози ошиқони покро оё ниҳон дорӣ?

 

Магар селоби ашкони туро ҳадду ҳисобе нест?

Хамида қомати ту ё ки аз дарду алам гардид?

Ба дӯшат бор гӯӣ асрҳо як кӯҳи ғам гардид,

Чунин бори ҷафоро доштан бар дӯш осон нест…

 

— На ранҷу дарду ғам карда хамида қомати моро,

На дар назди тавоное сари таслим овардам.

Назода инчунин зӯровареро ҳеҷ гаҳ дунё,

Ки шоху баргҳоямро бидорад дар замин сархам!

 

Ман аз қалби пурэҳсону тавонои замин рустам,

Саҳаргоҳон ба зери абри найсон рӯйи худ шустам.

Насими шӯх дар ин ҷо ба фарқам кокулак мебофт,

Вуҷудам аз нафасҳои замин гармӣ, ҳарорат ёфт.

 

Ман аз он рустаам, бовар намо, эй ёри дамсозам,

Бароям ҳеҷ чиз аз он азизу меҳрубонтар нест.

Ба рӯйи синаи пурмеҳру эҳсонаш сар андозам,

Маро ӯ зодаву дар пеши пояш саҷда месозам?

                                                 Тарҷумаи Муъмин Қаноат

 

                                                                  Гуландом Тоғаева

Манам чун ахтари танҳо ба бурҷи осмони шаб,

Зи танҳоӣ, дареғо, фоли умрамро бароре нест.

Зи лутфу меҳрубониҳои ишқи ёр маҳрумам,

Ба фасли рустаниҳо дар вуҷуди ман шароре нест.

 

Шабеҳи хобҳои ман дароз афтодааст ин роҳ,

Ки дар шебу фарозу печутобаш мондаам саргум.

Худоё, ҷони нав бахшо, ки ишқи тоза мехоҳам,

Масозам сархаму овора байни ҷумлаи мардум.

 

Замоне мурғи иқболам ба тори арш пар мезад,

Замину осмон дар чашми дил орои дигар дошт.

Бигӯям ошкоро, ман зи шеъру ишқ розиям,

Ки ҳар як дар вуҷудам сӯзишу дарди фузунтар дошт.

 

Каломи хешро чун бишнавам дар маҳфили ёрон,

Ҳамефахрам, ки шеърам ҳамдаму ҳамрози инсонҳост,

Аз ин рӯ, шукри ишқи пок созам, то нафас боқист,

Зибаски ишқ майдони талошу ибтикори мост.

 

                                                                        Ойдинисо

Ману ту ахтарони ҳамқиронем

Ба бурҷи осмони шом рахшон,

Ҷудо дар чашми мардум гар намоем,

Ба ҳам вобаста боаҳдему паймон.

 

Чу як оҳанги ҳамхон ҳамсадоем,

Ғаму шодии дилҳоро сароем,

Ману ту ҷуфти кафтарҳои ҳамбол

Ҳамеша парзанон дар як самоем.

 

Зимистону баҳору фасли поиз

Ба боли орзу бинмуда парвоз,

Ману ту дар дили шаб роз гӯем,

Ба сони ҷуфти ошиқҳои ҳамроз.

 

Чу сайд аз роҳи ноҳамвори кӯҳӣ

Равон астем сӯи мулки уммед,

Ману ту ҳамсафар, ҳамҷону ҳамтан,

Расем, эй кош, бар домони хуршед.

 

Ману ту нағмаву оҳанги назмем,

Ки дарди ишқро созем тадбир,

Ману ту баъд аз ин бошем як Ман,

Дареғо, ки бувад моро ду тақдир.

                                            Тарҷумаи Акбар Абдулло

 

Дигар хабарҳо