• 02.05.2024

Роҳи рафтану барнагаштан

 Роҳи рафтану барнагаштан

Дар роҳ будам, телефонам занг зад, Абдулҳамид Самадов оҳи ба­дард кашида гуфт: “Муҳиддин Хоҷаев вафот кардаанд”, хомӯш монд. Хабари нохуш, ногаҳонӣ. Наход аз Муҳиддин Хоҷаев ҳам мондем? Нохушӣ паи нохушӣ, ки ҳамқаламони меҳрубон, дӯстони поктинат, ҳамсуҳбату хамни­шинони хайрхоҳ дар пеши назар аз мо мераванд. Дил реш мешавад, месӯзем, ки дар ин дунё ҳамроҳ будем, якеашон Муҳиддин Хоҷаев. Дар фикр мешавам, ба хотир мебиёрам.

Моҳи августи соли 1965, қариб 60 сол пеш. Хурсандӣ доштам, тӯйи хонадоршавиам, дар рӯзномаи “Пио­нери Тоҷикистон” (ҳоло “Анбоз”) адои вазифа мекардам, ҳампешагон даъват шуда. Муҳайё Музаффароваи раҳматӣ ҳам як ходими шуъбаам. Ҳамроҳи шавҳарашон нависанда Муҳиддин Хоҷаев омада буданд. Алоҳида табри­кам намуданд, як чойнику чанд пиёлаву коса туҳфа. Муҳиддин Хоҷаев китоба­шонро ба банда тақдим намуданд. Ки­тоб, он ду-се пиёлаву чойник аз рӯзҳои хушбахтиам ёдгорӣ, ёдгориҳои пурқи­мат, дар хона нигоҳ дошта мешаванд.

Аз ҳамон рӯзе, ки дар тӯйи хонадор­шавиам устодро дидам, бо ман ошно, ба деҳа, ба хонаамон меомаданд, фарзандон он касро «амак» мегуф­танд. Гоҳе агар онҳо аз деҳа шаҳр — ба Душанбе мерафтанд, мошинашон дар паси дарво­заи амакашон, ки дар назди бозори ба ном “Зелёний” ҷойгир. Ба хонаи амак медаромаданд. Дар баҳорон он кас бел дар даст дар ҳавлӣ, дар бехи ниҳолҳои анору себ, ток меҷунбиданд ё барои кишти зиро­ате пал ё ҷӯяк мекашиданд, Парвизу Иқболи мо ёрдамчиёнашон, белро аз дасташон мегирифтанд, ток мебури­данд. Онҳо аз ҷои ангурзор, аз Роҳатӣ, ки бо ангур номдор.

Рӯзе Парвизу Иқбол бозор рафтанд, дер, қариб шаб баргаштанд. Табъашон хира.

– Дер омадед? – пурсидам.

– Дар хонаи амак будем, — бо димоғи сӯхта ҷавоб доданд.

– Тинҷӣ аст? – алахон шудам.

– Амак рафтанд.

– Куҷо рафтанд? -ҳайрон мондам.

– Кӯчиданд, Хуҷанд рафтанд. Мо дар хонаашон будем, кӯчҳояшонро бор кардем, — гуфтанд.

Маълумамон гашт. Дар он рӯзҳои ноороми солҳои навадуми асри гуза­шта Муҳиддин Хоҷаев ҳам бо нияте, ки боз бармегарданд, аз Душанбе кӯчида рафта буданд, бисёр – бисёр орзуҳо, ки боз баргарданд. Лекин ба орзу на­расиданд. Ба Душанбе баргашта ната­вонистанд, дар Хуҷанд хокдон ёфтанд. Руҳашон шод, ҷояшон ҷаннат.

Кароматуллоҳи Мирзо,

Нависандаи халқии Тоҷикистон

 Вохӯрии аввалин

Дар он замон Иттифоқи нависандагон, адибон, мулоқотҳои адабӣ, ҳар асару китоби ба­деӣ, хуллас, ҳама рухдодҳои ба адабиёт марбут бӯи устод Турсунзода доштанду ёде аз ӯ медо­данд. Аз ҷумла, дар Норак бисёр медидем адибони тоҷику дигар ҷумҳуриҳои шуравиро ва, аз чӣ бо­шад, ки ҳамоно ва беихтиёр устод Турсунзодаро ёд мекардем. Рамзи адабиёту адибон, дар доираи васеътар шояд тимсоли тоҷику Тоҷикистон шуда буд ин ном!

Боре муаллими хуби адабиётамон Абду Камол бо марди ношиносе ба синф даромаданд. «Ин касро шинохтед?» – пурсиданд табассумкунон. Касе посух надод. «Хокистари сӯзон»-ро нади­даед?» – боз суол карданд. Ҳамон вақт ин кино нав пайдо ва зуд машҳур шуда буд. «Дидаем!», «Дидаем!» – аз ҳар сӯ овоз баланд карданд ҳам­синфон. «Сенарияи ҳамон филмро ана ҳамин кас – Муҳиддин Хоҷаев навиштаанд! – муаллим оҳи сабук кашиданд, ки барои идомаи суҳбат ақаллан риштаи наҳифи пайванде пайдо карданд. – Акнун ин кас дар шаҳри мо кор мекунанд, мехоҳанд, ки дар бораи бунёдкорони ГЭС китобе бинависанд…»

Баъд Муҳиддин Хоҷаев дар бораи бачагии душвор, таҳсил ва корҳои эҷодиашон нақл карда, дар омади гап гуфтанд: «Маро ба Норак устод Турсунзода фиристоданд, супориш доданд, ки ҳаёти синфи коргарро омӯхта, асари ҳаққоние эҷод кунам. Барои ҳамин ба бригадаи бетончиҳо ба кор даромадаам ва алҳол дар асл кӣ буданамро касе намедонад… – Каме таваққуф карда, идома доданд: – Инро танҳо ба шумо гуфтам, боз сира­мро фош накунед!»

Мо аз ин хел қарин ва одиву самимӣ гап задани нависандае, ки чанд китобу кино дорад, ҳайрон шуда, табассум кардем. Китобхонтарини син­фамон Бобоқул, ки аз боҷуръаттаринҳо ҳам буд, нимшӯхиву нимҷиддӣ гуфт: «Мо – пионер, сирри даркориро фош намекунем…» Аввал меҳмону муаллим, баъд ҳама аҳли синф хандиданд…

Кадоме аз ҳамсояҳои мактаб дастархону чой овард ва ҳамоно бӯи ҷонбахшу тавонбахши нони гарм хонаро пур кард. Муаллим Абду Камол нон шикаста, чой гардонданд. Меҳмон бурдае нон ба даҳон бурданӣ шуданд, вале ҳамоно, чизе ба ёдашон омад, ки даст боздошта, ба дастархон ишора карданд: «Шумо ҳам гиред, бачаҳо, нони сарҷамъӣ ширин мешавад…» Албатта, касе аз мо ҷуръати даст сӯи дастархон бурдан накард, лекин хоксорию самимияти адиб боз як риштаи пайванд шуд байни ӯву шунавандагонаш.

«Шукр, ки имрӯз нон фаровон аст ва шумо, ба­чаҳои азиз, чӣ будани бенониро намедонед. Вале барои мо, бачаҳои солҳои ҷанг, нон бо нархи ҷон баробар буд. Аз китобҳо хондагистед, ки дар он айём ба сари ҳар кас ҳамагӣ чандграмӣ нон рост меомад ва аз гуруснагӣ ҳалокшудагон шояд аз қурбониёни бевоситаи ҷанг камтар набошанд…»

Нависанда, шояд эҳсос намуданд, ки мавзуи ҷангу гуруснагиву қурбониён суҳбатро вазнин ва бачаҳоро зиқ мекунад, бо табассум пурсиданд: «Кӣ дар бораи нон шеър медонад?» Чанд нафар хонданд, аз ҷумла касе «Нонреза»-ро азёд гуфт:

Аз замин нонрезаҳоро чида, мемолам ба чашм,

Нони гарми меҳнатиро дида, мемолам ба чашм,

Чунки ман ҳам дар замони худ даравгар будаам,

Хӯшачину боғбанду дос дар бар будаам…

«Шеъри устоди бузурги адабиётамон Мирзо Турсунзода… – қаноатмандона гуфтанд муал­лимамон. – Чунин шеърро танҳо шоире гуфта метавонад, ки аз байни мардуми одии заҳматкаш баромада бошад, заҳмат кашидаву хӯша чида бошад, азоби бенонӣ дидаву бо шукр нонрезаҳоро ба чашм молида бошад! Шоире ин хел навишта метавонад, ки бо тамоми ҳастӣ қадри нону офа­рандаи он – деҳқонро бидонад!»

Баъд боз Муҳиддин Хоҷаев ба суҳбат ҳамроҳ шуда, дар бораи Иттифоқи нависандагон, ҳам­касбонашон, заҳмати қаламкашӣ, сарвари адибон — устод Турсунзода ва бузургиву хоксориҳояшон нақл карданд ва афзуданд: «Устод Турсунзода Норак ва бунёдкорони ҷонфидояшро бисёр дӯст медоранд, зуд-зуд ба ин ҷо меоянд ва аҳли қала­мро тарғиб мекунанд, ки дар ин мавзуъ шеъру мақола, очерку ҳикояҳо бинависанд. Барои ман ҳам боиси ифтихор аст, ки чунин шоири забардаст ва инсони бузург ба Норак, ба ин сохтмони беназ­ири аср фиристодаву супориши асар навиштанам додаанд. Вақту қувваамро дареғ надошта, ҷиддӣ меомӯзам ва мекӯшам, ки асари сазовори боварии устод биофарам… – ва, аз рӯи одат, боз лаҳзае таваққуф намуда, шӯхиомез афзуданд: – Дар ин кор, албатта, шумо, хонандаҳои азизам, тамоми ҳамшаҳриҳоям – норакиҳои номдор ёриам ме­диҳед, ҳамин тавр не?»

…Меҳмонро гусел мекардему дар дил ҳасад мебурдем, ки чӣ марди хушбахте – бо устод Мирзо Турсунзода ҳамкору ҳамкасбанд ва бо супориши бевоситаашон китоб менависанд!..

(Аз китоби Низом Қосим «Меҳру сеҳри шеър», «Маориф», 2018)

 

Дарси устод

Чанд сол муқаддам, ҳангоме ки аз фанни «На­зарияи адабиёт» ба донишҷӯён дарс мегуфтам, аз устод Муҳиддин Хоҷазод хоҳиш кардам, ки як соат вақт ҷудо карда, барои онҳо оид ба масъалаҳои офариниши асари бадеӣ, ҳақиқати бадеӣ, ҳақиқати воқеӣ, образофаринӣ ва ғайра андешаҳои хешро баён намоянд.

Дар рӯзи муайяншуда устод ба факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ҳозир шуданд. Дар тан шиму костюми ранги рав­шан, тозаву озода ва чун ҳамеша дар сар тоқии зебои тоҷикӣ доштанд.

Қаблан як бори дигар ба донишҷӯён аз фаъо­лият ва осори устод ба таври иҷмол ёдовар шуда, риштаи суханро ба ихтиёрашон гузоштам. Дарс аз 80 дақиқа иборат буд. Зимни суҳбат адиб аз шарикдарсии падарашон бо устод Айнӣ, нави­сандаи ҷавонмарг Пӯлод Толис, ширкаташон дар сохтмони НБО-и Норак, асарҳояшон дар бораи Роғун, Сангтӯда ва ғайра едоварӣ намуданд, аз азобу кулфат ва маҳрумиятҳои замони кӯдакӣ, даргузашти модар, муносибати моиндар, вазъи зиндагии бадарғашудагон дар вилояти Ставропол ва масъалаҳои дигар суҳбат карданд. Дар ин миён чанд маротиба садои устод ларзид, ашкҳои сӯзон рухсораҳояшонро тар мекард. Айнакҳои булӯриро боло бардошта, бо даст сиришки ди­даҳояшонро пок мекарданд ва суҳбатро идома медоданд.

Бахусус, вақте ки аз модари худ ҳарф меза­данд, сӯзи дил ва гиряашон авҷ мегирифт. Ҳама аз муҳаббати ба модар доштаи ин шахси беш аз 70-сола мутаассир гашта будем. Он вақт ман дарк кардам, ки инсон дар кадом синну соле, ки бошад, дар баробари азамати модар кӯдак мемонад ва вақте ки модарро ёд мекунад, ба олами кӯдакӣ ва эҳсосоти бачагӣ бармегардад. Устод нақл ме­карданд ва дар чашмони пур аз сиришки эшон гӯё манзараҳои сармои шадиди Русия, заминҳои ях­баста, ҷасадҳои дар ҳезумхонаҳо печондашудае, ки бинобар сардӣ имкони ба хок супурданашон набуд, маҳрумиятҳо аз меҳрубонии модар хира- хира ҷилва мекард. Афсӯс, ки он вақт телефонҳои сабткунанда набуд ва аксе аз он лаҳзаҳо дар даст надорем. Вале донишҷӯён аз он суҳбат ва дарс то ҳол бо муҳаббат ёд меоранд.

Ёдашон ба хайр!

Тоҷибой Султонӣ,

Профессор

Дигар хабарҳо