• 30.04.2024

Муҳиддин ХОҶАЗОД

 Муҳиддин ХОҶАЗОД

Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Муҳиддин Хоҷазод рӯзи 26 марти соли равон дар 86-солагӣ оламро падруд гуфт.

Шодравон бо асарҳои арзишманду хонданӣ байни аҳли илму адаб ва хо­нандагони тоҷик эътибори хоса дошт ва сифатҳои волои инсонияш маҳбубияти ӯро афзунтар мекарданд.

Марҳум соли 1961 факултаи филологи­яи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ)-ро хатм карда, кори худро ҳамчун мудири шуъбаи санъат ва драматургияи маҷаллаи «Садои Шарқ» оғоз намуд ва бо истеъдоду хислатҳои некаш дар муҳити адабии замон ҷойгоҳи худро ёфт. Дар идораи маҷаллаи мазкур чандин сол бо масъулияти баланд кор карда, котиби масъул ва ҷонишини сармуҳаррир буд. Сипас чанде ба сифати сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанг ифои ва­зифа кард.

Дар тули фаъолияти худ дар коргоҳҳои мухталиф ҳамчун инсони ҳалиму кушо­дарӯ ва эҷодкори хушсалиқа ба дилу дидаҳо ҷо гирифт ва соҳиби номи нек гардид.

Асарҳои Муҳиддин Хоҷазод аз солҳои шастуми асри гузашта дар нашрияҳои адабӣ ва баъдан дар китобҳои алоҳида интишор ёфтаанд. «Ба ҷои узр» (1965), «Нони ҳалол» (1970) ва «Нишони муҳаббат» (1974) асарҳои давраи аввали эҷодиёти нависанда буда, маҳорати хуби нигорандагӣ ва образофаринии ӯро равшан нишон медиҳанд. Дар ин давра адиб ба мавзуи сохтмони иншооти бу­зург ва користону корнамоиҳои бунёдкорон ба таври ҷиддӣ рӯй овард ва ҳосили ин талошҳояш дар романи машҳури «Об – рӯшноӣ» (1976) ба таври муаассир ва нишонрас ҷамъ омаду таҷассум ёфт. Ин роман, ки ба НБО-и «Норак» бахшида шудааст, муҳимтарин асари нависада буда, аз ҷиҳати мавзуъ ва муҳтаво дар насри ҳамон солҳо ҷойгоҳи вижа дорад. Муҳиддин Хоҷазод ин мавзуи доманадорро дар асарҳои «Нанг ва номус», «Роҳи Роғун дигар аст», «Кӯҳ бе варта нест» ва назири инҳо пайгирӣ карда, онро ба як навъ барномаи эҷодии худ табдил дод. Романи «Об — рӯшноӣ» соли 1985 дар шакли намоишнома низ ба саҳнаи Театри драмаи русии ба номи В. Маяковский гузошта шуд ва хуб истиқбол ёфт.

Соли 1997 аз пойтахт ба шаҳри Хуҷанд баргашта, кори эҷодиро ҳамчунон пур­маҳсул идома дод ва чун адиби пуртаҷрибаву варзида дар мустаҳкамтар шудани муҳити адабии вилояти Суғд ва тарбияи носирони ҷавон саҳми намоён гузошт.

«Романи сегона» (2008) ва романҳои «Ҳастӣ ибрат аст» (2011), «Аз нишебӣ то фарозиҳо» (2014), ки ба марҳалаи нави эҷодии нависанда тааллуқ доранд, аз густардагии доираи биниш ва ғанитар шудани осори ӯ шаҳодат медиҳанд.

Намоишномаҳои «Бандаи нафс» (1986), «Офат» (1987), «Самаки айёр» (1988), «Фалакро ҳар назар аз роҳи кин аст» (1989), «Саодати васл» (1995) ва «Садди Сайҳун» (1997) далолат мекунанд, ки адиб ба таври пайваста ва пайгирона дар соҳаи драматургия заҳмат кашида буд.

Филмномаҳои «Хокистари сӯзон» (1965), «Асрори ниёгон» (1970), «Сайди охирин» (1972) ва «Ошёни уқобон» қисмати муҳимми эҷодиёти нависандаро ташкил дода, далели гӯёи ҳунармандии ӯ дар офариниши ин навъи асаранд.

Унвонҳои «Нависандаи халқии Тоҷикистон», «Арбоби ҳунари Тоҷикистон» ва ордени «Шараф» подоши заҳматҳои ин нависандаи маъруф дар роҳи сухан мебошанд.

Муҳиддин Хоҷазод бо номи неку сиришти пок зиндагӣ кард ва мероси арзиш­манде аз худ ба ёдгор гузошт. Ёду ном ва осораш ҳамеша гиромӣ бод.

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Дигар хабарҳо