Шоҳзамон Раҳмон баъди ба итмом расонидани мактаби миёна ва факултаи филологияи тоҷики Донишкадаи омӯзгории Душанбе ба номи Т. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ ) дар соли 1967 риштаи умри худро дар пайи таҳқиқи ва пажуҳиши осори адабӣ, махсусан адабиёти даврони инқилоб ва оғози садаи ХХ ва хидмат дар муассисаҳои илмиву таълимӣ пайваста, дар […]
Мираҳмад Амиршоҳӣ дар соҳаи адабиёт ва рӯзноманигорӣ бо ҳикояву қисса, очерку ёддошт, лавҳаю мусоҳиба, филмнома ва навиштаҳои дигараш шинохта гардида, ба ҳайси қаламкаши сермаҳсул пазируфта шудааст. Пас аз фароварди дабистони зодгоҳ (1973) ва факултаи забон ва адабиёти Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб (1977) дар рӯзномаи вилоятии «Роҳи ленинӣ» (1977-1991) ва баъдан дар рӯзномаи «Ҳақиқати Кӯлоб» (1992) […]Идома...
Шералӣ Мусо ба адабиёт аз роҳи хос – аз истеҳсолот ворид шуда, дар ин ҷода қалами нависандагӣ ва сабку салиқаи эҷодиро ҳамвора сайқал дода, бо табъу нашри силсилақиссаҳои мустанаду бадеӣ, мақолаҳои рӯзмарраи публитсистӣ ва ҳикояву ҳаҷвиёти ҳадафрас худро ба алоқамандони сухани бадеъ муаррифӣ кардааст. Ӯ соли 1968 мактаби миёнаи № 1 шаҳри Ваҳдат ва соли […]Идома...
Диловари Мирзо, ки бо ҳикояву қисса ва романҳояш кайҳо боз ба хонандагон шинос аст, ба синни мубораки ҳафтод расид. Ӯ дастпарвари Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон аст. Баъди ба итмом расонидани донишгоҳи мазкур чанд муддат ба сифати муаллим дар мактабҳои ноҳияи Рашт ба тарбияву тадриси насли наврас машғул буд. Сипас ба кори рӯзноманигорӣ пардохта, ба ҳайси мухбир […]Идома...
Профессор, доктори илми филология, узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ (2023), барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ (2005), Ҷоизаи байналмилалии Бедили Деҳлавӣ (2026), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1980) Абдунабӣ Сатторзода 85-сола шуд. Ӯ пас аз хатми мактаби ҳаштсола таҳсилро аввал дар Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷакент таҳсилашро дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон идома дод. Аз моҳи […]Идома...
Нозир Ёдгорӣ, рӯзноманигор ва нависандаи хуби мо, бо мақолаю очерк ва ҳикояву қиссаҳояш дар байни хонандагон маъруф аст. Ӯ баъди ба итмом расонидани шуъбаи журналистикаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1978) ба ҳайси ходими нашрияи «Роҳи ленинӣ» (дар собиқ вилояти Кӯлоб) фаъолияти рӯзноманигории хешро оғоз намуда, пасон ба сифати мухбири махсуси ҳафтаномаи «Адабиёт ва […]Идома...
Яке аз донишмандони маъруфи кишвар, адабиётшинос, матншинос ва мунаққиди намоён устод Аламхон Кӯчарзода ба синни мубораки 80-солагӣ қадам ниҳод. Аламхон Кӯчарзода 4-уми феврали соли 1946 дар деҳаи хушманзараи Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дида ба ҳастӣ кушод. Факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ)-ро соли 1969 хатм намуда, ба ҳайси […]Идома...
Абдулвосеъ Сангинов баъди ба итмом расонидани таҳсил дар шуъбаи рӯзноманигории факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ба кори матбуоту нашриёт пардохта, ба ҳайси мухбир дар рӯзномаи «Коммуна»-и ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло шаҳри Ваҳдат), муҳаррири шуъбаи адабӣ-драмавии Телевизиони Тоҷикистон, мухбири рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ», муҳаррир ва раиси нашриёти «Ирфон» кор кардааст. Ҳамчунин, дар солҳои […]Идома...
Шумо ба адабиёт бо нафаси тозаву азми қавӣ ворид шуда, бо шеърҳои нахустинатон диққати суханшиносонро ҷалб намудед ва дар радаи адибони ҷавони тозагӯ қарор гирифтед. Маҷмуаи нахустини ашъоратон «Навгонӣ» соли 1978 бо пешсухани устод Лоиқ Шералӣ чоп шуда, аз сӯйи хонандагон пазироии гарм ёфт. Баъдан бо азми ҷазмтару дили гармтар ба эҷод машғул шуда, маҷмуаҳои […]Идома...
Маъруф Бобоҷон баъди ба итмом расонидани факултаи филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло ДМТ) ба ҳайси муҳаррир дар Идораи гуфторҳо барои мамолики хориҷӣ, муҳаррири калон, мудири шуъбаи мухбирони ҷумҳурӣ, сармуҳаррири Идораи гуфторҳои адабӣ-драмавии Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон (1968-1986), ходими адабии рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ», раиси Маркази тарғиби адабиёти Иттифоқи […]Идома...



