• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ХАБАР

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

ТАДҚИҚОТИ САРШОРИ МЕҲР

ё худ андешаҳо баъд аз мутолиаи рисолаи

устод Садрӣ Саъдиев

Адабиётшиноси маъруфи тоҷик, доктори улуми филологӣ, профессор Садрӣ Саъдиев зиёда аз сӣ сол боз дар Самарқанд машғули эҷод буда, дар ин муддат ба соҳаи мазкур саҳми босазое гузоштааст. Таълифоте, ки устод дар ин муддат анҷом додааст, аз қабили рисолаҳои «Адабиёти тоҷик» (асрҳои XVI-XIX ва ибтидои асри XX), «Малеҳои Самарқандӣ ва тазкираи ӯ», «Инъикоси ҳаёти халқ дар адабиёти тоҷики асри XVII», «Нақшбандия ва таъсири он ба адабиёт», «Тамоюлҳои асосии мазмуни ғоявии адабиёти тоҷики асри XII», «Маркази адабии Самарқанд дар шоҳроҳи таърих» ва ғайра дар раванди ҷустуҷӯҳои илмии адабиётшиносии муосир қарор гирифтаанд.

Идомаи: ТАДҚИҚОТИ САРШОРИ МЕҲР

НАМУНАИ ҲАҚИҚАТУ САДОҚАТ

"Мардум бо нигоҳи зиракона ва хирадмандонаи Айнӣ аз барору нокомиҳои ниёгон дар набарди зиндагӣ огоҳ шуданд."

Эмомалӣ РАҲМОН

Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ бисёр қаҳрамониҳо кардааст, вале яке аз нахустин ва бузургтарин қаҳрамониҳояш, бешубҳа, "Намунаи адабиёти тоҷик" аст, ки мисолҳои дурахшонеро қотеъона ба муддаиёни муғризу бебунёд расонид ва фарҳанги ҳазорсолаамонро бебокона аз турктозиҳои замон раҳонид.

Аз нигоҳи имрӯз низ ин шоҳасар на танҳо оинаи қаднамою паҳновари эҳсосу андеша ва таҷассумгари ифтихори бекарони инсониву тоҷикӣ ва масъулияти беандозаи фарзандиву шаҳрвандии он бузургвори беамсол, балки намунаи барҷастаи завқу салиқа, адабиётшиносии оқилонаву мунаққидии одилонаи устод Айнист.

Идомаи: НАМУНАИ ҲАҚИҚАТУ САДОҚАТ

НИЗОМ ҚОСИМ: «90-СОЛАГИИ ҶУМЪА ОДИНА БО ШУКӯҲУ ШАҲОМАТИ ХОССА ТАҶЛИЛ ХОҲАД ГАШТ»

Имрӯз дар Душанбе бо ташаббуси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар мавзӯи «Озодандешӣ дар осори Ҷумъа Одина» конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар»  иттилоъ медиҳад, дар ҳамоиш ректори ДМТ Муҳаммадюсуф Имомзода, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ва дигар намояндагони илму адаб иштирок доштанд.

Идомаи: НИЗОМ ҚОСИМ: «90-СОЛАГИИ ҶУМЪА ОДИНА БО ШУКӯҲУ ШАҲОМАТИ ХОССА ТАҶЛИЛ ХОҲАД ГАШТ»

«НАҚШИ АБӯАЛӣ ИБНИ СИНО ДАР РУШДИ ФАЛСАФА, ИЛМ ВА ТАМАДДУНИ ҶАҲОНӣ»-ТАҲТИ ЧУНИН УНВОН ДАР ДУШАНБЕ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДОИР ГАРДИД

 

«Нақши Абӯалӣ ибни Сино дар рушди фалсафа, илм ва тамаддуни ҷаҳонӣ»-таҳти чунин унвон имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази синошиносии он конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид. Ҳамоиши илмӣ ба пешвози таҷлили 1040-солагии зодрӯзи олим ва мутафаккири бузурги тоҷику форс, Шайхур-раис Абӯалӣ ибни Сино, ки соли 2020 дар мамлакат дар сатҳи баланд таҷлил мегардад, бахшида шудааст.

Идомаи: «НАҚШИ АБӯАЛӣ ИБНИ СИНО ДАР РУШДИ ФАЛСАФА, ИЛМ ВА ТАМАДДУНИ ҶАҲОНӣ»-ТАҲТИ ЧУНИН УНВОН ДАР ДУШАНБЕ...

ДАР РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН

29 март маҷлиси навбатии раёсати Иттифоқи нависандагон барпо гардид.

Аз рӯи масъалаи якум – даъвати маҷлиси садорати ИН қарор карда шуд, ки ҷаласаи мазкур даҳаи охири моҳи май даъват гардида, дар он «Вазъи имрӯзаи адабиёти бачагон ва дурнамои рушди он» мавриди муҳокима қарор дода шавад.

Баъд аз ин маҷлиси Раёсат асарҳои барои дарёфти ҷоизаҳои адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода дар соли 2019-ро муҳокима намуда, қарор кард, ки ба мақсади дарёфти ҷоизаҳои номбурда асарҳои зерин то 20-уми июни соли 2019 ба муҳокимаи оммавӣ пешниҳод гарданд:

Идомаи: ДАР РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН

«ЁДДОШТҲО» - ҶАҲОНӢ

22 феврал дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 70-солагии асари мондагори устод Садриддин Айнӣ "Ёддоштҳо" таҷлил карда шуд.  Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим маҳфилро оғоз карда, зимни суханронии худ изҳор дошт:

- Имрўз як маҳфили хоса бахшида ба 70-солагии нашри "Ёддоштҳо"-и устод Садриддин Айнӣ баргузор мегардад. "Ёддоштҳо"-и устод Садриддин Айнӣ мисли дигар асарҳояшон асаре ҳаст, ки дуру дароз дар дилу ҷони устод пухта расид ва оқибат рўйи коғаз омад. Ҳарчанд, мутаассифона, ба охир нарасид.

Идомаи: «ЁДДОШТҲО» - ҶАҲОНӢ

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37