Машварати ҷумҳуриявии адибони ҷавон
Рӯзҳои 21-24-уми октябри соли равон дар шаҳри бостонии Хуҷанд даври ниҳоии Машварати ҷумҳуриявии адибони ҷавон баргузор мегардад.
Дар ин ҳамоиши бузурги адабӣ ва маърифатӣ роҳбарияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, устодони шинохтаи сухан ва адибони варзида иштирок намуда, эҷодиёти ҷавонони соҳибистеъдодро аз гӯшаҳои гуногуни кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳанд. Дар натиҷа ба беҳтаринҳо барои узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон роҳхат дода мешавад.
Тибқи нақша, пас аз ҷамъбасти машварат гулчини беҳтарин осори адибони ҷавон дар шакли як маҷмӯаи дастҷамъӣ ба нашр хоҳад расид. Ин машварат фурсати хубест барои ҷавонони қаламкаш, то аз донишу маслиҳати устодон баҳра бардоранд.
Қобили зикр аст, ки бо ҳамкории Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар доираи ин чорабиниҳо ҳамчунин ҷашни 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон устод Аскар Ҳаким ва маҳфили ёдбуди Шоири халқии Тоҷикистон, зиндаёд Нурмуҳаммад Ниёзӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор мегарданд.



