• 17.09.2026

Моҳи мастур

Дар яке аз дараҳои биҳиштии водии Зарафшон, ки Ҳафткӯлаш ҳафт ранг дорад ва ҳафт кӯҳаш ҳафт оҳанг (чун оби кӯл гулҳои соҳилро мунъакис намудаву дар кӯҳҳо андалебу кабк хунёгарӣ мекунанд) як шаби пурситораи моҳи Асад муъҷизаи муъҷазаке рух дод.

Шаби софу салқин ва ороми кӯҳистон нисбат ба шаби пурғубору пурмағали шаҳр хушгувор бошад ҳам, нависандаеро, ки дар соҳили кӯли Сияҳмижгон хайма зада буд, хоб намебурд. Ин кӯл дар сурат чашми сабзи заминро мемонд, ки ба осмон нигоҳ мекунад.

Нависанда Ардамеҳри Хуросонӣ, ки ин ҷоро барои кори эҷодиву истироҳат писандида буд, чун муаллифи достонҳои ишқӣ шуҳрат ёфта буд. Ӯ ҳар тобистон дар ягон гӯшаи дилпазири кӯҳистон хайма зада, дар як-ду моҳ, ба қавли худаш, қиссаеро “навишта  мефуровард”.

Нависанда рӯзона аз кӯл моҳӣ медошт, дар оби форами кӯл ғӯта мезаду  аз ин гӯшаи биҳиштӣ аҷаб ҳаловате мебурд.

Ӯ бо фуромадани пардаи торикӣ  чароғи карасинии худро фурӯзон карда, болои сандалича ба навиштани қиссаи ошиқона мепардохт. Ба ӯ садои чир-чиракҳо не, балки осмони бекарони пурситора, ки дар он чун дар оби кӯл моҳи мунир мисли моҳии симин шино мекард, бештар илҳом мебахшид. Имшаб аз шабҳои сари моҳи қамарӣ буд, дар осмон қурси моҳ наметофт ва нависанда дар рӯи кӯрпача аз як паҳлӯ ба паҳлӯи дигар гашта, на хобида метавонисту на навишта. Баъди хеле фикру хаёли паҳлӯгардиҳо аз бистар хеста, ба берун баромад. Пояш ба сатили холӣ бархӯрд ва сатилро гирифта, ҷониби кӯл равон шуд. Ӯ ба лаби чашма расида, дер гоҳ бо ҳайрат ба оби он нигоҳ кард. Дар осмон қурси моҳ наметофт, аммо дар оби чашма қурси симини моҳ “мана ман”  гуфта, истода буд. Барои Ардамеҳри  Хуросонӣ, ки нависандаи воқеанигор буду ба афсонаю муъҷиза бовар надошт, ин ҳол ғайривоқеӣ намуд. Гумон кард, ки ин ҳама руъёст. Сатил ба оби чашма фурӯ бурд ва обро гирифта, ҷониби хаймааш гом бардошт. Вале қадаме наниҳода, аз шуои қурси моҳи даруни сатил ба худ омад. Сатилро ба замин гузошту ду-се ҷои бадани худро пучид, ки агар хоб дида истода бошад, бедор шавад. Баъди ин амал низ моҳ даруни сатил чун чароғи барқии кулӯла нурпошӣ мекард. Нависанда боз як бор ба осмон нигоҳ кард: моҳ дар осмон набуд. Сипас даст ба оби сатил фурӯ бурд, то бисанҷад, ки ин моҳии нурафшон аст ё моҳи ҳақиқӣ? Панҷааш аз даруни қурси моҳ чун аз даруни шуо гузашт бе ҳеҷ монеа. Ӯ агарчанде зоҳид набуд калимаҳои шаҳодат ба забон овард ва бар илова сураи «Ихлос»-ро хонд. Баъд “аз муъҷизаат гардам, Худоҷон” гуфта, сатили нурафшони худро бардошт ва сӯи хаймааш, ки аз дари он рӯшноии чароғ берун мерехт, равон шуд. Вақте ки ба хайма даромад, ҳис кард, ки рӯшноии моҳи даруни сатил аз шуои чароғ зиёдтар аст. Чароғро кушт. Сипас паси сандаличаи сайёри худ нишаста, чанд соат бе танаффус навишт. Дар қиссаи нави ӯ қаҳрамонҳо Моҳпайкар ва Меҳрангез оид ба тавсифи моҳ ба ишқу ошиқон баҳси домонадоре карданд.

Баъди анҷоми кор ба бистари хоб дароз кашид ва бо кампал худро пӯшид. Ин дам дид, ки қурси моҳ аз даруни сатил баромад ва чун тӯби мунаввар ғелида омада, аз ҷониби пой зери кампали ӯ даромад. Сипас оҳиста-оҳиста ба мобайн омад ва нависанда ҳис кард, ки тамоми вуҷудашро эҳсоси кайфовар фаро мегирад.

Ардамеҳри Хуросонӣ кампалро бардошта,  даст ба қурси моҳ дароз кард, то ӯро мисли маъшуқае ба оғӯш бигирад. Дастонаш боз даруни нур фурӯ рафтанд ва ба ӯ чунин тофт, ки дӯшизае бо ноз бихандид. Сипас моҳ болотар омад ва ба қафаси сина фурӯ рафт. Дили Ардамеҳри Хуросонӣ он қадар рӯшан шуд, ки гӯё чилчароғи булӯрини фурӯзон бошад. Ҳиссиёти парвоз фаро гирифт, ба осмонҳо, ба кайҳони пурситора ва ӯ аз он баландӣ ба такудави одамони заминӣ нигариста, хандааш гирифт. Кай хобаш бурдааст, намедонад. Саҳар бо ғазали мурғони хушхони кӯҳсор бедор  шуд. Аввалин фикре, ки ба сараш зад: моҳ куҷо шуд? Моҳ на дар сатил буд, на дар зери кампал, на дар дил. Ардамеҳри Хуросониро ғам гирифт: гӯё чизи беҳтарини зиндагиро гум кардааст. Тамоми рӯз сараш болои зонуи хаёл буд. На ҷумлаеро хонда тавонист, на сатре навишт. Аз гулӯяш низ чизе нагузашт. Бо фуромадани пардаи торикӣ қурси моҳи мунир боз даруни сатили об пайдо шуд. Ардамеҳри Хуросонӣ он қадар хурсанд гардид, ки ҳам хандиду ҳам ашки шодӣ рехт! – Аз мӯъҷизаат гардам, Худо! –  гуфта ба даст қалам гирифт ва идомаи қиссаи ишқиро навишт. Боз қаҳрамонҳои асар оиди таъсири руҳонии моҳ ба дарунёфти инсон баҳс карданд. Боз ҳолати васл бо моҳ такрор шуд ва парвозҳои хаёлиро анҷом дод. Шоми дигар моҳ наомад. Дар осмон ба мисли изи нохуне ба синаи пурдарди ошиқ ҳилоли моҳи нав рух намуд. Ардамеҳри Хуросонӣ ба асари нави худ нуқта монда буд. Ӯ хаймаро канду ба зодгоҳи худ Самарқанд рафт. Ӯ то ҳанӯз ин воқеаро рӯи коғаз наовардааст. Лекин хаёлӣ шуда мондааст. Доимо фикр мекунад, ки моҳ воқеан меҳмони ӯ гардид ё ҳамааш хобу хаёл буд?

Умед мекунем, ки рӯзе моҳномаи худро хоҳад навишт.

Дигар хабарҳо