• 29.07.2026

Озмуни ғазали сол

Бо тавсияи роҳбарияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва пешниҳоди иштирокдорони ҳамоиши ҷумҳуриявии “Бурду бохти ғазали имрӯз” ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” бо мақсади тарғиб ва рушди жанри суннатии ғазал дар адабиёти муосири тоҷик озмуни ҷумҳуриявии “Ғазали беҳтарини сол”-ро эълон мекунад. Ғазалҳои пешниҳодшуда бояд ҷавобгӯи суннатҳои беҳтарини ҳунарӣ, бадеӣ, мазмунӣ ва ғоявии ғазалсароии форсии тоҷикӣ бошанд.

Муаллифон метавонанд новобаста аз синну сол ва касбу кор ду ғазали тозаиншои худро то 31-уми декабри соли 2026 ба идораи ҳафтанома (шаҳри Душанбе, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 8, ё ба почтаи электронии gazeta_adabiyot@mail.ru) фиристанд.

Ғазалҳои хубу арзанда дар  саҳифаҳои ҳафтанома чоп шуда,  беҳтарини онҳоро ҳайати босалоҳияти доварон  муайян мекунанд.

Барои ғолибони озмун мукофотҳои зерин пешбинӣ шудаанд:

Барои ҷои якум – 1000 сомонӣ;
Барои ду ҷои дуюм
ҳар яке 800 сомонӣ;
Барои се ҷои сеюм
ҳар яке 500 сомонӣ.

Дигар хабарҳо