Аз ашъори Махсум Олимӣ

Ба муносибати 70-солагии шодравон Махсум Олимӣ

Офариданд

Туро рӯйи базебу чашми шаҳло,
Маро масти назарҳо офариданд.

Туро гул дар баҳори олами ишқ,
Маро булбул ба дунё офариданд.

Туро аз сӯзу сози ишқ фориғ,
Маро пуршӯру савдо офариданд.

Зиҳӣ, ки беғаму бедард ҳастӣ,
Маро пурдарду шайдо офариданд.

Ту дунёи манӣ, дунё наҷӯям,
Ба ман ин гуна дунё офариданд.

Дарёи маҳтоб

…Ин лаҳза мову ту
Ҳамрозу ҳамнафас.
Мурғи умеди мо
Озод аз қафас.
Дар зери моҳтоб
Рӯят мунаввар аст.
Лабҳои комҷӯ,
Илҳомовар аст.
Бигзашта лаҳзаҳо
Бисёр ноаён.
Дарёи моҳтоб
Аз чашми мо ниҳон
Танҳо ману туем
Хомӯш лаб ба лаб.
Дар синаҳо шарар
Дар дидаҳо тараб.
…Ин лаҳзаҳои нек,
Дарёи моҳтоб.
Моро куҷо барад,
Аз олами шубоб.

***

Шеъри ман, эй тифли раҳомӯзи ман,
Роҳи ту ҳамвор на, шебу фароз.
Розиям худ бинам умри кӯтаҳе,
Лек хоҳам умри ту бошад дароз.

                  Духтаре дидам…

Духтаре дидам, ки танҳо шистааст
Гӯшае дар он шаби базму тараб.
Ҳаст аз чашмони маҳзунаш аён,
Ноаён месӯзад андар тобу таб.

Ҳар нигоҳаш сӯи домоду арус,
Рамзноку сеҳрноку ноумед.
Худ намедонад, ба домоду арус
Бахти бад хоҳад ва  ё роҳи сафед.

Чашмҳояш сӯи раққосону лек
Ёди ӯ боди парешони баҳор.
Ҳам намефорад ба гӯшаш ин замон
Савти оҳангу суруди ёр-ёр. …

Лабхамӯш ӯ вақти рақси духтарон
Меравад аз базми ҷамшедӣ бурун.
Ҷуз худи ӯ кас намедонад чаро,
Қалби ӯ дар ин шаби шодист хун.

                               Мани ошиқ

Гаҳе ки духтарони деҳаи ман
Ба савти ёр-ёр оянд арғушт.
Ба гӯш ояд зи рӯду  чашмаю кӯҳ:
Маро кушту маро кушту маро кушт.

Гаҳе ки духтарони деҳаи ман,
Ба рақс оянд, рақсад беди Маҷнун.
Зи файзи хандаю  эҳсону шодӣ,
Замоне деҳаам гардад дигаргун.

Ба рақс оянд онон, деҳа рақсад,
Ҳама дилдодаву дилдори шайдо.
…Мани ошиқ ба духтарҳои шаҳрӣ
Фақат дар гӯшае биншаста танҳо…

***

Бо ғами дил пеши бедил орамидан хуб нест,
Назди бедил рози дил гуфтан-шунидан хуб нест.

Ҳар сухан дониста гӯю хом бошад, пухта кун,
Хӯшаи нопухтаеро ҳам дурудан хуб нест.

Хас ба рӯи об сарсон аст монанди ҳубоб,
Гавҳар ар бошӣ, туро боло ҷаҳидан хуб нест.

Гар ба маҳ шинӣ чу моҳу ҳамдами дегӣ – табоҳ,
З-ин сабаб бо ҳар касу нокас танидан хуб нест.

Косаи давр аст, ҳар кас навбате дорад ба худ,
Оқилӣ гар, аз пайи мансаб давидан хуб нест.

***

Ёди санги кӯҳсорам мекушад,
Дар диёрам дарди ёрам мекушад.

Сели куҳ манро набитвонад кушад,
Сели ашки рӯзгорам мекушад.

Гармии ишқи ту ҷонам медиҳад,
Сардии меҳри ту зорам мекушад.

Талхии дуди сигорам роҳатест,
Талхрӯзи рӯзгорам мекушад.

Ҳалқаи дорам нахоҳад кушту лек
Ҳалқаҳои зулфи ёрам мекушад.

Бебарориам намегирад барор,
Гирудори бебарорам мекушад.

Дурии ҳиҷрону оҳу нола не,
Шодии дидори ёрам мекушад.

Дигар хабарҳо