Дар ҳама кор машварат бояд…

Суханронии Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим дар оғози машварати адибони ҷавон

Диёри арҷмандам зинда бодо!
Баланди дилписандам зинда бодо!
На камтар аз Самарқанду Бухоро –
Душанбею Хуҷандам зинда бодо!

Имрӯз шаҳри бостонию ҷавони Хуҷанд дар радифи Душанбеи азизамон бе муболиға ба маркази адабии кишвар табдил ёфтааст. Намояндагони адибони ҷавони тамоми гӯшаву канори мамлакат, ки навиштаҳояшон дар машваратҳои минтақавӣ баҳои баланд гирифтанд, дар ин ҷо ҷамъ омадаанд. Устодони адабиёти муосирамон шеъру ҳикояҳои онҳоро баррасӣ мекунанд ва дар роҳи дуру душвори суханварӣ фотиҳаи некашон медиҳанд. Бинобар ин, аз номи Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шахсан Раиси вилоят муҳтарам  Раҷаб Аҳмадзода, ки барои ин кори барои адабиётамон муҳимму зарур шароити мусоид фароҳам оварданд, миннатдории самимӣ  баён мекунам.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои фаъолияташ ба ҳайси сарвари миллату давлати Тоҷикистон ба адабиёт ва ҳар як адиб таваҷҷуҳи хос дорад. Зери сарпарастии давлат қарор додани созмони эҷодии нависандагон, ҷашнҳои муҳташами саромадони адабиёт, чопи китобҳои мондагор, баргузории ҳамоишҳои зиёиён, нашри осори шоиру нависандагони классик ва муосир далели равшани ин аст.  Иттифоқи нависандагон ба ин ғамхориҳо бо эҷоди асарҳои сазовор ва мавқеи устувори адибию шаҳрвандӣ посух мегӯяд.

Яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти ин созмони машҳури эҷодӣ аз давраи  устодони бузурги адабиётамон кор бо адибони ҷавон аст ва таҷриба нишон медиҳад, ки машваратҳои омӯзишии навқаламон дар ин маврид воситаи муассирест. Аксари адибони маъруфамон аз ин мактаби ҳақиқии адабӣ гузаштаанд ва имрӯз рози малакаву маҳорати эҷодиашонро ба шогирдон мегӯянд.

Бовар дорем, ки машварати навбатӣ ҳам ба сабақҳои фаромӯшнопазири эҷодӣ табдил меёбад. Муҳим он аст, ки мулоқоти адибони наслҳои гуногун барпо мешавад, ибрози андешаҳои мухталиф доир ба сухану суханварӣ сурат мегирад, адибони ҷавон муҳокима кардану муҳокима шуданро меомӯзанд ва бе ягон шубҳа истеъдодҳои нав кашф мешаванд. Машварат минбари кушоду равшан гуфтан аст, ки адабиёт чун гузаштаи муқаддас ва ояндаи равшани ин халқу ин сарзамин ҷиддият, заҳмат ва масъулиятро меписандад.

Адибони ҷавони мо зодагони замони пешрафтҳои тасаввурнопазири техникаву технологияанд, лекин бояд эҳсос бикунанд, ки бо вуҷуди ин ҳама ниёзи инсон ба сухани ҳақ, ба каломи бадеъ ва ба ҳикмати асрҳо заррае накостааст ва дар оянда офаридани чунин сухани пурҳикмати дилрас вазифаи онҳост. Дар ин кор Иттифоқи нависандагон ҳамеша ҳамдаму мададгор, хонаи умеди шумост ва дараш ба  рӯи ҳар як истеъдоди адабӣ боз аст. Аз шумо фақат як чиз талаб карда мешавад: ҷиддӣ омӯхтан ва бо нигоҳи наву ҳисси масъулият дар назди Сухан ва Ватан эҷод намудан.

Бузурге фармудааст:

Дар ҳама кор машварат бояд,
Кори бе машварат нак ӯ н-ояд.

Меафзоем, ки бахусус дар эҷоди сухане, ки амал аст ва инсонҳоро ба амал водор месозад, машварат бисёр зарур аст. Бигзор ин машварат барои ҳар якамон як мактаби омӯзишу як зинаи камолот бишавад. Биёед, камбудиҳои ошкоркардаи устодону рафиқонамонро собирона мешунавему танқиди барҷоро дуруст қабул мекунем ва бо эҷоди тозаву пурбор ба рушди адабиётамон саҳм мегузорем. Умедворам, ки  ҳар кадомамон масъулияти бузургамонро дар назди сухани бузурги тоҷикӣ амиқ эҳсос мекунем ва бо ҳамин эҳсоси воло даст ба хома мебарем.

Бо такрори ташаккур аз ҳамаи онҳое, ки дар баргузории ин кори хайр саҳм гузоштанд, ба кори машварат муваффақият мехоҳам ва боз ҳам иброз медорам, ки Иттифоқи нависандагон омода аст арзандаҳоро ба узвият бипазирад, навиштаҳояшонро пайваста дар нашрияҳои худ ба табъ бирасонад ва тавассути сарпарастон ба чопи силсилаҳои шеъру ҳикояҳояшон дар шакли маҷмуаҳои алоҳида мусоидат бинамояд.

Пирӯзӣ ёратон ва парвозҳои баланди эҷодӣ насибатон бод!

Дигар хабарҳо