Ангезаи мавҷ дар «Мавҷҳои Днепр»

 Ангезаи мавҷ дар «Мавҷҳои Днепр»

Ба муносибати 60-солагии достони «Мавҷҳои Днепр»

Ин асар дар иҳотаи фарҳангӣ ва адабии шуравӣ ва Тоҷикистони солҳои шастум ба вуҷуд омада ва дар он муҳит падидаи фаъолияти шахсияти тозаэҷоди ҳунарӣ мебошад. Оғоз ва анҷоми ин асар ҳам вазифаи вуруду ҷамъбастро ба худ гирифта, ягонагии зоҳирии онро ба вуҷуд овардаанд. Аммо гармонияи дохилии ваҳдату ягонагии асар бар вожаи «мавҷ» асос ёфтааст ва агар ин борро намедошт, риштаи борики пайванди дохилии асар гусаста мегардид ва ё қисми дохили ду паҳлуи Оғозу Анҷомро монанди бори вазнини миёнаи ҳамоил ба зер мебурд ва ҳусни таносубро мекоҳонд.

Дар Оғоз шоир рӯди Днепрро аз роҳи санъати маҷоз ба ташхис меорад. Ташхиси Днепр бо ёрии ташбеҳи рӯд ба модари Тарас, яъне шоири номдори Украин Тарас Шевченко, нидои суоломези «Эй Днепро» воқеият мегирад. Шоир ба мухотаби худ ҳамчун мусоҳиби пӯяндаи сифати шоирона, ҷӯяндаи шиносоиҳою ёриҳо, гӯяндаи асрор муроҷиат мекунад. Дар ин Оғоз, ки маҷмуан омехтаи мушоҳида, тахайюл ва тафаккур аст, ба дидаи шоир чизи асроромез мавҷҳо менамоянд.

Ҳамин «мавҷ» образи марказӣ, нақши пайвасткунандаи ҳамаи асар, воситаи ифодаи гуфтор, оҳанги (асосӣ) ва рамзи васлгари достон мегардад. Ин шакли гуфтор воситаи баёни матлаб ва тарзи ифодаи ҳолати лирикӣ шудааст ва чун ягонагии се унсури маърифат – мушоҳида ва тафаккуру тахайюл, озодию мустақилии комили гӯяндаро дошта, аз истеъдоду мухторияти фитрии ӯ гувоҳӣ медиҳад. Шоир барои пайванди ҷараёни андешаи худ нуқтаи таваққуф меҷӯяд, ки дар шакл воситаи анҷому ҷамъбаст ва ягонагии шеъри он аст. Ҳамин гуна нуқтаи таваққуф «Мавҷҳо» шудаанд. Аз мисраи «Омадам, рӯди бузург, эй мавҷҳо» маълум мешавад, ки шоир мавҷҳоро чун муродифи «рӯди бузург» мефаҳмад ё онҳоро тарзи зуҳуру намоиши мавҷудияти «рӯди бузург» эҳсос мекунад. Мавҷ, ҷунбиши сатҳи рӯи об, нишонаи ҳастии ноороми об аст ва ин маънии аввалист дар дидаи шоири мо.

Адиб дар интихоби мавзуъ ва шакли ифодаи он мухтор аст, вале маншаи он сабабе ва мақсаде буда метавонад. Пас, сабаби дар ин достон нақши мармузи марказӣ қарор додани «мавҷ» чист? Мавҷ ҳамчун рамзи ҷушу хурӯши зиндагӣ дар ҷабҳа ва соҳоти гуногун, ҳусни зиндагии кишвари Украин, риштаи алоқаи хоҳишу биниши воқеият бо шоир сурат мегирад. Оғози достон як навъ вуруду пайванд бо олами амвоҷ аст, ки дар бобҳои дигар зуҳури мушаххас ва дақиқ меёбанд.

Фасли аввал унвони «Мавҷи нур» дорад, яъне рамзи асосии достон – мавҷ бо нақши тозаи маҷозӣ – нур мепайвандад. «Мавҷи нур» – таркибе маҷозӣ барои ифодаи маънои барқ омадааст. Чун барқ дар замони гӯянда воситаи асосии рӯшноӣ додан аст ва рӯшноӣ бо нур алоқаи маъноӣ дорад, шоир онро рамзи навбатӣ ва пояи тахаюйлии ҳиммати рӯди бахшояндаи барқ қарор додааст. Маънӣ ин аст, ки мавҷ ҳусни холиси завқии рӯд набуда, балки нурафшон аст ва гӯё дар мисраи «Оташи дилҳост дар нури шумо» гармии эҳсоси дилҳо атокунандаи аввалии он фурӯғу рӯшноӣ будааст.

Фасли дигари асар «Мавҷ дар пешонаи поки Тарас» номида шудааст. Ин фасл тасвире холис тахайюлӣ ва бофтаи андешаи гӯянда аст аз воқеияти зиндагии инсонӣ, ки онро бо шахсияти шоири Украин Тарас Шевченко алоқаманд мекунад. Шоир ин дафъа дар чини пешонии Тарас нишонаи мавҷро дидааст. Ин мавҷ натиҷаи дурӣ аз амвоҷи Днепр (маълум аст, ки Тарас Шевченко ба даштҳои Қазоқистон бадарға шуда буд), рӯзгори номусоид, туғёни «гирдоби дил», савдои диёр ва «дарёи тафаккур» буда, «Мисли чине дар ҷабинаш нақш баст». Мӯъмин Қаноат шоири қарни нуздаҳи Украин Тарас Шевченкоро дидан наметавонист ва чинҳои пешонии ӯро ба тасвире шоирона бо ёрии хаёл ва таҷрибаю мушоҳидаи мардумӣ ба чунин ҳолати шоиронаю дилангез овардааст.

«Мавҷ дар саҳро» – фасли сеюми асар гандумзори Украинаро рамзи як мавҷи дигар қарор додааст ва онҳоро ба ҷунбиши рӯд монанд мекунад. Фасли чаҳорум – «Мавҷи одам» тавзеҳи «Ба хотираи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Саидқул Турдиев»-ро дорад ва ҳикояти кӯтоҳи шоиронае дар бораи ҷанги миёни лашкари шуравӣ ва олмон дар рӯди Днепр ва фавти тоҷикписаре аз тири душман. Мавҷи одамӣ ин ҷо рамзи хурӯҷи лашкари шуравист.

Фасли «Мавҷи пӯлод» тасвире шоирона аз коргоҳи пӯлодгудозист, ки резиши оҳани тафтаро шоир ба мавҷ монанд кардааст. Фасли «Мавҷи суруд» аз ҷиҳати назокати завқӣ ва баёни ҳиссиёти нозуки қалбии гӯянда шеъри басо дилпазир аст, ки гӯянда мафтуни навои лира, ҳусни навозанда ва мавҷи дарё шуда, ба ҳоли бехудӣ меояд. Нуқтаи олии тасвири ғиноӣ васлу пайвастану ба ҳам расидани шахс ва воқеият аст, ки ба кулли ҳастӣ лаззату ширинии зиндагӣ мебахшад ва ҳамин чизро дар ин мисраъҳо мушоҳи- да мекунем:

Як тараф руди Днепр сеҳркорӣ менамуд,
Дар гудози ман ба духтар турфа ёрӣ менамуд.
Ҷунбиши ҳар тор мавҷу қатраи дарёст мавҷ,
Мӯи пурчин
мавҷ дарё мавҷ, дар дилҳост мавҷ.
Ҷӯр мешуд мавҷи рӯду авҷи овози суруд,
Паҳн мешуд аз ҳамин ҷо дар фазои беҳудуд.
Як замоне об гаштам, қатраи дарё шудам,
Он шаби май бо Днепр ҷовидон якҷо шудам.

Фасли «Мавҷи ханда» вазъи хаёлист аз ҳусни зебои духтар, кӯдак ва ҷавонмард. Саодати одамӣ аз васлу ҳамбастагии ҳарсе ҳосил мешавад.

Фасли охирини «Мавҷҳои Днепр», ба назари мо, беҳтарин шеъри ин асар ва аз ҷиҳати шуҳрати миёни хонандагон аз хубтарин асарҳои Муъмин Қаноат маҳсуб меёбад. Самимияти одамӣ, меҳри бародарӣ, дӯст доштану раҳму шафқат барин ҳиссиёти қалбӣ дар ин шеър табиӣ, бидуни муболиғаю муҳобати риёӣ баён шудаанд. Ёди бародари дар ҷанги ҷаҳонӣ дар сарзамини Украина дучори марг омада, андешаи дар куҷо ва чӣ тавр фавтидани ӯ, меҳри аз ин фоҷеаи азими муҳташами он замони шуравӣ миёни халқҳо парварида асоси маънавии парвариши мазмуни ин шеър шудаанд.

Фасли «Анҷом» як навъ тавзеҳи дар атрофи мавҷ сухан гуфтани шоир аст. Дар банди дуюм маънии мавҷро шоир чун ҷушӯ хурӯши ҳастӣ дар қалби худ мебинад. Аз ин рӯ, мазмуни умумии «Мавҷҳои Днепр» маънои сирф лирикӣ ё ғиноӣ мегирад, чун ҷунбишу туғёни ҳастӣ дар қалбу равони гӯянда ва асли ҳақиқии диди ғиноии иҳотаи маънавии шоир асоси ин достон аст.

Зоҳири воқеии ҳамосӣ аз ёди сохтмони истгоҳи барқӣ, ёди Тарас Шевченко ва достони ӯ, сифати киштзори гандум, ёди ҷангу кору рӯзгори мардуми Украина ҳамагӣ шакли воқеияти такяи андеша ва ҳиссиёти ғиноиро гирифтаанд. Шоир аз ҳолати қалбию равонии худ, мувофиқ ба тасаввури он замон, оид ба арзишҳои башарӣ сухан мегӯяд.

Таъсири мафкураи ҳоким бо тасаввури замонии умумӣ алоқа ёфта бошад ҳам, созандаи асосии шеърҳо ҳолати қалбию равонии шоир аст. Ҳамин истиқлоли завқию фитрӣ пойбанди сахти мафкуравӣ ва шаклию ҳунарии адабӣ набудан мустақилияти комили гӯяндаро таъмин кардааст. Мавзуъгароии маҳзи шеъри миёнаи қарни бистуми тоҷикӣ нишонае дар фусули асар дорад, вале завқи саршор, андешарониҳои дақиқ ва ҳиссиёти ҷавонӣ нагузоштааст, ки гӯянда тобеи мавзуъ бошад. Азбаски шоир пойбанди сахти мафкура нест, мушоҳидаҳои зиндагӣ дар рӯи боли тахайюл ва андеша ягонагӣ ёфта ҳолати ҳақиқии шоирона мегиранд ва ин вазъро мо дар шакли беҳтар дар шеърҳои «Мавҷ дар пешонаи поки Тарас», «Мавҷи суруд» ва «Мавҷи бародарӣ» мушоҳида мекунем.

Ба фикри мо, воситаи марказии ба вуҷуд овардани ягонагӣ дар ин достон ва дигар асарҳои Қаноат дар нишонаи асосии услубии онҳост. Дар бораи алоқаи «мавҷҳо» бо мазмуни асар дар боло ишорае шуд, лекин ҳамин мафҳуми мавҷ ва мавҷҳо асоси шаклии ин асар гардидаанд. Пайдоиши мавҷ дар зеҳну забони шоир тасодуфист ё маншаи таҷриба ҳам дорад? Аввал ин ки Муъмин Қаноат дар деҳаи соҳили рӯди Панҷ камол ёфтааст. Рӯди Панҷ дар назди деҳаи Курговад ба кӯҳи муқобили қишлоқ бархӯрда гирдоби азиме ба вуҷуд меорад ва аз ин бархӯрди об бо кӯҳ ва харсангҳои соҳилу зери об онро ҳама вақт пурмавҷ мегардонад.

Ба илова аз даруни деҳа рӯди кӯҳии пуртуғёне ҷорист, ки ба таъбири маҳаллии лаҳҷаи дарвозӣ даргови Курговад хонда мешавад. Аз ин рӯ, ҳусну табиати мавҷи об аз кӯдакӣ дар мазоқи ӯ бояд менишаст, махсусан бо он ҳассосияти табиӣ, ки маншаи аввалини ба дунёи шоирӣ рӯ овардани ӯ буд. Ба таъсири об дар рӯҳияи шоир дар оғози «Достони оташ» ишора шудааст, аз ҷумла дар ин байтҳо:

Аз саҳар то шом байни хоку об
Месириштиям зи обу офтоб…
Мезадам бар об, мебурдам ба лаб,
Ёр мегаштам ба мавҷи беқарор…
Меҳри дарё дар дилам афрӯхтӣ,
Рӯи об истоданам омӯхтӣ…

Ривоятҳои маҳаллӣ дар бораи оби Панҷ зиёданд, дар таронаҳо ва шеъри шоирони маҳаллии Дарвоз низ суханҳо аз дарё ва мавҷи он гуфта шудаанд.

Ҳамаи инҳо омили пайдоиши чунин як нақше дар зеҳни шоир шуда метавонанд. Ҳақиқат доштани ин қазияро ин ҳам тасдиқ мекунад, ки каси дар соҳили рӯд парваришнаёфта гумон намеравад, ки ба чунин мавзӯе муроҷиат мекарда бошад.

Аввалин асари достониро дар мавзуъ ва оҳанги мавҷ ба унвони «Мавҷи табрикҳо» Мирзо Турсунзода соли 1948 ба муносибати 70-солагии И. Сталин навишта буд. Баъди фавти И. Сталин ва эълони шахсиятпарастии ӯ ин асар аз чопи такрорӣ ва назари аҳли таҳқиқу танқид фурӯ гузошта шуд.

Лекин Муъмин Қаноат аз мавҷудияти чунин як асаре огоҳӣ дошта онро аз мутолиа гузаронида буд ва вокунише дар зеҳни ӯ аз нақши мавҷ бо таъсири он пайдо шуда метавонист.

Ба ин тариқ, маъно ва мафҳуми мавҷ дар хайёл ва андешаи Муъмин Қаноат аз эҳсосоти парваридаи муҳити табиӣ ва адабӣ падид омада ва устувор гаштааст. Шоир онро, ба ҳукми тасодуфӣ ҳадси зеҳнӣ ва мантиқи эҷодӣ, асоси шаклии достони «Мавҷҳои Днепр» қарор дод.

Ҳарчанд қисматҳои ҷудогонаи асар, чунонки дар боло гуфтем, мазмуни мустақиле дошта, чун шеърҳои лирикӣ ба назар мерасанд, вале ҳамаи онҳо таҳти образи умумии мавҷ ҷамъ оварда шуда ягонагии шаклии достонро ба вуҷуд овардаанд.

Дар «Мавҷҳои Днепр» мавҷ рамзи эҳсоси зебоии ҳаёт мебошад, яъне маърифати завқи зиндагӣ ба воситаи нишонаҳои намоёни эҳсосшавандаи он – мавҷ ба амал омадааст. Ҳамин тавр ҳисси табиию муқаррарии одамӣ дар шакли ҷамъбасту умумӣ бо намоишҳо ва тасвироти диданӣ хусусияти умумӣ, ҷамъиятӣ ва то дараҷае рамзӣ пайдо кардааст.

Моҳияти асосии эҷоди шеър ҳам дар ҳамин аст. Аз эҳсоси бевосита ва табиӣ, ки хосси ҳар як фарди соҳиби завқи салим аст, ба ҷамъбасти эҳсосот гузаштан бо сари худ маърифати зебоиҳои ҳаёт ва кашфи шоиронаи асрори зиндагӣ мебошад. Дар достони «Мавҷҳои Днепр» гуфтан мумкин аст, ки ҳамин ҷамъбасти эҳсоси бевосита ва воқеоти реалии ҳаёт ба воситаи образи мавҷ муаллифро даст додааст ва муваффақияти шоир ҳам дар ин асар аз ҳамин ҷост.

Худоӣ ШАРИФЗОДА

Дигар хабарҳо