Марги ҳофиз

Ваҳ, чӣ сон дилошӯб аст суруди Шивоҷӣ, ҳофизи номдори Ҳиндустон! Замзамаи оби чашмасорон ва ғулғулаи раъду барқ, амвоҷи баҳри тӯфонӣ ва чаҳчаҳи булбул – ҳама дар нағмаи ӯст.

Аз Лоҳур то Бомбай, аз Мултон то Калкутта овозаи муғаннӣ ва достонсарои беҳамто, ҳамчун овози худаш, ҳангоме ки дар ҷашнҳо ва маросимҳо месарояд, танинандоз аст. Ҳар кас боре суруди ӯро шунида бошад, солҳо дар нашъаи он аст ва агар ин саодат насибаш нашуда бошад, як умр дар ормон.

Дили бузурги Шивоҷӣ кони савту навоҳо, ёдаш хазинаи ривоятҳо, замираш ганҷинаи ҳикматҳост.

Ҳофиз бузургии Ҳиндустонро месарояд. Ҳофиз далерони Ҳиндустонро ситоиш мекунад. Ҳиндустон дар ҷӯши исён. Дар Деҳлӣ, Мирут, Лакнав, Банорас, Канпур сипоҳиёни ҳинду мусулмон қиём кардаанд, бар истилогарони аҷнабӣ теғи хунин кашидаанд. Аз бедодии ғоратгарони фарангӣ ба ҷон расида, садҳо ҳазор мардуми шаҳру деҳот алами исён барафроштаанд. Замин дар зери пои ситамгарони англис даргирифта, ҳавои Ҳиндустон гудохта, Ганги муқаддас гӯё ки меҷӯшад.

Суруди Шивоҷӣ ҳеҷ гоҳе монанди имрӯзҳо, рӯзҳои пурғавғои тобистони соли 1857, чунин пурсадо набудааст.

Як моҳ пеш сипоҳиён, шӯришгарони Канпур бо сардории Нана-Соҳиби далер лашкари англисро торумор карданд. Худи сарлашкар Уиллер ҳам ҷон ба саломат набурд: ба генерали пири корозмуда, ки муддати панҷоҳ сол дар Ҳиндустон шамшер аз даст намегузошт, он ҳама таҷрибаи размовариаш кор надод. Канпури дар соҳили Ганг ва дар шоҳроҳи Деҳлӣ – Калкутта воқеъшуда, – шаҳре, ки мустаҳкамтарин урдугоҳи англисҳо ва муҳимтарин пойгоҳи ҳукмронии онҳо буд, акнун озод, акнун ба дасти сипоҳу раияти шӯришгар аст ва дар болояш байрақи свараҷ (истиқлол) ҷилвагар.

Нана-Соҳиб пагоҳ наҳзат хоҳад кард – лашкарашро ба муқобили қӯшуни англис, ки аз ҷониби Калкутта ба қасди дубора фатҳ кардани Канпур меояд, хоҳад кашид.

Ҷанги қаттоле дар пеш аст, ки дар вай, шояд, кори муқаддас свараҷ якрӯя гардад. Сипаҳсолор мехоҳад арафаи наҳзати калони худро ба маҷлиси симоъ, базм, айшу нӯш бахшад. Мехоҳад аз суруду нағмаи Шивоҷии беҳамто ҳаловат барад ва достони наверо, ки ҳофиз дар он рӯзҳо бастааст, шунавад. Охир кадом сарояндаву созанда мисли Шивоҷӣ қодир аст шунавандаро ин қадар шавқу сурур, ҳаяҷон, руҳи паҳлавонӣ ва размоварӣ бахшад!

Магар чунин ҳаяҷон ва чунин руҳия ҳоло ба Нана-Соҳиб, ба саркардагон ва сипоҳиёни вай аз ҳарчи заруртар нест?

Шивоҷӣ имрӯз меҳмони Нана-Соҳиб аст. Дар соҳили Ганги муаззам – дарёи муқаддаси ҳиндувон ба масофаи чандин кос чодарҳои ранг ба ранг зада шудаанд, ки дар офтоби оташтоби июлӣ медурахшанд. Дар мобайн ва гирду пеши чодарҳо филон, шутурон, говон, аробаҳо, бору бунаи гуногун, зину афзоли маркабҳо моломол ва дарҳам барҳам, тӯда-тӯда сипоҳиёни дасторбасар дар ҷунбишу тараддуд. Урдугоҳ кӯчи азими бодиянишинонро ба хотир меоварад. Дар миёни урдугоҳ чодари рах-рахи сабзу сурху сафеди сипаҳсолор бо байрақи сурху сабзе, ки дар болои чодар лаппас мезанад, ҳамчун товусе дар селаи мурғон, назаррабост. Аз он ҷо овози суруду нағма, созу наво ба гӯш мерасад.

Чодар қасрро мемонад, ки ниҳоят калон ва дарун ба дарун аст, сутунҳояш зарандуд, даромадгоҳашро посбонони ғули найзадор муҳофизат мекунанд; дар меҳмонсарои он бемалол дусад кас меғунҷад; саҳни меҳмонсаро бо қолинҳои гулдори гаронбаҳо ороста; хизматгорони чобук дар зарфҳои заррин таом ва духтарони паричеҳра дар ҷомҳои булӯрин шароб мекашанд.

Дар пешгоҳ бар тахти пасти мунаққаши зарандуд Нана-Соҳиби чиҳилсола – вориси ҳукмдорони кабири Маратхӣ, пешвозодаи мағрур ва лашкаркаши ғаюр нишаста, дар ду паҳлуи ӯ саркардагон, муқаррабон ва надимонаш ҷой гирифтанд.

Миёни ин анҷумани бузургон Рао-соҳиби вакили молиёти кишвар, сарлашкарҳо Бола Раои номвар, Боба Бхоти диловар, Тантия Топи сафдар ва Ҷавол Парасади гурди размовар, Азимуллохони вазири донишвар, Вазиуддини наттоқи суханвар, қозии Канпур бо ҷоҳу ҷалолашон худнамоӣ мекунанд.

Дар як канор бар рӯи суффаи хурди мураббаи қолинпӯш Шивоҷии солхӯрдаи мӯдарози паҳнриш бо созандагон нишаста, достони нави худро месарояд. Ваҳ, чӣ достоне!

Ва ҳофизи номвар онро бо чи овози шӯрангезе тараннум мекунад!

– Занҷири асорати садсола пӯсид, гусаста шуд! – месарояд Шивоҷӣ. – Ғуломон қад рост карданд. Зинда бод свараҷ! Инглис Ҳиндустонро ба ҳила гирифта буд, на ба зӯр; шер ба доми рӯбоҳ ғалтида буд. Акнун шер аз дом ҷаст! – нидо меандозад, ҳофиз. – Аз ҳайбати ӯ битарсу биларз, эй ғосиб ва ғоратгар! Инглис макр мефурӯшаду хоин мехарад, ватанфурӯш меҷӯяд.

Аммо ин дафъа мирҷаъфарҳо нахоҳанд буд ва Плесси такрор нахоҳад шуд! – бо ҷазаба хитоб мекунад ҳофизи пир. – Дар Деҳлӣ сардори шӯришгарони музаффар Бхотхони шерзод аст, дар Лакнав мавлавӣ Аҳмадшоҳи баҳодур, дар Ҷиҳансӣ қаҳрамондухтари Ҳиндустон Лакшми Бай, дар Аллоҳобод Лаёқаталихони шуҷоъ, дар Канпур Нана-Соҳиби фотеҳ даҳшат ва аҷали инглисанд! Зери байрақи свараҷ ҳинду ва мусулмон бо ҳам истодаанд, ҳинду ва мусулмон бародаронанд. Зинда бод иттиҳоди халқҳои Ҳиндустон, поянда бод свараҷ! Ту мемирӣ, эй душмани номарду нопок! Аз Гангу Ҷамна оташ мехезад, туро месӯзад! Макр мафурӯш, ки харидор намеёбӣ! Хоин маҷӯй, эй инглиси шум, ки Ҳиндустон сарзамини содиқон аст!..

Чунин буд суруди нави Шивоҷӣ.

Ҳаёҳу, шавқу ҷӯш, нидоҳои «офарин!»-у «шод бош!»-и аҳли чодар ҳанӯз хомӯш нашуда буданд, ки сипоҳии тануманде, саросар чанголуд, захми сараш бо латтаи чиркин баста, либосаш бо доғҳои хун олуда, шофу ханҷару таппонча дар камарбандаш ҳамоил, аз даромадгоҳ падид омад.

Вай аз қӯшуни пешгард омада буд.

– Ҳузур! – муроҷиат кард ӯ пас аз таъзим ба Нана-Соҳиб. – Маро фармондеҳ фиристод. Дар қарибии Фотеҳпур дастаи разведкачии инглис пайдо шуд, мо бо вай задухӯрд карда, чаҳор нафарро асир гирифтем, як нафари онҳо… – сипоҳӣ дар ин ҷои суханаш як назар ба Шивоҷӣ нигаристу сукут кард, гӯё ки ба гуфтани давоми суханаш душворӣ мекашид.

– Як нафари онҳо? – пурсид Нана-Соҳиб.

– Бале, ҳузур, ман ӯро гирифта овардам, – ҷавоб дод сипоҳӣ, – вай на инглис, балки ҳиндуст.

– Ҳинду?

– Бале, ҳузур. Аспаш тир хӯрда ғалтид, мо ӯро дастгир кардем. Агар рухсат шавад, дарорамаш.

Рухсат шуд, сипоҳӣ асирро даровард.

Ҳамин ки ҷавони борикандом, хушқомат ва хушсурате бе яроқ, бо либоси низомии дарида, сарлуч, мӯи чун ангишт сиёҳ ва анбӯҳаш титу парешон, ранги рӯяш парида, дар чашмони калон-калони сиёҳаш тарсу ҳарос, аз даромадгоҳ намудор гашт, Шивоҷӣ якбора ҷаҳида, ба по бархост ва бо садои ҳайратзадаи ваҳшатолуд:

– Шондип! – гӯён қадаме чанд ба сӯяш партофт.

Асир ду кафи даст ба рӯй кашида, чашмонашро пинҳон кард. Ӯ натавонист ба рӯи падараш нигоҳ кунад: зоҳиран, дар вуҷудаш ҳанӯз чизе аз шарму номус боқӣ монда буд.

Оре, ин сарбози асир, дар либоси низомии англисӣ, Шондип буд, писари ягонаи Шивоҷӣ буд. Вай дар коллеҷи инглисии Калкутта таҳсили илм мекард ва аз чӣ сабаб бошад, ки дар таътили тобистонӣ ба Канпур назди падараш наёмада буд. Ҳоло маълум шуд, ки чаро наёмада буд: вай сарбози инглисҳо шуда будааст…

Шивоҷӣ дигаргун гашт, ранги рӯи сиёҳҷурдааш дар як лаҳза ба зардӣ табдил ёфт, дасту пояш суст шуд, ӯ хастаҳолона ба кунҷе рафта, сутуни чодарро дошта, ба замин нишаста монд.

Нана-Соҳиб ва меҳмононаш мекӯшиданд, ки ба ҳофиз нигоҳ накунанд.

Сари Шивоҷӣ хам, чашмонаш ба замин дӯхта буд. «Хоин маҷӯй, эй инглиси шум!» – ин суханони ҳофиз ҳоло дар гӯши худаш ҳамчун таъна, истеҳзо ва тамасхур садо медоданд.

Хаёли ӯ ба зани марҳумаш рафт, – ҳофиз дар фикраш бо вай гуфтугӯ мекард: «Оҳ, Радҳа, ёд дорӣ, мо бо ту аз писари ягонаамон чӣ умеду орзуҳои ширине доштем, чӣ нақшаҳои хуше дар ҳақаш мекашидем!.. Доғи ту ҳанӯз синаамро месӯзонад. Радҳа, лекин – бубахш – ман дар ин лаҳза ҳатто шодам, ки ту рафтӣ ва нанги фарзандатро намебинӣ. Гӯё ту медонистӣ, ки ин мусибати тоқатшикан ба сари мо хоҳад омад ва бинобар ин пештар рафтӣ, то ки онро набинӣ. Акнун ман чӣ кор кунам, Радҳа, ин нанги бадтар аз маргро чӣ сон таҳаммул кунам? Оҳ, чаро ман ҳам бо ту нарафтам?»..

Дар ин миён сипаҳсолор Шондипро истинтоқ мекард. Забони асир бо ғояти душворӣ ба гуфтор меомад, ӯ нотавону забун ба по истода буд, реза-реза меларзид. Чун аздусар умеди шафқат надошт ва даст аз ҷон шуста буд, ба пурсишҳои Нана-Соҳиб ҷавоби рост медод.

– Оре, бо ихтиёри худам сарбоз шудам. Агар дар ҷанг диловарӣ кунам, кор нишон диҳам, ба ман пас аз ғалаба мансаб, мавоҷиби калон, зиндагии бо айшу нӯш ваъда карданд. Дар Калкутта курси кӯтоҳмуддати сержантҳоро хатм кардам. Дирӯз ба разведка худам талабгор шуда баромадам. Оре, ба болои Канпур генерал Ҳавелок дар сари фалон қадар лашкари саропо мусаллаҳ, фалон қадар савору пиёда ва фалон миқдор тӯпу тӯпхона омада истодааст…

Истинтоқ тамом шуд. Нана-Соҳиб дар бораи кашидани лашкар ба истиқболи Ҳавелок фармони нави худро эълон кард:

– Пагоҳ дер мешавад, худи ҳамин шаб бояд юриш кард.

Вай саркардаҳоро фармуд, ки бираванд ва фавҷҳои худашонро ба сафари шабона омода созанд.

Чаҳор саркарда шитобон баромада рафтанд.

Баъд сипаҳсолор ба Шондип, ки дар ҳолати гунаҳкори маҳкуми марг ҳанӯз дар пешгоҳи ӯ истода буд, назар андохт, нигоҳи кӯтоҳе ба Шивоҷӣ афканд, сар ба поин андохт, панҷа рӯи панҷа гузошта, ангуштарини рахшони брилиантии худро молида-молида, ба андеша рафт. Ҳозирон хомӯшона мунтазири фармон дар ҳаққи хоин буданд.

Соҳиб ҳозир фармони қатли ӯро содир хоҳад кард, лекин дар ҳузури Шивоҷӣ ҳукми қатли писарашро баровардан барои Нана-Соҳиб кори осон нест, – ӯ ҳофизро ҳурмат мекунад, дӯст медорад, ба вай раҳмаш меояд, инро ҳама ҳис мекунанд; бе ин ҳам падари бадбахт қариб аз ҳол рафтааст, оё тоқати пиронаи ҳофиз кифоя мекарда бошад, ки теғи ҷаллодро дар гулӯи писараш бубинад?..

Ниҳоят Нана-Соҳиб ба гуфтор омад:

– Асир ба мо дар бораи душман ахбори рост ва қиматнок дод. Ман ростқавлии ӯ ва ҳам ҷавониашро ба назар гирифта, гуноҳашро бахшидам.

Ҳама аз ин бахшояндагии ғайричашмдошт, ки тамоман хилофи одати Соҳиб буд, дар ҳайрат монданд.

Ногаҳон Шивоҷӣ ба по хеста, дод зад:

– На! Ту, пешво, бахшида бошӣ, ман намебахшам! Хоин бояд бимирад! Ҳукм ҳукми ман аст, дар ин боб ман аз ту муқаддамам, пешво, зеро ки ҳаётро ба вай ман бахшидам. Ман хақ дорам он чиро, ки бахшида будам пас бигирам.

Ҳофиз инро гуфта, ларз-ларзон пеш омад ва ханҷари дудамаи яке аз саркардагонро аз ғилофаш кашида гирифту ба тарафи Шондип қадам партофт.

– Писаркушӣ агар гуноҳ аст, хоинкушӣ савоб! – наъра кашид ӯ. – Аммо агар куштани фарзанди хоини ватанфурӯш гуноҳе дошта бошад, аё Шива, бар ман бубахшой! – бо ин нидо вай ханҷарро тунду шадид бар синаи писараш зад.

Шондип бесадо ба пои ӯ ғалтид.

Шивоҷӣ ханҷари хунин ба даст, девонавор сӯи баромадгоҳ тохт ва аз хайма бадар рафт.

– Ҳарр-ҳарр Махадев! – бо як қиёфаи ҳайбатнок аз миёни чодарҳо, тӯдаҳои сипоҳиён, филон ва шутурон, аробаҳо ва борҳо гузар карда бонг мезад ӯ. – Ҳарр-ҳарр Махадев! Ҳиндустон, Хиндустон! Ба хоинон аҷал! Шивоҷиам ман, бас аст суруд! Эй Ганг, оташ бидам!

Ҳарр-ҳарр Махадев!..

Бо ҳамин ҷазаба вай дар офтоби сӯзони майнагудоз як ним кос масофаро тай кард. Ҳеҷ кас ӯро нигоҳ надошт. Ҳатто филон, шутурон, аспон ҳам ба вай бо чашми ҳайрат ва тааҷҷуб менигаристанд.

Ниҳоят ӯ хаста шуд, ғалтид.

Сипоҳиён аз ҳар ҷониб ба сӯяш давида, дар болояш ҳозир шуданд.

Ҳофиз рӯйнокӣ хобида буд ва нафас намекашид, панҷаи дастони ба ду тараф ёзидааш дар рег фурӯ рафта, вале дастаи устухони филии ханҷар намудор буд…

Ба расми ҳиндувон ҷасади ӯро сӯзонда, хокистарашро ба Ганг пошиданд ва ба эҳтиромаш аз дувоздаҳ тӯп дувоздаҳ карат оташ кушода, бо ҳофизи маҳбуби худ ҳамчун бо ҷанговари бузург видоъ карданд.

——————————-

Кос чени масофаи ҳиндӣ, тақрибан 3,5 километр
Шоҳони Маратхӣ (як қисми Ҳиндустон) пешво номида мешуданд
Соли 1757 дар наздикии шаҳри Плесси дар натиҷаи хиёнати Мирҷаъфари сарфармондеҳ қӯшуни Бангола аз англисҳо шикаст хӯрда буд
Нидои ҷангии ҳиндувон

Сотим Улуғзода

Дигар хабарҳо