Соҳиби забон

 Соҳиби забон

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи дигар ибтикороти хушоянд бо таълифи асари мондагори «Забони миллат – ҳастии миллат», ки ба қавли муаллиф, «бо сабки илмию оммавии қобили фаҳми табақоти мухталифи ҷомеа» иншо гардида, «китоби ҷомеи ҳамахон» эълом шудааст, хидмати шоистаи таҳсинеро дар шинохти ҳофизаи таърихӣ ва густариши худогоҳиву худшиносии миллӣ анҷом доданд. Асари мавриди назар дар ду китоб («Ба сӯйи пояндагӣ» ва «Забон ва замон») мунташир шуда, роҳи тайнамудаи забони тоҷикиро аз оғози пайдоиш (ҳазораи дувуми п.а.м) то даҳаи дувуми садаи ХХ (таъсиси Ҷумҳурии халқии Бухоро) бозгӯйӣ кардааст.

Яке аз масъалаҳои мавриди баҳси асар замону макони ташаккули забони тоҷикӣ маҳсуб меёбад, ки чанд даҳсола инҷониб мавриди баҳсу талоши олимони ховаршинос қарор дошта, афкори мухталифро ба миён овардааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби дуюми китоби якуми «Забони миллат – ҳастии миллат», ки «Саргузашти таърихии вожаи «тоҷик» ва забони тоҷикӣ» унвон дорад, дар фаслҳои алоҳида масъалаи мазкурро ба риштаи таҳлил гирифтаанд. Дар фасли «Хостгоҳ ва меҳани забони тоҷикӣ», ки макони пайдоиши забони тоҷикиро баррасӣ намудаанд, таъкид мешавад, ки имрӯз забони тоҷикӣ дар се кишвари дӯсту ҳамсоя – Тоҷикистон ва Эрону Афғонистон, бо номҳои тоҷикӣ, форсӣ ва дарӣ ба сифати забони расмиву давлатӣ амал мекунад ва «агар аз чанде тафовутҳои луғавӣ, овоӣ ва услубӣ сарфи назар кунем, мебинем, ки ин забон дар ҳар се кишвар дорои тартиб ва сохтмони дастурии ягона буда, дар дарозои таърих тағйироти ҷиддиеро аз сар нагузаронидааст».

Аз ин дидгоҳ, ба таъбири Пешвои миллат, «дар бораи хостгоҳ ва зодгоҳи забони тоҷикӣ сухан рондан маънои онро надорад, ки мо хостаем ин забонро дар маҳдудаи ҷуғрофии як минтақа қарор дода, ин ё он сарзамини интишори забонро нисбат ба дигар минтақа болотар гузорем… Тарҳи ин масъала, – идома медиҳанд Пешвои миллат, – хусусияти илмӣ ва бештар ҷанбаи таърихию омӯзишӣ дорад».

Пешвои миллат доир ба нақлу ривоятҳои роиҷ доир ба забони тоҷикӣ, аз ҷумла, Каюмарс – аввалин касе, ки ба форсӣ сухан гуфтааст ва ё Биюросп (Беварасп) – писари Вандосп, аввалин шахсе, ки ба форсӣ навиштааст, ё худ нақли мутарҷимони «Тафсири Табарӣ», ки мегӯянд: «Аз рӯзгори Одам (а) то рӯзгори Исмоил пайғомбар ҳама пайғамбарон ва мулукони рӯйи замин ба порсӣ сухани гуфтандӣ» андешаронӣ намуда, иброз медоранд, ки «аз инҳо агар бигзарем, куҳантарин ахбор дар мавриди шинохти забонҳои эронӣ, аз ҷумла забони форсии дарӣ, қавли мутарҷими маъруфи осори форсии миёна ба арабӣ Абдулло ибни Муқаффаъ ба шумор меравад. Ва аммо қадимтарин маъхаз ва манобее, ки роҷеъ ба забони форсии дарӣ маълумот додаанд, осори муаррихон ва ҷуғрофиянигорони араб аст». Маъруфтарини ин осор се асари мазкур аст, ки қавли онҳо ба дигар навиштаҳо интиқол ёфтааст:

  1. «Китоб-ул-феҳрист»-и Ибни Надим (ваф. с.1007);
  2. «Мафотеҳ-ул-улум»-и Котибии Хоразмӣ (ваф. с.1009);
  3. «Аҳсан-ут-тақосим»-и Мақдисӣ, маъруф ба Башшор (ваф. с.1002).

Ба нигоштаи Ибни Муқаффаъ, забонҳои форсӣ (забонҳои эрониро дар назар дорад) аз паҳлавӣ, дарӣ, форсӣ, хузӣ ва сурёнӣ иборатанд.

Забони паҳлавӣ забони панҷ шаҳр:

Исфаҳон, Рай, Ҳамадон, Наҳованд ва Озарбойҷон буда, забони форсӣ забони мубадон ва уламо дониста шудааст, ки ба қавли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «бегумон ҳамон забони миёнаи сосонӣ дар назар аст». Дар бораи забони дарӣ Ибни Муқаффаъ менависад: «дарӣ луғати шаҳрҳои Мадоин аст ва дар дарбори подшоҳ бад-он сухан гӯянд. Ва мансуб аст ба мардуми дарбор».

Афкори мазкур дар дигар осори илмӣ ва фарҳангҳо интиқол ёфта, боиси иштибоҳ ва бунёди афкори мухталиф шудааст. Аз нақли Ибни Муваффақ нуктаи шоистаи дастгирӣ ин аст, ки мавсуф забонҳои дарӣ ва форсиро дар баробари забони паҳлавӣ забони мустақил донистааст.

Қавли фарҳангнигорон, аз ҷумла Ҳусайни Инҷу («Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ»), Муҳаммадҳусайни Бурҳон («Бурҳони қотеъ»), Ромпурӣ («Ғиёс-ул-луғот») ва дигарон, ки забони дариро забони аҳолии шаҳрҳои Балх, Марв ва Бухоро медонанд, собит мекунад, ки забони мазкур аз шарқи Эрони таърихӣ зуҳур намудааст.

Дар давоми баҳс муаллиф афкори аҳли таҳқиқро дар бораи маншаъ ва хешовандии таърихӣ, робита ва пайванд бо забонҳои бостонӣ ба чунин дастаҳо тасниф кардаанд:

  1. Забони дарӣ таваллуди дигар ё давоми мустақими забони форсии миёна, яъне забони паҳлавии сосонӣ – порсик ва яке аз шохаҳои лаҳҷаи ҷанубу ғарби Эрон, яъне вилояти Форси он кишвар аст;
  2. Идома ва ё дунболаи забони паҳлавии ашконӣ (забони портӣ) аст;
  3. Шакли нав, бозсохта ва ё таҳаввулёфтаи ҳамин забони паҳлавист, фақат бо алифбои дигар;
  4. Забонест баробар ва ҳамзамон бо паҳлавӣ, вале дар ду муҳити мухталиф, ба ин маъно, ки забони дарӣ бо забони паҳлавӣ дар арзи ҳам қарор доштаанд, на дар тули ҳам.
  5. Истилои араб ва муҳоҷирати мардум аз Эрон ба минтақаи Осиёи Миёна.

Афкори охир (панҷум)-ро, ки аз ҷониби бузургтарин муҳаққиқон, мисли А.Фрейман, Парвиз Нотили Хонларӣ пешниҳод шудааст, бархе пажуҳишгарон рад намудаанд, ки вуҷуди калимоти тоҷикӣ дар Қуръон, тарҷумаи Қуръон ба порсӣ (соли 713) ва ғайра бурҳони қотеи ин афкор аст.

Устод Айнӣ низ солҳои 20-уми садаи ХХ дар сарсухани «Намунаи адабиёти тоҷик» ин иддаоро инкор намуда, чунин нигошта буданд: «… ривоҷи забон ва адабиёти тоҷик дар ин ҷоҳо (хоки Мовароуннаҳру Хуросон дар назар аст – М. О.) ба сабаби тасаллути Сомониён ё ки муҳоҷирати эрониён набуда, сабаби ҳақиқӣ мавҷудияти як қавми бузург бо номи тоҷик, ки мансуб ба ирқи орист (таъкид аз мо – М. О), дар ин ҷоҳост». Академик Акбар Турсон низ бар ин ақида аст, ки забони порсии дарӣ «ҳаргиз аз марзу буми бегона наомадааст; меҳани аслии вай маҳз маҳалҳои тоҷикнишини Мовароуннаҳру Хуросон буданд».

Ба ақидаи пажуҳишгарон, сабаби гуногунфикрии аҳли назар ба он вобаста аст, ки дар дарозои асрҳои аввали ислом осори муфассале, ки манзара ва симои ин забонро равшан инъикос намояд, вуҷуд надорад.

Воқеан ҳам, арабҳо осори хаттии зиёди ниёгонро нобуд сохтанд, ки ин иддаоро Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» тасдиқ мекунад. Чунончи, мутобиқ ба иттилои Берунӣ, Қутайба ибни Муслим баъди забти Хоразм тамоми аҳли ин куҳандиёрро аз дами теғ гузаронида, ҳама китобу расоили хаттиро туъмаи оташ намудааст: «Ва аз он вақт хоразмиён омӣ ва бесавод монданд, – менависад Берунӣ, – ва танҳо эътимоди эшон дар ниёзмандиҳои таърих ба неруи ҳофиза аст…».

Бо таҳлили афкори донишмандони ватаниву хориҷӣ, мисли Б. Ғафуров, Е.Э. Бертелс, И. М. Оранский, П.Н. Хонларӣ, Баҳор ва дигарон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чунин бардоштҳо мерасанд:

  1. Забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) забони қадимӣ буда, зодгоҳи аслии он Хуросону Мовароуннаҳр, саҳеҳтараш канори чапу рости дарёи Омуст. Ба ибораи дигар, ин забон дар заминаи забонҳои бумии ин марзу бум: суғдӣ, тахорӣ, портӣ… ва дар фароянди доду ситад ва ҳамёриву ҳамтаъсирӣ бо забони паҳлавӣ (форсии миёна) аз ҳисоби ин забонҳо дороӣ афзуда, ташаккул ёфт ва ба дараҷаи забони илмиву адабӣ расид;
  2. Фасоҳату балоғати забони қадимтарин осори боқимондаи илмиву адабии ин забон бозгӯйи ин ҳақиқат аст, ки ин забон идомаи мустақими забони форсии миёна ё шакли таҳаввулёфтаи вай нест, балки то густариши ислом ба сифати забони мустақил дар баробари забони форсии миёнаи сосонӣ вуҷуд дошт;
  3. Забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) бо шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи хонадонҳои Тоҳириёну Саффориёну Сомониён ва дигар хонаводаҳои эрониасл ба сифати забони илму адаб аз маҳдудаи як забони миллӣ берун гардид ва дар асрҳои баъдӣ дар як қисмати бузурги қитъаи Осиё ба забони байналмилалӣ табдил ёфт (ниг. с.131).

Хулосаи ниҳоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар мавриди хостгоҳу меҳани забони тоҷикӣ ин аст: «…то замоне ки санади тозае дар ин маврид пайдо нашавад, қавли муътабар ва андешаи мантиқӣ ҳамон назарест, ки забони тоҷикӣ (дарӣ ё порсии дарӣ) дар сарзамини Хуросон ва Мовароуннаҳр пайдо шуда, сипас батадриҷ тамоми ноҳияҳои маълуми порсигӯйро фаро гирифтааст».

Замони пайдоиши забони тоҷикӣ низ аз масоили баҳсбарангез ва муҳим дар омӯзиши таърихи забонҳои эронӣ буда, дар ин маврид афкори зиёд рӯйи кор омадааст. Пешвои миллат низ дар фасли чоруми боби дуюми китоби якуми «Забони миллат – ҳастии миллат», ки «Замони пайдоиши забони тоҷикӣ» унвон гирифтааст, мавзуи мавриди назарро матраҳ карда, таъкид месозанд, ки вақте ба масъалаи мазкур даст мезанем, бояд онро ба ду қисм ҷудо намоем: 1) масъалаи ба истилоҳ «модарзабон» ва ё ба иборати дигар, забон ва гӯишҳое чун бохтарӣ (тахорӣ), паҳлавӣ (портӣ), суғдӣ ва ғайра, ки илова ба забонҳои форсии бостон ё миёна дар ташаккули ин забон саҳм гузоштаанд; 2) масъалаи замони нисбатан дақиқи пайдоиш ва ё дурусттараш ташаккули он ба сурати забони тоҷикӣ (форсии нав ё дарӣ).

Муаллифи «Забони миллат – ҳастии миллат» таъкид менамоянд, ки дар мавриди таърихи қадимӣ доштани забонҳое, ки асоси забони дариро ташкил додаанд, олимони забоншинос ҳамақидаанд, вале дар мавриди таърихи зуҳури забони мазкур (забони форсии нав ё дарӣ) олимон дар андешаҳои гуногунанд.

Далели муътамади як гурӯҳ пажуҳишгарон ин аст, ки дар асрҳои аввали ислом аз ин забон осори мукаммале дар даст нест ва фақат аз садаи IX ба забони дарӣ санади расмӣ вуҷуд дорад. Вале ин ҳаргиз  на ба маъноест, ки «мардум аз сухан гуфтан ё офариниш боз монда бошанд». Ахбори сарчашмаҳои таърихиву ҷуғрофӣ, катибаи Сурхкӯтали вилояти Бағлони Афғонистон, сангнавиштаи Работак ва ғайра собит месозанд, ки «умри ин забон ба маротиб аз он чи менависанд (1100-1200 сол), бештар аст».

Баъди мавриди таҳлилу танқид қарор додани андешаҳои донишмандон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бардоште мерасанд, ки: «…забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) ҳадди ақал ду-се қарн бояд таърих ва дар миёни мардум ривоҷ дошта бошад, то дар асри Х он қудрат ва тавоноиеро пайдо кунад, ки шеъре чун шеъри Рӯдакӣ ба он забон гуфтан имконпазир гардад».

Ҳамин тавр, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо асари гаронмояи «Забони миллат – ҳастии миллат» ба бисёр масъалаҳои баҳсбарангези забони тоҷикӣ нуқтаи таммат гузошта, пояи забони миллиро истеҳкоме тоза бахшиданд. Яке аз ин гуна масъалаҳо замону макони пайдоши забони тоҷикӣ маҳсуб меёбад, ки батафсил бо таҳлили амиқу дақиқи санаду ҳуҷҷатҳои муътамад ва афкори бузургтарин пажуҳишгарони забоншинос матраҳ гардида, хоки Мовароуннаҳру Хуросон будани хостгоҳи забони тоҷикӣ ва умри тулонии забони мазкурро ба субут расонидаанд.

Мусо Олимҷонов,
доктори илмҳои филологӣ

Дигар хабарҳо