Номаи шодбошии ИНТ ба Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким
Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Аскар Ҳаким ба синни мубораки 80 расид.
Устод Аскар Ҳаким аз зумраи адибони маъруфу маҳбуби мо буда, бо ашъори нағзу пурмағз ва нақду пажуҳишҳои арзишмандаш дар рушди адабиёти муосири тоҷикӣ саҳми чашмрас гузоштааст.
Шеърҳои ин шоир, ки дар китобҳои «Раҳнавард», «Тарозуи Офтоб», «Рӯзи умед», «Баргпайванд», «Шаҳри меҳолуд», «Илтиҷо аз уқоб», «Боз мерасад хуршед», «Санги ман – алмос», «Замини сабзи боварҳо», «Ба саломи шукуфаҳо» ва ғайра ҷамъ омадаанд, ҳосили заҳматҳои тулонӣ ва таҷрибаҳои ӯ мебошанд.
Аскар Ҳаким дар арсаи нақду пажуҳиш низ соҳиби ҷойгоҳи хос буда, дар ин замина бо асарҳое чун «Шеър ва замон», «Дар қаламрави сухан», «Сухан аз шеъру адаб», «Анвои шеъри ғиноӣ», «Пажуҳиш ва нақди шеър» ва монанди инҳо корҳои арзишмандеро анҷом додааст.
Устод дар тарҷума низ дасти расо дорад. Хонандагон асарҳои бисёр адибони хориҷиро дар тарҷумаи ӯ хондаву баҳра бардоштаанд.
Ин адиби пуркор солҳои тулонӣ дар Иттифоқи нависандагон, дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла ҳамчун сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ва раиси ИНТ фаъолият дошт.
Устоди арҷмандро ба ифтихори ҷашни фархундааш самимона муборакбод мегӯем ва барояш тандурустиву табъи саршор орзумандем.
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон



