Оинаи замон. Ба муносибати 70-солагии зиндаёд Пайванд Гулмуродзода
Ташаббускор ва раҳнамои фарҳанги сулҳ
Истиқболи аҳли адаб аз ташаббуси ҷаҳонии сулҳ
Дар он тоблуи баланди ифтихори миллии мо, дар қатори шоистатарин иқдом ва ташаббусҳои Тоҷикистони накуном ва Пешвои миллати соҳибэҳтироми мо боз саҳифаи наве аз иқдомоти Сарвари кишварамон бо хатҳои заррину муҷалло навишта шуд.
Боз ҳам закои башардӯстонаи Пешвои миллати мо бо ташаббусе тақдирсоз барои сайёраи Замин ва инсоният дурахшид. Ва ин иқдоми навбатии Сарвари тоҷикон, бидуни шак, ҳалли яке аз ҷиддитарин ва ногузиртарин масъалаҳои сайёраро ҳадафи худ қарор додааст. Масъалае, ки аз ҳалли он тақдири башарият вобастагӣ дорад. Ҳанӯз ҳеҷ гаҳ инсоният дар чунин вартаи фалокатбор, қарор надошт, чуноне ки ҳоло дорад. Хусусан, дар ин замоне, ки ҷангҳои шадид инсониятро ҳарчи бештар ба вартаи фалокат наздик меоранд, то ҷое, ки хатари оғози ҷанги ядроӣ ба инсоният таҳдид мекунад.
Бале сулҳ, танҳо сулҳ ва муколамаву ҳамдигарфаҳмии инсонҳову кишварҳо роҳи ягонаи оқилонаи пешгирии хатарҳои маргзо ва фоҷиабор аст. Танҳо сулҳи пойдор метавонад сайёраро аз маҳвшавӣ ва инсониятро аз нестӣ наҷот бидиҳад.
Бубинед, Пешвои сулҳпарвари миллати мо сулҳро фарҳанги волои башарӣ медонанд. Он кас мегӯянд: “Сулҳ танҳо набудани ҷанг нест. Сулҳ фарҳанг аст. Сулҳ масъулият аст. Сулҳ эҳтиром ба шаъну шарафи инсон аст.” Чӣ гуна дақиқ, маънидору олимонаву некбинона шарҳ ёфтааст дар забони Президенти мо вожаи “СУЛҲ”!
“Аз ин лиҳоз, – идома медиҳанд Пешвои миллати мо, – сарнавишти наслҳои оянда ба тасмимҳое, ки мо имрӯз мегирем, вобаста мебошад.
Мо вазифадорем аз худ ҷаҳоне ба мерос гузорем, ки дар он наслҳои ояндаи инсоният дар фазои сулҳу оромӣ имкони ҳамзистӣ, рушд ва ҳамкориро дошта бошанд”.
Чунин некбинона аст шарҳи арзиши фалсафию иҷтимоии сулҳ дар тафсири Президенти муҳтарами мо!
Оё имрӯз дар рӯи замин масъалае муҳимтару ҷиддитар аз таъмини сулҳ ва амнияти байналмилалӣ вуҷуд дорад?
Низоъҳои мусаллаҳона, терроризм, ифротгароӣ, таҳдидҳои киберӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, буҳронҳои иқтисодӣ, фоҷиаҳои табиат вобаста ба дигаршавии иқлим ва ғайраҳо ҳақиқате ҳастанд, ки наметавон онҳоро нодида гирифт.
Яъне, ин ҷо масъалаҳо чунонанд, ки ҳеҷ кишваре дар алоҳидагӣ, тани танҳо наметавонад бе ҳамдастӣ коре кунад, то пеши роҳи ин таҳдидҳои башарӣ гирифта шаванд. Танҳо дар масъулияти муштарак, ваҳдату ягонагии ҳама сокинони сайёра ниҳон аст пирӯзии одамизод.
Аввалан, арзиши барномае, ки аз ҷониби Сарвари тоҷикон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод гардид, пеш аз ҳама дар он аст, ки хеле бамаврид, сарвақтӣ ва ногузир аст.
Баъдан, ин барнома аз ҷониби Сарваре пешниҳод гардид, ки тамоми даҳшату ваҳшонияти ҷанги бародаркушро дидаву аз сар гузаронидааст. Сарваре, ки тавонистааст халқи худро аз ин даҳшати хонумонсӯз раҳоӣ бахшад. Сарваре, ки сабақҳои ҷангро омӯхтааст. Тавонистааст на танҳо миллаташро аз коми оташи ҷанг раҳоӣ бахшад, силоҳбадастонро ба ҳам орад, балки дар ин ҷода таҷрибае ба даст орад, ки чун мактаби сулҳ дарсу сабақҳои муфид ва ибратомӯз барои ҷаҳониён медиҳад. Илова бар ин, ӯ халқи худро дар самти Ваҳдати миллӣ ва Эҳёи мамлакаташ раҳнамоӣ карда, дар кӯтоҳтарин муддат ба дастовардҳои бузурги таърихӣ шарафёб шудааст. Ва ин ҳама заҳматҳову ташаббусҳои ҷавонмардона натиҷае додаанд, ки Созишномаи сулҳ имзо ва амалӣ гардад. Пеши роҳи ҷанги бародаркуш гирифта шавад. Оре, Пешвои миллати тоҷик ҳуқуқ ва мавқее доштанд, ки асос медод ин пешниҳодро ба СММ кунанд ва ин амал зебандаи он кас буд.
Сулҳу ваҳдат аз рӯзҳои нахустини Истиқлоли давлатӣ дар сиёсати давлатдории Тоҷикистон ҳамеша ҷойгоҳи меҳварӣ доштаасту дорад.
Ташаббуси Пешвои миллати мо чун ҳамеша танҳо бо қабулу истиқболи байналмилалӣ хотима намеёбад, чуноне ки солҳои пешин бо иқдомҳои муҳимму ҷиддии дигари байналмилалӣ нишон дода шуда буд. Бубинед, чун ҳамеша боз ҳам аввалин иқдомро дар роҳи амалӣ кардани ташаббусҳои Сарвари давлатамон худи мо, кишвари мо мегузорад. Чунон ки соли 2027 дар шаҳри Душанбе баргузории конфронси байналмилалии сатҳи баланд ба ифтихори оғози “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036” дар назар дошта шудааст. Ин ташаббуси муҳим аз ҷониби Тоҷикистон барои табодули таҷриба, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва тарҳрезии нақшаҳо, ҳамоҳангсозии ҳадафҳои муштарак дар самти таҳкими сулҳу амнияти ҷаҳонӣ имкониятҳое фароҳам меоварад, ки барои амалан татбиқ намудани ҳадафҳои Қатънома оғозу такон мебахшанд.
Таҷрибаҳои Тоҷикистон дар ҷодаи бадастоварӣ ва пойдории сулҳ замина ва мисолҳои зиёде дорад. Дурахшонтарини онҳо, чунонки гуфтем, ноил шудан ба Созишномаи сулҳи тоҷикон ва хотима додан ба ҷанги шаҳрвандӣ аст. Ахиран ташаббус ва таҷрибаи Сулҳи байналмиллалиро бори дигар мо дар қабули «Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ» (31 марти соли 2025) шоҳид шудем. Ин Эъломия “ҳамчун санади дурахшон”-и таърихӣ баҳогузор шуда, ҳамчун дастоварди фарҳангию маънавӣ ва миллии кишварҳои ба мо дӯсту ҳамсоя Ҷумҳуриҳои Қирғизистону Узбекистон ба ҳисоб меравад. “Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар” тасдиқ ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид, ки боз як пирӯзии сиёсати сулҳпарваронаи давлатҳои мост.
Ва ин суханони дурахшони Сарвари кишвари тамаддунпарвари тоҷикон дар перояи ифтихори таърихии миллати мо гуфта шудаанд: “Мардуми тоҷик дар тули таърихи чандинҳазорсолаи худ ҳамчун меросдорони тамаддуни ориёӣ арзишҳои ҳамзистии осоишта, таҳаммулгароӣ ва гуфтугӯи тамаддунҳоро ҳифз карданд ва гиромӣ доштаанд”. “Вазифаи мо аз он иборат аст, ки арзишҳои сулҳ, таҳаммулгароӣ, фарҳанги муколама ва эҳтиром ба гуногунрангиро ба наслҳои ҷавон мерос гузорем. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем ҷомеае бунёд намоем, ки дар он сулҳу суботи комил, амният ва некуаҳволии инсон барои солҳои зиёд таъмин гардад”.
Қатъномае, ки бо ташаббуси Сарвари кишвари мо дар СММ қабул гардидааст, вомедорад, ки ҳамаи давлатҳои узви СММ барои амалӣ шудани он фаъолона саҳм гузоранд.
Пешвои миллат дар шарҳи ин Қатъномаи худ хеле равшан ҳадафҳои онро изҳор доштаанд, ки “Қатънома зарурати таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирӣ кардани низоъҳо, тақвияти таҳаммулгароӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши гуфтугӯи тамаддунҳоро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун заминаи зиндагии шоистаи наслҳои оянда таъкид менамояд. Санади мазкур аз ҳамаи давлатҳо даъват мекунад, ки дар роҳи расидан ба сулҳи пойдор ва арҷгузорӣ ба он дар ҳамаи сатҳҳо – аз оила, ҷомеа, кишвар ва минтақа то муносибатҳои байналмилалӣ талош варзанд”.
Метавон дар анҷом андешаҳои моро чунин хулоса кард: Чун ҳамеша ташаббуси Пешвои миллатамон бори дигар таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба яке аз мубрамтарин масъалаҳои замони муосир дар сайёра ҷалб намуда, ба пояҳои устувори мантиқу фалсафа, иҷтимоиёту сиёсат афрохта шудааст.
Камол НАСРУЛЛО



