Оҳанги бостон ба шеваи замон

 Оҳанги бостон ба шеваи замон

Аллома Аҳмад-махдуми Дониш дар рисолааш “ Дар назми тамаддун ва таовун” овардааст: “… ҳар заминро хосиятест ва аҳолии онро қобилияте ва ҳикмати ҳукамои он бар тибқи мизоҷ ва ҳавои он макон хоҳад буд”. Қаламрави мардуми ориёӣ, бавижа мавқеи зисти тоҷикон, аз ҳамин хосият бархӯрдор буд, ки ба олами тамаддун ҳазорҳо нафар донишманду ҳунармандро эҳдо намудааст.

Табиати рангину пурфусуни Ҳойити Раштонзамин, бахусус таровиши ҷонбахши чашмасорони зулолу мусаффояш, меҳри пешаи мусиқиро дар дили тифл андохтааст магар ки аз овони бачагӣ ба шунидани нағмаи булбулони хушилҳон ва қаҳ-қаҳи кабкони хушовову хушрафтори деҳааш майл мекард. Аз тақлидаш ба садои кабки хона модар базавқ механдид. Фазои фарҳангии хонавода хунёгарии бобои Нозим Қосим дар дутори парда, аҳли адабу мусиқӣ будани бародари модар Муддин Бадриддинов низ ба такомули шавқу рағбати Зафари хурдсол ба санъат беасар набудааст. Аслан, дасти ӯро дар навохтану хондан ва машқи шеърнависӣ Муддин Бадриддинови тағояш рост кардааст. (Аз мавсуф чанд қитъа шеър дар китоби “Таронаҳои халқӣ” (1958) ва оҳангҳои “Эй ҷӯраи дуторӣ”, “Оҳуи дар кӯҳсоруме” ёдгор мондааст ва мо ин оҳангҳоро дар иҷрои сарояндагон Иброҳим Кобулиев, Саймиддин Бурҳонов (аз Рашт), Карим Юсуфов (аз собиқ ноҳияи Обигарм) ва Тоҷиддин Муҳиддинов аз садову симо борҳо шунидаем).

Зиндагӣ дар муҳити зебоманзари ноҳияи Варзоб (ба ҳукми тақдир бо аҳли хонавода чанд сол дар ин ҷо сукунат доштаанд), таҳсил дар мактаб, ширкат дар маҳфили ба истилоҳ ҳаваскорони санъат, омӯзиши амиқи ҳунари навозандагию овозхонӣ аз ҳофизони халқӣ Шариф Нозим (аз деҳаи Чинори Харангон), Назруллоҳ Раҷабов (сокини деҳаи Зимчрӯд) ва ҳангоми синфи ҳашт хондан иштирок дар озмуни истеъдодмандҳои ҷумҳурӣ боиси ба арсаи ҳунар роҳ ёфтани ӯ шудааст…

Бояд гуфт, ки ҷараёни рӯзгор, фаъолияти эҷодӣ, маҳорати овозхонӣ ва заҳматҳои бахарҷдодаи устод Зафар дар бахши ҳунари мусиқӣ дар навиштаҳои беш аз шаст рӯзноманигору коргар, муаллим, адибу олим (назири академик Раҳим Масов), ходимони давлатӣ (Бобохон Маҳмадов, Султон Мирзошоев) бозтоб ёфтааст. Феҳристи чакидаҳои килки ишон дар китобҳои “Суруди Зафар” (“Ирфон”, 1994,80 с.), “Ромишгари мумтоз” (бо маҷмуи сурудҳои дар адвор (нота) сабтшуда). Редаксияи энсиклопедияи тоҷик, 2000, 160 с.), “Зафари нотакрор” (“Баҳори Аҷам” 2016, 84 с.), “Зафари таронапардоз” (“Адиб” 2016, 84 с. – Таҳия ва таълифи Сулаймон Анварӣ), “Сарояндаи беназир ва дилогоҳ” (“Адиб”, 2017, 216 с. – Навиштаи профессор Холназар Муҳаббатов) зикр гардидааст. Аз ин рӯ, нахостем, ки гуфтаҳо такрор шавад, тасмим гирифтем, ки пиромуни тасвири паҳлуи дигари истеъдоду маҳорати ӯ – иҷрои сурудҳо бо матнҳои пурмуҳтавою баландмазмуни шоирони классик, аз Амир Хусрави Деҳлавӣ гирифта то ба Мирзо Абдулқодири Бедил, чанд сухан ба арз бирасонем.

Нахуст, дар мавриди ба муҳити илмиву фарҳангии тоҷику форс ворид гардидани вожаи “классикӣ”. Аҳли адабу фарҳанг медонад, ки сифати вожаи “классикӣ” (аз “классика”) аз исми лотинии “classicus ” пайдо шуда маонии “намуна”, “олӣ”, “барҷаста”, “якумдараҷа”, “ беҳтар”-у “беҳтарин”-ро мефаҳмонад. Дар ибтидо ин сифат “мансуб ба олами Юнони Қадим ва Руми Қадим” буда, “аз асрҳои 15-16 то асрҳои 19 дар Аврупо манбаи ҳама гуна чизи намунавӣ, барҷаста дар адабиёту санъат ҳисоб меёфт”-ааст. Дар адабиёти форсӣ – ”вижагии осори адабӣ ва ҳунарии қадимӣ ва суннатӣ: адабиёти классики форсӣ, шеъри классики ҳунарӣ”. Инчунин, “классик ба осори дараҷаи аввал, мондагор ва бо арзиши боло гуфта мешавад, ки ба унвони намуна ва сармашқ дар замони худ ё дар тули таърих мавриди истифода қарор мегиранд. “Вижагиҳои вожаи клоссик: “Арзиш ва асолат. Шеъре клоссик аст, ки имтиҳони замонро пас дода бошад ва дар дастаи осори ҷовидон ва арзишманд қарор гирад: шеъри Ҳофиз, Фирдавсӣ ва ғайра ба унвони осори клоссики адабиёти форсӣ шинохта мешаванд” (wikipediaorg).

 Дуюм, доир ба воқеияти корбурди калимаҳои “классик” ва “классикӣ” дар улуми забон ва адабиёти тоҷик: тибқи иттилооти расонаҳо, соли 1872 дар анҷумани адибон ва забоншиносони аврупоӣ дар Берлин забонҳои юнонӣ, форсӣ, лотинӣ ва санскрит ба унвони забонҳои классикии ҷаҳон баргузида шуданд (Тавзеҳ: забоне классикӣ мебошад, ки бостонист ва адабиёти пурбор дошта ва дар вопасин ҳазораи зиндагии худ бо андак тағйирот мувоҷеҳ шуда бошад). Яъне, аз он айём ба баъд ин вожа ба забон, адабиёт ва ҳунари мо “роҳхат” гирифтааст. Аммо нуктаи баҳсангез ин аст, ки дар бахши ҳунари мусиқӣ ҳангоми тавсифи шуъба ва мақомҳои “Дувоздаҳмақом”-у “Шашмақом” сифати “классикӣ”-ро ба кор мебарему бас, ҳол он ки ромишгарони даврони мо ҳам дар барномаҳои ҳунарии худ суруду оҳангҳое доранд, ки ба мазмуни вожаи “классикӣ”, ки шарҳ ёфт, ҷавобгӯ мебошанд. Албатта, ин нукта ҳам қобили таъкид аст, ки дар бораи мақомҳои бо кайфияти боло ва матнҳои ниҳоят олии ин арзишҳои миллии мо ҷойи баҳс нест. Аммо манзур ин аст, ки истеъдоду ҳунару маҳорати устодони санъати мо, мутрибон ва хунёгарони машҳури замон, амсоли Абдуллоҳ Назрӣ, Одина Ҳошим, Зафар Нозим, он гунае ки санъатшиноси маъруф, профессор Аслиддин Низомӣ доир ба устод Акашариф Ҷӯраев гуфтааст “Баҳампайвандии оҳангҳои Акашариф Ҷӯраев як маҷмуи ба худ хосси мақомҳоро ба вуҷуд овардааст, ки он ҳанӯз таҳқиқ нашудааст” бо нигоҳи жарфи илмӣ пажӯҳиш шавад, зеро дар эҷодиёти эшон суруду оҳангҳои ба истилоҳ классикӣ, кам нест…

 Чун сухан аз шеваи рушди ҳунари устод Зафар Нозим дар миён аст, мароҳили дар роҳи эҷод сипардаи ӯ аз хондани сурудҳои мардумӣ сар карда то ба иҷрои оҳангу мақомҳои классикӣ расиданаш дар унвони мақолаи рӯзноманигор ва нависанда Ҳабибуллоҳ Ёров хулоса шудааст: “… Аз “Оворагард” (“Авараюм”) -и Раҷ Капур то ба “Чини домони саҳар”-и Мирзо Абдулқодири Бедил” (“Чархи гардун”, 2000, 27 октябр). Яъне, аз иҷрои суруди Раҷ Капур (аз филми “Оворагард”), агар ҳам ин суруд давраи мактабхонии Зафар сароида шудааст ва ба сабти радио-телевизионӣ ҳам нарасидааст. Мусалламан, мазмуни суруд бо саргузашти ноҳамвори чеҳраи меситудаи мо – заминларзаи пурдаҳшати ноҳияи (он вақт) Ҳойит (соли 1949, вақти 9-сола будани Зафар), саргардониҳои ӯ аз Ҳойит то ба Файзободу Вахшу Лахш (Ҷиргатоли собиқ)-у Варзобу Душанбе – мусодиф аст.

Дастболоӣ дар озмуни аввали боистеъдодҳои ҷумҳурӣ (иҷрои бадеҳаи “Имрӯз не, фардо биё” бо ҳамовозии сартарошбонуи ноҳияи Варзоб, яҳудизан Тамара Аронбоева) ӯро беш шавқманд кард ва барои ҳузур дар озмуни соли дуюм омода намуд.

 Дар ин “имтиҳон” якбора бо хондани чор суруд – “ Зулайхо”, “Духтари Ҳойит”, “Барнои ҷон” ва “Субҳи Кобул” (оҳанг ва шеъри шоири афғон Зиё Қоризода) ширкат варзид. Доварон ва дӯстдорони санъат аз ӯ самимона пазироӣ карданд. Ин дафъа ҳам ҳумои бахт парфишон аз болои сари ҳунарманди ҷавон гузашт ва ӯро бо неруи завқи табиӣ ва овози гирое, ки дошт, муваффақ сохт. Дар ҳангоми ҷамъбасти озмун бо иштироки ғолибон дар театри тобистонаи шаҳр консерт барпо гардид ва Зафари нав дар рӯйи саҳна қадаммонда акнун чун овозхони маслакӣ назди тамошогарон бо суруди “Субҳи Кобул” арзи ҳунар кард. Устодони ҳунар ӯро шинохтанд ва ба кор даъваташ карданд. Ин пирӯзӣ боиси дар шаҳр мондан, дар мактаб ва донишгоҳҳо таҳсил кардан ва пасон ба филармония, ба гурӯҳи ҳофизи номдор устод Акашариф Ҷӯраев, ба кор даромадани ӯ шудааст. Манзури нависанда Ҳабибуллоҳ Ёров ҳам аз он унвон бо иҷрои суруду таронаҳои мардумӣ ба сароидани матнҳои баландмазмун, иҷрои оҳангҳои ба истилоҳ “вазнин”-у аз ҷиҳати муҳтаво мукаммал ва мансуб ба қалами адибони классик расидани Зафар Нозим мебошад.

Ҳамин тавр, то ба зинаи камолоти эҷодӣ по гузоштан дар фаъолияти ӯ хондан ба сабки омиёна таҷриба шудааст. Иҷрои суруду таронаҳои “Нару, нару”, “Сиёҳчашмак”, “Нинойҷон”, “Гулдаста”, “ Шона бар мӯят”, “Муҳаббат”, “Ҷононаи ман”, “ Ҳамдами хубонуме”, “Зи аҳволам намепурсӣ”, “Гули ман”, “Аллоҳу акбар, аллоҳу акбар”, “Дар интизорӣ” роҳи ҳунарманди ҷавонро ба адои суруду оҳангҳои мураккабтар кушуданд. Унвони матнҳое, ки номбар хоҳанд шуд, аз дидгоҳи мо, аз лиҳози ҷойгоҳ дар байни таронаҳои халқӣ ва мақомҳои бо сабки классикӣ хонда мавқеъ доранд: “Як тараф” (Хусрави Деҳлавӣ), “Муяссар шуда бошад”, “Ғамгусори ман”, “Нозукбадан”, “Рухат дидам”, “Дида менолад”, “Насиҳатнома” (Абдурраҳмони Ҷомӣ), “Хона надорад”, “Шохаи бишкаста” (Малоно Ҷалолиддини Балхӣ), “Уқоб” ( Носири Хусрав), “Бигзор, то бигирям”, “Шароби дӯшин”, ”Охир, нигоҳе боз кун” (Саъдии Шерозӣ),” Дар анҷуман” (Ҳофизи Шерозӣ), “Шабат хуш бод” (Ироқӣ), “Ақли пуртадбир”, “Гули хандон, биё” (Сайидои Насафӣ), “ Шароби лаъл” (Махфӣ), “Ғам офариданд” (Мирзо Бедил), “Рафтам ба ҷустуҷӯят” (Садриддин Айнӣ), “Масти тараннум”( Муҳаммад Иқбол), “Ҳамсоя бошам” (Мирзо Турсунзода), “Тоҷикистон”, “Ҷавонони саодатманд” (Боқӣ Раҳимзода), ”Имшаб”, таронаи “Санги мазор” (Симини Беҳбаҳонӣ), “Кишвари соҳибзафар” (Суҳайлӣ Ҷавҳаризода), “Гулрухони пахтачин” (Тӯробӣ – Абдулаҳад Қаҳҳоров), “Ассалом” (Файзуллоҳ Ансорӣ), “Уқоби кӯҳӣ” (Пиримқул Сатторӣ), “ Рӯйи ба рӯ” (Бозор Собир), “Модар”, “Гули ман” (Зафар Нозим), “Аё Норак” (Шоҳайдар Ёдгорӣ), “ Эҳёи Ҳойит” (Доро Наҷот), “ Модар, модар” (Назри Яздон), ”Офтоб, эй офтоб” (Раҳмат Назрӣ).

 Сароидани мақом ё оҳангҳо (зимнан, байни мардум нисбат ба вожаи “оҳанг” шакли муҳовараии “мақом” – “мъқум” шоеътар аст) бар матнҳои басо баландпоя, ҳовии мазомини олӣ ва мутааллиқ ба адибони классик ба марҳалаи авҷи санъати Зафар Нозим рост меояд. Масалан, дар зинаи аввали ҳунарнамоӣ матни ашъори ба оҳанг даровардаи ӯ аксаран бар вазни ҳиҷоӣ буда бошад, ниҳоят, дар интихоби матнҳо вазни арузӣ ҷойи муҳимро мегирад. Чун ин мавқеъ имконияти дар доираи адвор матраҳ кардани мақомҳо вуҷуд надорад, номи матн бо як байт шоҳид ва муаллиф пешниҳод мегардад.

 Роҷеъ ба гироиши устод Зафар ба классикона иҷро кардани мақомҳо сухани мустанадро дар навиштаи шоир ва пажуҳишгар Рустам Ваҳҳобзода мехонем: “Неруи овоз, чандпардагӣ ва чандлаҳнии он ба устод Зафар Нозим имкон додааст, ки дар матни сурудҳои суннатӣ … танину тобиши хоссе ворид намояд ва ҳар мусиқии суннатиро дар дастгоҳи ҳунарии худ табдил ба асл (оргинал) намояд”.

Сулаймон АНВАРӢ,
профессори ДМТ

Дигар хабарҳо