Мактаби Шукурзода
Санаи 5-уми октябр дар Рӯзи забони давлатӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ рӯйдоди фарҳангии хотирмон ба вуқуъ пайваст. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5-и деҳаи Худгифи Соя, ки зодгоҳи Нависандаи халқии Тоҷикистон Мирзо Шукурзода мебошад, расман ба номи ин адиби шинохта гузошта шуд.
Дар маросими бошукӯҳи номгузорӣ раиси ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ Хайрулло Бобозода, намояндагони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, омӯзгорону хонандагон ва сокинони деҳа ширкат варзиданд.
Раиси ноҳия ҳозиринро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва зодрӯзи Пешвои миллат табрик гуфта, таъкид кард, ки гузоштани номи Мирзо Шукурзода ба мактаби зодгоҳаш арҷгузорӣ ба забон, адабиёт ва ҳувияти миллист. Ӯ аз заҳматҳои пурсамари адабӣ ва илмии адиб ёдовар гашт.
Сипас сухан ба узви Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» Ато Мирхоҷа дода шуд. Мавсуф қайд кард, ки Мирзо Шукурзода аз зумраи он адибонест, ки тамоми умри худро ба пажуҳиши таърихи тоҷикон ва ҳифзи забони модарӣ бахшидааст. Осори ӯ ба мисли «Тоҷикон дар қаламрави Ориёно», «Ҳамосаи родмардони Хуросон» ва «Ҷонпайванд» имрӯз дар ҳар хонадони зиёӣ мавқеи хос доранд.
Дар лаҳзаи тантанавӣ раиси ноҳия ва Ато Мирхоҷа парда аз рӯйи лавҳаи ёдгорӣ бардоштанд ва номи нави муассиса эълон гардид. Дар идома роҳбари маҳфили «Зарафшон» шоир Одинамуҳаммади Суфӣ, намояндаи ҳафтаномаи «Омӯзгор» дар вилояти Суғд Нуъмон Раҷабзода ва номзади илми таърих Абдумавлон Одиназода доир ба паҳлуҳои гуногуни эҷодиёти Мирзо Шукурзода суханронӣ карданд. Хонандагони мактаб аз эҷодиёти адиб шеърҳо қироат намуда, ҳунармандони деҳа хотири ҳозиринро бо сурудҳои ӯ шод гардонданд.
Ёдовар мешавем, Мирзо Шукурзода 1-уми сентябри соли 1949 дар деҳа Худгифи Соя таваллуд шуда, солҳои 1966-1968 дар ҳамин мактаб омӯзгор будааст. Ӯ муаллифи беш аз 20 китоб ва 500 мақолаи илмӣ дар «Донишномаи адаби форсӣ» мебошад.
Ин иқдом идомаи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат дар самти қадршиносии адибони миллӣ арзёбӣ мешавад.



