Ёде аз устоди аруз

 Ёде аз устоди аруз

Маълум аст, ки илми аруз дар шакли гузориши классикӣ мушкил ва печ дар печ аст. Барои ҳамин, омӯзиши он бевосита аз рисолаҳои арузу қофияву бадеи гузашта бе тайёрии пешакӣ имкон надорад. Тайёрии пешакӣ бояд иборат бошад аз шиносоии мухтасар бо асосҳо, мафҳумҳо ва истилоҳоти сарфу наҳви арабӣ, одитарин қолабҳои арузӣ – афоъилу тафоъил (рукнҳои солиму фаръӣ) мисли мафоъӣлун, фоъилотун, мустафъилун, мафъӯлоту ва ғайра, ки  аз қолабҳои луғавии забони арабӣ иқтибос шудаанд.

Мавзуи аруз вазн аст ва вазн аз нигоҳи донишмандон яке аз мафҳумҳои чоргона буда, дар мавриди таърифи шеър муттаҳид мешаванд: калом, тахайюл, вазн ва қофия.

Нахустин навпардозие, ки дар арузи форсӣ-тоҷикӣ рух дод, ин тағйир додани доираҳои арузи араб буд. Табиати шеъри форсӣ-тоҷикӣ ва намунаи фаровони авзоне, ки дар ин шеър мавҷуд буд, имкон намедод, ки шеъри форсӣ-тоҷикиро шикаста, онро ба доираҳо мувофиқ кунанд. Илоҷи ягона шикастани  доираҳои арузи араб ва онҳоро аз нав мувофиқи қаду басти вазни шеъри форсӣ-тоҷикӣ мувофиқ кардан буд. Арузиёни форс-тоҷик ин корро кардаанд, аммо ҳар кадом мувофиқи салоҳдиди хеш анҷом додааст. Донишмандони илми аруз баъди омӯзиши фаъолияти амалии шоирон диданд, ки дар ду дойираи аввали Халил ибни Аҳмад (Мухталифа ва Муъталифа) шеъри форсӣ-тоҷикӣ нест ва бошад ҳам, ба маънои том онро шеър номидан душвор аст, аз ин рӯ, аз баҳри ин дойираҳо баромаданд.

Се дойираи дигари арузи араб (Муҷталиба, Муштабаҳа ва Муттафиқа) низ дар ҳамон шакле, ки Халил ибни Аҳмад мураттаб намуда буд, дар шеъри форсӣ-тоҷикӣ  пурра тасдиқ нашуд, чунки авзони  шеъри форсӣ-тоҷикӣ ба он сурату шакле, ки Халил ибни Аҳмад дар дойираҳо кашидааст, на ҳамеша мувофиқат мекунанд.

Арузиёни мо  дуруст дарк карданд, ки мақсад аз муайян намудани назарияи арузи форсӣ-тоҷикӣ  сохтани қолабҳои тайёри назарӣ нест, балки дар системаи илмӣ фаро гирифтани он қонуниятҳо мебошад, ки дар вазни шеъри зинда, дар фаъолияти шоирон амал мекунанд.

Навпардозии дигаре, ки дар назария ва амалияи шеъри форсӣ-тоҷикӣ рух дод, ба номи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода марбут аст. Он кас аз ҷумлаи донишмандони тоҷик буданд, ки дар мактабҳои олии Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда таълими илмҳои арузу қофияву бадеъро бо номи «Назмшиносӣ» ҷорӣ намуданд ва баъдтар шогирдону пайравони он кас – донишмандону устодони варзида – Абдуқодир Маниёзов, Худоӣ Шарифзода, Саъдоншо Имронов, Назира Қаҳҳорова, Мирзо Солеҳов ва дигарон ин услуби анъанавиашонро давом доданд.

Чи тавре ки маълум аст, ҳам Халил ибни Аҳмад ва ҳам арузиёни форс-тоҷик Шамси Қайси Розӣ, Насируддини Тӯсӣ, Ваҳиди Табрезӣ, Сайфии Бухороӣ, Атоуллоҳи Ҳусайнӣ, Хоҷа Ҳасани Нисорӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Муҳаммад Ғиёсиддин, Хонларӣ, Баҳром Сирус ва дигарон шаклҳои солим ва музоҳафи баҳрҳои аслӣ ва фаръии арузи арабӣ ва форсӣ-тоҷикиро дар чандин дойираҳои аруз ҷой дода, имконияти дар навъҳои мухталифи музоҳафи онҳо сурудани шеърро низ таъкид карданд. Ба ақидаи устод Шарифҷон Ҳусейнзода, модари тамоми аркони арузӣ рукни мафоъӣлун (v — — -)  аст.

Арузиёни пешин барои андозаи таркиби рукнҳои шеър аз шаклҳои мухталифи калимаи «ф а ъ а л» қолабҳои лафзӣ ё формулаҳои шартие сохтаанд, ки онҳоро «афоъилу тафоъил» меноманд. Ҳиҷоҳои кӯтоҳу дарози рукнҳо бо овози ҳамин формула ва шаклҳои гуногуни он андоза карда мешавад. Чунин ақидаро, яъне асоси тамоми рукнҳои арузӣ будани як рукнро яке аз донишмандони эронӣ – Ҳамидӣ дар «Арузи Ҳамидӣ» ном асараш таъкид кардааст. Ба ақидаи Ҳамидӣ, тамоми авзони арузи арабу аҷам аз рукни «мутафоъилотун» (v v -v — -) ба вуҷуд омадааст.

Сабаби  ба чунин хулоса омадани Ҳамидӣ ба асос гирифтани ф о с и л а ю  в а т а д у  с а б а б аст. Ба таври дигар гӯем, ӯ бо арузиёни араб тақлид карда, асоси авзони арузи форсӣ-тоҷикиро низ ватаду сабабу фосила медонад, зеро рукни  «мутафоъилотун» (v v -v — — ) аз фосила (фосилаи суғро – мутафо v v -), ватад (ватади маҷмуъ – ъило  v -) ва сабаб (сабаби хафиф – лун ~) таркиб ёфтааст.

Дар асл, «мутафоъилотун» рукни солим нест ва он шакли овозии зиҳофи мураффали баҳри Комил аст ва ҳанӯз дар асри XIII донишманди форс-тоҷик – Шамси Қайси Розӣ дар китоби «Ал-муъҷам» роҷеъ ба «мутафоъилотун» маълумот  дода, барои баҳри Комили мураббаъи мураффал (аруз – м а қ т у ъ) ин байтро шоҳид оварда буд:

Сафарӣ шудам ба ҷаҳон дар, Мутафоъилун/ фаъилотун v v -v — / v v — —
Зи фироқи он сафарӣ нигорам, Мутафоъилун/ мутафоъилотун v v -v — / v v — v — —

Устод Шарифҷон Ҳусейнзода аз ибтидои фаъолияти адабиётшиносии хеш, аз соли 1934 ба хулосае омад, ки асоси вазни арузи форсӣ-тоҷикиро ҳиҷоҳои дарозу кӯтоҳ ташкил медиҳанд, ки баъдтар соли 1948 устод С.Айнӣ дар мактуби худ ба Мирзо Турсунзода  ва донишманди эронӣ – Хонларӣ соли 1948 дар китоби «Таҳқиқи интиқодӣ дар арузи форсӣ ва чигунагии таҳаввули авзони ғазал» ва соли 1958 дар китоби «Вазни шеъри форсӣ» ин ақидаро тарафдорӣ намудаанд.

Дар ҳақиқат, агар асоси арузи форсӣ-тоҷикиро ҳиҷо шуморем ва ин бегуфтугӯ, ҳамин тавр аст, пас нуқтаи назари устод Ҳусейнзода заминаи пурраи илмӣ дорад. Аммо саволе ба миён меояд, ки агар асоси аркони арузиро рукни мафоъӣлун (v — — — ) бидонем, пас дар мавриди рукнҳои солими мафоъилатун (v — v v -), мутафоъилун (v v -v — ), фаъӯлун (v — -), фоъилун (- v -) чӣ мегӯем? Ҷавоби ин савол низ он қадар душвор нест, зеро рукнҳои фаъӯлун (v — -) ва фоъилун (- v -)-ро аз рукни мафоъӣлун (v — — -) берун овардан мумкин аст, яъне фаъӯлун (v — -) ҳарчанд рукни асосии баҳри Мутақориб асту фоъилун (- v -) рукни асосии баҳри Мутадорик, аммо дар баҳри Ҳазаҷ  аввалӣ шакли овозии зиҳофи маҳзуф ва дуюмӣ шакли овозии зиҳофи аштар мебошанд. Дар мавриди рукни мафоъилатун (v — v v -) бошад, мувофиқи қоидаи илми аруз, ки ду ҳиҷои кӯтоҳ баробари як ҳиҷои дароз аст, муносибат кардан мешояд.

Дар ашъори шоирони бузурги гузаштаи мо ба байтҳое дучор меоем, ки вазни як мисраъ муфтаъилун (- v v-), фоъилоту (- v — v), муфтаъилун (- v v -), фоъ (~) ва вазни мисраъи дигар муфтаъилун (- v v -), фоъилоту (- v — v), мафъӯлун (- — -), фаъ (-) омадааст. Барои мисол матлаъи қасидаи машҳури устод Рӯдакӣ – «Модари май»-ро аз назари тақтеъ мегузаронем, ки дар баҳри Мунсареҳи мусаммани матвии маҷдуъ (ҳашви дуюми мисраъи аввал – мақтуъ) суруда шудааст:

Модари майро бикард бояд қурбон,   Муфтаъилун/фоъилоту/ мафъӯлун/ фаъ — v v -/ — v — v /- — -/ —
Баччаи  ӯро гирифту кард ба зиндон.  Муфтаъилун/фоъилоту/ муфтаъи- лун/ фаъ — v v -/ — v — v /- v v -/ —

Мисоли дигар:

Охир к-ором гираду начакад тез,    Мафъӯлун/ фоъилоту/ муфтаъи- лун/ фоъ — — -/ — v — v /- v v — -/ ~
Дар-ш кунад устувор марди нигаҳбон.  Муфтаъилун/ фоъилоту/ муфтаъи- лун/ фаъ — v v -/ — v — v /- v v -/ —

Чи тавре ки мебинем, вазни байти аввал Мунсареҳи мусаммани с а д р у  и б т и д о,  ҳ а ш в а й н и  аввал, ҳашви дуюми мисраи сонӣ  – матвӣ, ҳашви дуюми мисраи аввал м а қ т у ъ ва а р ӯ з у з а р б – м а н ҳ у р аст, аммо  вазни байти дуюм Мунсареҳи мусаммани с а д р – м а қ т у ъ (- — -), ибтидо, ҳашвайни мисраъҳои якуму дуюм – м а т в ӣ — (- v v -/- v — v), а р ӯз – м а ҷ д у ъ (~)  ва з а р б – м а н ҳ у р (-) аст.

Ҳамин тариқ, агар мувофиқи қоидае, ки ду ҳиҷои кӯтоҳ баробари як ҳиҷои дароз аст, амал кунем, пас рукни мафоъилатун (v-vv-) шакли дигари мафоъилун (v- — — ) ва рукни мутафоъилун (vv-v-) шакли дигари мустафъилун (- -v-) аст.

Ҳамин хусусияти  рукнсозиро ба эътибор гирифта, устод Шарифҷон Ҳусейнзода рукни мафоъӣлунро (v — — -) модари тамоми аркони арузӣ шумориданд ва дар асоси рукни мафоъӣлун ва шаклҳои дигари он (фоъилотун — — v — ; мустафъилун (- — v -) ва мафъӯлоту — — — v) доираи арузие сохтанд, ки тамоми навъҳои солими баҳрҳои аслӣ ва фаръии арузро ҳам дар шакли мусамман ва ҳам дар шакли мусаддас аз он берун овардан мумкин аст.

Аз ин доирае, ки устод Шарифҷон Ҳусейнзода барои баҳрҳои арузӣ сохта буд, ҳар як рукни он рукни солими баҳреро ташкил медиҳад (мафоъӣлун (v — — -) рукни солими баҳри Ҳазаҷ; фоъилотун (- v — -) рукни солими баҳри Рамал;  мустафъилун (- — v -) рукни солими баҳри Раҷаз  мебошанд).

Принсипи истихроҷи баҳрҳо аз дойираи Ҳусейнзода аз принсипи сохтани баҳрҳои дойираҳои арузиёни  пешин ба куллӣ тафовут дорад. Мо дар хусуси принсипи дойираҳои аруз ва баҳрҳои атрофи он дар китоби «Қомуси қофия ва арузи шеъри Аҷам», «Фарҳанги истилоҳоти арузи Аҷам» ва «Таҳқиқ ва таълими аруз» муфассал сухан рон- даем ва хоҳишмандонро ба мутолааи онҳо ҳавола мекунем.

Усуле, ки устод Ҳусейнзода пеш гирифтанд, аз он иборат аст, ки аз омезиши рукнҳои якуму  (мафоъӣлун) дуюми (фоъилотун) доира се баҳр (Қариб, Музореъ, Мушокил), аз омезиши рукнҳои дуюму (фоъилотун) сеюми (мустафъилун) дойира се баҳр (Ҷадид, Хафиф, Муҷтасс) ва аз омезиши рукнҳои  сеюм (мустафъилун) ва чорум (мафъӯлоту) боз се баҳр (Сареъ, Мун- сареҳ ва Муқтазаб) ба вуҷуд меояд.

Дар ин маврид бояд ба се хусусияти истихроҷи баҳрҳо ва мавқеъи он аҳаммият дод.

  1. Дар ҳар се силсила рукни якуми баҳрҳои аввал (Қариб, Ҷадид, Сареъ) ду маротиба такрор мешавад, баъд рукни дуюм меояд. Масалан, дар баҳри Қариб аввал ду маротиба мафоъӣлун ва як маротиба рукни фоъилотун (v — — -/ v — — -/ -v — -).
  2. Дар ҳар се силсила рукни якуми баҳрҳои дуюм (Музореъ, Хафиф, Мунсареҳ) як маротиба, баъд рукни дуюм меояд. Масалан, дар баҳри Музореъ аввал як маротиба рукни якум (мафоъӣлун), баъд рукни сонӣ (фоъилотун) ва боз рукни якум (мафоъӣлун) ва боз рукни сонӣ (фоъилотун) ба ин тартиб: мафоъӣлун/ фоъилотун/ мафоъӣлун /фоъилотун.

V — — -/ — v — -/ v — — -/ — v — —

  1. Дар ҳар се силсила рукни дуюми баҳрҳои сеюм (Мушокил, Муҷтасс ва Муқтазаб) як маротиба, баъд рукни якум ду маротиба (агар дар шакли мусаддас бошад ва дар мавриди мусамманулаҷзо бошад, як бор рукни дуюм, як бор рукни якум ва як бор рукни дуюм ва боз рукни якум) меояд. Масалан, дар баҳри Мушокил, ки баҳри сеюми силсилаи якум асту мусаддасулаҷзост, аввал рукни дуюм – фоъилотун як бор ва баъд рукни якум – мафоъӣлун ду маротиба омадааст, ба ин тартиб: фоъилотун/ мафоъӣлун/ мафоъӣлун (- v — -/ v — — -/ v — — -).

Дар баҳри Муҷтасс, ки мусамма – нулаҷзост, аввал рукни дуюм як ма- ротиба, баъд рукни якум як маротиба, боз рукни дуюм як маротиба ва боз рукни якум як маротиба омадааст, ба ин тартиб: мустафъилун/ фоъилотун/ муста- фъилун/ фоъилотун

— — v -/ — v — -/ — — v -/ — v — — Мувофиқи мавқеи чор рукни дой- ира ва аз рӯйи принсипи дуюму сеюм шаклҳои мусаммани баҳрҳои Музореъ, Муҷтасс, Мунсареҳ ва Муқтазаб ва мувофиқи ҷойи аркон шаклҳои мусаддаси баҳрҳои Қариб, Мушокил, Ҷадид, Хафиф ва Сареъро берун овардан мумкин аст.

Дар зери мафҳуми дуюм ва сеюм баҳрҳои Музореъ, Муҷтасс, Мунсареҳ ва Муқтазаб дар назар дошта шудааст, зеро, дар ҳақиқат, дар силсилаи якум баҳри дуюм  (Музореъ), дар силсилаи дуюм баҳри  Муҷтасс ва дар силсилаи сеюм баҳрҳои дуюму сеюм (Мунсареҳу Муқтазаб)  мусамманулаҷзоанду панҷ баҳри дигар (Қариб, Мушокил, Ҷадид, Хафиф ва Сареъ)  мусаддасулаҷзо.

Рукни мафоъӣлун ва шаклҳои дигари онро паси ҳам дар  як дойира гузоштан сабаби дигар низ дорад. Маълум аст, ки  дар байни шоирон шаклҳои солими баҳрҳои фаръӣ хеле камистеъмоланд ва шоирон, асосан, дар анвои мухталифи музоҳафи нуҳ баҳри зикршуда шеър эҷод кардаанд. Аз тарафи дигар, ба вуҷуд омадани навъҳои баҳрҳои фаръӣ ба зиҳофоти рукнҳои солим вобастагӣ дорад. Азбаски ҳам дар рукни мафоъӣлун (v — — -) ва ҳам дар рукни фоъилотун (-v — -) зиҳофҳои м а к ф у ф (мафоъӣлу (v — — v) аз мафоъӣлун (v — — -), фоъилоту (- v — v) аз фоъилотун ( — v — — ) ва  м а ҳ з у ф (фаъӯлун (v — -)  аз мафоъӣлун (v — — -),  фоъилун (- v -) аз фоъилотун (- v — -) мавҷуданд, устод Ҳусейнзода ин ду рукнро дар силсила паси ҳам гузоштанд.

Ба донишмандони илми аруз маълум аст, ки ҳам дар рисолаҳои арузи арабӣ ва ҳам дар рисолаҳои арузи гузаштаи форсӣ-тоҷикӣ баъди рукни мафоъӣлун (v — — -)  рукни мустафъилун ( — — v — ) меояд. Дар мавриди рукнҳои фоъилотун ( — v — — ),  мустафъилун ( — — v -) зиҳофи м а х б у н (фаъилотун (v v — — ) аз фоъилотун ( — v — — ) ва мафоъилун ( v — v -) аз мустафъилун ( — — v-) ва дар мавриди рукнҳои  мустафъилуну ( — — v -)  мафъӯлоту ( — — -v) зиҳофи м а т в ӣ (муфтаъилун ( — v v — ) аз мустафъилун ( — v — — )  ва фоъилоту ( — v — v ) аз мафъӯлоту ( — — — v) дар назар дошта шудааст.

Ҳамин тариқ, усули таълими аруз, аз он ҷумла, дойираҳои он дар роҳу равише, ки устод Шарифҷон Ҳусейнзода  пеш гирифта буданд, ба зеҳни хонандаи тоҷик хеле наздик ва мувофиқ аст. Сабаби осонии чунин тарзи таълим дар он зоҳир мегардад, ки устод Ҳусейнзода асоси арузи тоҷикиро дар ҳиҷоҳои дарозу кӯтоҳ медонад.

Омӯзиши сайри таърихии илми аруз нишон медиҳад, ки баъзе муҳаққиқон барои осону соддафаҳм намудани он усулҳои гуногунро пешниҳод кардаанд. Аз ҷумла, А. Фитрат барои санҷиши авзони шеър ҳамчун меъёри асосӣ усули дойра «бак-бак-бака-бак»-ро тавсия намудааст. Н. Бектош бошад ба сифати мизони санҷиши шеър усули «ла-лай-лай-лай». Хонларӣ усули «та-тан-тан-тан», «тан-тан-та», Ҳамидӣ усули «дам-дам-да-дам», «да-дам-дам-дам»-ро қабул кардаанд. Муҳаққиқи тоҷик – Киром Остон барои ба осонӣ  дар хотир нигоҳ доштани афоъили солиму музоҳафи аруз пешниҳод менамояд, ки ба ҷойи рукни мафоъӣлун (v — — -) «дилороӣ»  (v — — -), ба ҷойи фоъилотун (-v- -) «дилрабоӣ» (-v- -), ба ҷойи мустафъилун ( — — v-) «дилбарнамо» ( — — v-), ба ҷойи мафъӯлоту (- — -v), «дилбарҷона» (- — -v), ба ҷойи фаъилун (vv-) «дилакам» (vv-), ба ҷойи фаъӯлун (v- -) «дилоро» (v- -), ба ҷойи мафоъилатун (v- v v-) «дилам бибарӣ» (v- v v-), ба ҷойи фоъилун  (- v-) «дилрабо» (-v-), ба ҷойи мутафоъилун (vv-v-) «дилакам бибар» (vv- v) истифода бурда шавад.

Аммо дар ин миён ибтикороти профессор Шарифҷон Ҳусейнзода дар таълими арузи тоҷикӣ бештар хусусияти амалию корбурдӣ доранд. Бо гузашти беш аз 30 сол аз фаъолияти омӯзгорӣ ва 122 соли умри азизи устод чеҳраашон ҳамчун аруздони машҳур дурахшон боқӣ мемонад.

Урватулло ТОИРОВ,
профессор

 

Дигар хабарҳо