Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад

 Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад

Яке аз умдатарин корҳое, ки Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз рӯзи таъсисёбиаш анҷом медиҳад, ин дарёфт ва тарбияи адибони ҷавон аст. Устодони мо аз насл ба насл анъанаи шогирд тарбия карданро, ки дар адабиёти муосирамон аз устод Садриддин Айнӣ мерос мондааст, идома дода, ҳамеша мекӯшанд, ки дар пойтахт, хусусан русто ва ё музофоте ягон нафари боистеъдод бошад, дастгирию тарбия кунанд. Ин кор баъзан бевосита ба хондану дилсӯзона таҳрир кардани асарҳои қаламкашони ҷавон ва тавсия додани онҳо барои нашр дар нашрияҳои ИНТ ва ё ба чоп омода намудани маҷмуаи нахустини эшон сурат мегирад. Баъдан онҳо дар маҳфилҳои омузишӣ, ки Иттифоқ барои адибони ҷавон пайваста баргузор менамояд, ҷалб карда мешаванд. Аз ин нигоҳ, дар панҷ сол як маротиба гузаронидани Машварати адибони ҷавони ҷумҳурӣ як ҷузъи муҳимми кори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба шумор меравад. Зеро таҷриба нишон медиҳад, ки аз байни иштирокдорони ин чорабинии муҳим ҷавонадибони боистеъдод дарёфт ва дар оянда ба узвият пазируфта мешаванд. Бисёр шоиру нависандагони имрӯз номдори мо замоне дар чунин машваратҳо ширкат намудаву бо дуо ва дастгирии устодон роҳи хешро ба боғи адабиёт ҳамвор кардаанд.

Сайидо беҳуда нагуфтааст:

Бе мураббӣ зери гардун муътабар натвон шудан,
Моҳи навро рафта-рафта чарх оламгир кард.

Оре, ҳар нафаре ки ба умеди чизе навиштан ба даст қалам мегирад, ба маслиҳату тарбия ва дастгирии устодони ин пеша, онҳое ки солҳо боз ин заҳмати сангинро бар дӯш гирифтаву ба ҷое расидаанд, ниёз дорад.

Машварати адибони ҷавони ҷумҳурӣ, ки аз 21 то 24-уми октябри соли равон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гашт, беш аз панҷоҳ нафар қаламкашони ҷавонро ба ҳам овард. Шоиру нависандагони маъруфамон Низом Қосим, Ҳақназар Ғойиб, Аскар Ҳаким, Фарзона, Озарахш, Маъруф Бобоҷон, Додохони Эгамзод, Ато Мирхоҷа, Давлати Раҳмониён, Толиби Луқмон, Муҳриддин Сабурӣ, Ховари Абулҳай ва дигарон давоми се рӯз шеъру ҳикояҳои адибони ҷавонро хонданду шуниданд ва дилсӯзона ба муҳокима гирифта, бурду бохтҳояшонро рӯ ба рӯ гуфтанд. Ҳамчунин, дар суҳбатҳои алоҳида дар хусуси меҳнати сангини шоириву нависандагӣ, ки ба таҳқиқи олами ботини инсон, офаридаи басо мураккаби парвардигор, сарукор мегирад ва ҳамчунин дар бораи масъулияти эҷодкор дар назди адабиёту хонанда, эҳтироми сухану китоб, ки аз волотарин дастоварди инсоният ба шумор меравад, дари суҳбат кушоданд.

Боиси хушнудист, ки дар машварати имсола сафи нависандагони ҷавон бештар буд. Бист нафар навиштаҳои хешро барои муҳокима пешниҳод намуданд. Дар байни онҳо талабаҳои мактаби миёнаву донишҷӯёни донишгоҳҳои олӣ, омӯзишгоҳҳо ва омӯзгорон аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳуриамон буданд. Хурдтарин иштирокчии машварат дар бахши наср хонандаи синфи ҳафтуми мактаби рақами 51-и ноҳияи Деваштич Моҳрӯза Ёрова буд. Ин, албатта, хурсандиовар аст, зеро солҳои охир ҷавонон бештар ба шеър шавқ доранд, насрнависон ангуштшуморанд. Дар давоми се рӯз нависандагони ботаҷрибаамон Ато Мирхоҷа, Маъруф Бобоҷон, Додохони Эгамзод, Матлуба Ёрмирзоева, адабиётшинос Замирахон Ӯлмасова ҳикояву қисса ва афсонаҳои носирони ҷавонро хонда, баҳо доданд. Ҳамзамон, аз таҷрибаи хеш мисолҳо оварда, ҳатталимкон кӯшиданд, то ҷавонон аз заҳмати эҷодгарӣ воқиф шаванд. Муҳим он буд, ки қаламкашони ҷавон дар дил каму беш гапи мегуфтагӣ доранд. Ва қалбашон нисбат ба беадолатиҳо дар муносибати байни одамон, ғаммозиву бешарафӣ, бевафоиву хиёнат, бадгуҳариву буздилӣ ва дигар хислатҳои пасти инсонӣ номураттаб метапад. Аз ин рӯ, онҳо лаҳзаю воқеаҳои гуногуни зиндагӣ (алҳол бештар дидаву шунидаҳояшон)-ро рӯи коғаз оварда, мехоҳанд бар зидди бадӣ сангар бигиранд. Албатта, ин кор осон нест, заҳмати сангин мехоҳад он. Бино бар ин эшонро мебояд ба зиндагӣ, мураккабиҳои муносибати одамон, дунёи маънавию ботини инсон ва ҳар мавзуе, ки мехоҳанд дар навиштаҳояшон инъикос кунанд, назари жарф дошта бошанд.

Барои сайқал додани қалами хеш бештар асарҳои адибони тоҷик ва ҷаҳонро мутолиа намуда, аз онҳо дарси маҳорат омӯзанд. Дар омади гап бояд таъкид кунем, ки иштироки адибони ҷавон дар шаби эҷодии устод  Аскар Ҳаким бахшида ба ҳаштодсолагиашон, маҳфили ёдбуди Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ ва нависандаи маъруф Анвар Мирзоҳакими Олим, ки он рӯзҳо дар шаҳри Хуҷанд баргузор гашт, аз манфиат холӣ набуд. Чунки дар ин маҳфилҳо низ сухан аз адабиёт, ҳунари шоириву нависандагӣ, ранҷи расми инсоншиносӣ, василаи иншои асарҳои хуб ва ҳоказо буд. Ҳангоми суҳбат шоиру нависандагон ва мунаққидони шинохтаамон аз ҳунари вижаи ин адибон ҳарф зада, аз бозёфту беҳтарин паҳлуҳои асарҳояшон мисолҳо оварданд. Дар ҳама суханрониҳо таъкид мешуд, ки барои дар адабиёт мақоме ёфтан ҳамвора заҳмат кашидан, аз асарҳои нағз ҳунари навиштан омӯхтан, дар назди сухан масъулияти беандоза доштан лозим аст. Нависандаи бузурги амрикоӣ Уилям Фолкнер формулае тартиб додааст барои нависандаи ҳақиқӣ шудан: 99% истеъдод, 99% тартиб, 99% заҳмат. Ҳаргиз аз навиштаҳои худ қонеъ нашудану аз будааш беҳтар навиштан. Кӯшиши аз ҳамқаламони муосиру пешин гузаштан накарда, аз худ бояд гузашт.

Тавре хотиррасон кардем, дар машварат бист нафар носири ҷавон навиштаҳои хешро ба муҳокимаи устодон пешниҳод карданд. Табиист, ки ҳунару истеъдодашон гуногун буд. Яке беҳтар, дигаре миёна ва сеюмӣ суст. Аммо як чиз мусаллам аст, ки онҳо дар дил гапи мегуфтагӣ доранд ва ин шарти муҳим ва оғози кор аст. Тавре мегӯянд, бо як гул баҳор намешавад. Дигар танҳо заҳмати тоқатфарсо, ба ҳар роҳ омӯхтану навиштан ва навиштан…

Аз натиҷаҳои муҳокимаву суҳбатҳое, ки пас аз мутолиаи навиштаҳои носирони ҷавон сурат гирифт, ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки нигоштаҳои шаш-ҳафт нафар бештар қобили таваҷҷуҳанд ва метавон дар оянда ба онҳо умед баст. Беҳрӯз Қаюмӣ, Дилрабо Фарҳодзода, Абдулло Наботзода, Мавлуда Орифова, Шукрона Акрамзода… аз ин ҷумлаанд. Эшон тарзи навиштани ҳикоя, зарбу оҳанг, мақоми вожаҳоро медонанд, метавонанд лаҳзаҳои муассиру ибратбахши зиндагӣ, рӯйдодҳое, ки онҳоро мутаассир кардаанд, бо обуранги бадеӣ рӯи коғаз биёранд. Аммо ин маънии онро надорад, ки эшон пухта шудаанд, баръакс дар навиштаҳояшон ҳоло камбудиҳо зиёданд ва мо умед дорем, ки дар оянда ислоҳ мешаванд.

Аз байни иштирокдорон навиштаҳои Беҳрӯз Қаюмӣ фарқ мекард ва ба устодон писанд омад. Рӯзноманигор аст ӯ. Камина низ чанд ҳикояашро хондам. Бо вуҷуди иштибоҳҳо баъзан дар забону таносуби сухан, хубанд навиштаҳояш. Мушоҳидакор аст, дили дардошно, нигоҳи ҳақбин дорад, ки ин барои шахси эҷодкор бисёр муҳим аст. Ба ғайр аз мавзуъҳои ҷовидонаи адабиёт, амсоли муборизаи некию бадӣ, ишқ, муҳаббат ва хиёнат, ҳаёт ва марг ва ҳоказо, ӯ ба мавзуъҳое даст мезанад, ки имрӯз дар ҷомеаи мо мубраманд. Аз қабили муносибати падарону фарзандон дар замони муосир, мушкилоти муҳоҷирати меҳнатӣ, ки на танҳо ба худи мардикорон, бал ба фарзандони онҳо, ки дарди фироқ мекашанду мехоҳанд падар ҳар рӯз ҳамроҳашон бошад, мансуб аст, нашъамандӣ ва ё қарзгирӣ аз бонк (падидаи ба ҳар ҳол дар ҷомеаи мо нав), бефарқ шудани одамон нисбат ба якдигар ва ҳоказо.

Воқеан ҳам, имрӯз дарди танҳоӣ, бетафовут шудани одамон нисбат ба якдигар дар замони инкишофи бесобиқаи технологияҳои нав, ки тадриҷан инсонро ба худ мутеъ мекунад, боиси ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст. Беҳрӯз Қаюмӣ дар чанд ҳикояаш ҳамин масъаларо мавриди таҳқиқ қарор дода, хулосаҳои ҷолиб баровардааст.

Дилрабо Фарҳодзода омӯзгор аст. Аллакай ҳикояҳояш дар рӯзномаю маҷаллаҳо, аз ҷумла нашрияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон – “Садои Шарқ” ба табъ расидааст. Ӯ ба ҷуз ҳикоя барои бачаҳо афсонаҳои хуб низ менависад, ки боиси дастгирист. Зеро мо ба нудрат нависандаҳое дорем, ки барои бачаҳо афсонаю ҳикоя менависанд. Афсонаҳои Дилрабо метавонанд меҳри бачаҳоро ба Ватан, илму дониш, табиати диёр, олами ҳайвонот афзун ва онҳоро ба ростқавлию накӯкорӣ, нотарсиву ҷавонмардӣ ҳидоят кунанд. Дилрабо дар навиштани драмаҳои хурд низ, ҳунарашро санҷидааст.

Аён аст, ки вай ба ҳар ҳол бо техникаи драмнависӣ ошноӣ дорад, нозукиҳои саҳнаю қоидаҳои театрро медонад, забонаш муҷаз, диалоги қаҳрамонҳо пурбор аст. Ду драмае ки ӯ барои муҳокима пешниҳод намуд, бо вуҷуди баъзе норасоиҳояшон қобили таваҷҷуҳанд. Онҳо ба мавзуъҳои бисёр муҳим, яке аз хизмати аскарӣ сар печидани ҷавонон (“Билети ҳарбӣ”) ва дигаре ба нашъамандию бемории вируси норасоии масунияти одам (“Хиёнати маргбор”) бахшида шудаанд.

Як камбудие, ки дар навиштаҳои ҷавонон мушоҳида мешавад, ин нақли хушку холӣ, воқеабофӣ ва сергапӣ аст. Дар баъзе навиштаҳои онҳо ягон диалог, гуфтугӯи қаҳрамонон дида намешавад. Аз аввал то охир воқеаҳо аз забони худи муаллиф бозгӯ мешаванд. Ба ин тарз низ ҳикоя навиштан мумкин, аммо ҳикояи хуб ҳамонест, ки набзи ҳаёт дар он бармало шунида шавад ва мураккабиҳои ботини инсон хонандаро ба ҳаяҷон орад. Ин танҳо дар асоси ғояи хуб, мавқеи муаллиф, сужаи шавқовар, ҳаракат ва гуфтугӯю такопӯи қаҳрамонон даст медиҳад.

Масъалаи дигаре ки ҳусни ҳикояҳои ҷавононро мекоҳонад, ин харобӣ, носуфтагиву беобурангии забонашон аст. Рост, ки сарукор гирифтан бо забон душвортарин амал аст барои шахси эҷодкор. Натанҳо адибони ҷавон, балки баъзе нависандагони таҷрибадорамон низ гоҳе ба иштибоҳ роҳ медиҳанд дар иншои хеш. Аммо бояд аз ёд набарем, ки ба забони носуфтаю хароб асари хубу хонданӣ ва писанди хонанда навиштан амрест муҳол. Устоди насри ҷаҳонӣ Эрнест Хемингуэй дар ин бора андешида менависад, ки хусусияти ҳатмии нависандаи хуб ин возеҳбаёнист. Вазифаи нахустину муҳим – хусусан барои нависандаи имрӯза – билкул тоза кардану перостани забон аст. Ва ин заҳмати сангин талаб мекунад.

Ин андешаи адиби забардастро сармашқи кори хеш кардан, хусусан барои адибони ҷавон, аз манфиат холӣ нест. Қаламкашони ҷавон бояд аз аввал ба забон аҳаммияти ҷиддӣ диҳанд, аз истифодаи вожаҳои лаҳҷавию шева парҳез намоянд. Тавре ки устодон борҳо таъкид намудаанд, истифодаи калимаҳои шевагӣ, агар бар нафъи забони адабӣ бошаду барои бой шудани он саҳм бигирад, қобили қабул аст. Ҳамон ҳам фақат аз забони персонажҳои асар истифода шавад. Дар ҳикояҳои бархе аз иштирокчиёни машварат баъзан аз ҳад зиёд чунин калимаҳо ба чашм мерасанд. Ҳамчунин, дар истифодаи калимаҳои шевагие, ки шояд дар асарҳои адибони ҳамзабонамон хондаанд ё шунидаанд, эҳтиёт шаванд, зеро на ҳар вожае, ки онҳо истифода мекунанд, барои хонандагони мо фаҳмоянд.

Ҳангоми суҳбат дар машварат каммутолиа будани бархе аз ҷавонон низ, маълум шуд. Онҳо ҳатто асарҳои устод Айниро нахонда, мехоҳанд ҳикоя нависанд. Беҳуда намегӯянд, ки нависандаи хуб хонандаи беҳтарин низ ҳаст. Зеро яке аз роҳҳои сайқал додани маҳорат ва пурбор навиштан аз бештар мутолиа кардани беҳтарин асарҳои адибони ҷаҳон ва аз таҷрибаи эшон дарс гирифтан дониста мешавад. Чунонки фармудаанд:

Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.

Машварати адибони ҷавони ҷумҳурӣ хеле хотирмон ва пурбор буд. Умедворем, ки он дар тарбияи ҷавонадибон, афзудани масъулияти онҳо дар назди сухану суханварӣ ва дар маҷмуъ, рушди насри бадеӣ саҳм мегузорад.

Равшан МАХСУМЗОД

МАШВАРАТИ СОЗАНДА

Дар Машварати имсолаи ҷумҳуриявии адибони ҷавон теъдоди ҷавоншоироне, ки донишҳо ва таҷрибаи қобили мулоҳизаи адабӣ касб намудаанд, бештар аст. Инро аз мутолиаи намунаҳои хуби навиштаҳояшон, ки қаблан бо мусоидат ва ғамхории нашрияҳои адабии мамлакат чоп шудаанд, метавон дарёфт. Чанд  сол пеш ба таври густарда пайравиҳои муқаллидонае аз ҷониби ҷавонадибон ба ашъори шоирони ҳамзабон, бардоштани вожаҳову таркибҳои гӯишӣ, ирфониву мазҳабӣ ривоҷ ёфта буд. Шеърҳо ва маҷмуаҳое, ки иштирокчиёни машварат имсол пешкаши хонандагон мекунанд, аз ин гуна тақлид ва «шефтагӣ» то андозае орианд.  Бисёр ширкатварзонро мо мешиносем, чун эҷодкори умедбахш эътироф кардаем, ҳатто онҳоро дар ҳавзаҳои форсизабонон мехонанд (Парвиз Қаюмӣ, Баҳманёр Муяссарзода, Одинамуҳаммади Сӯфӣ, Мусо Азизӣ, Шодмон Субҳон, Марзбоналӣ, Шукронаи Эраҷ, Муҳаммад Ғанизода, Ҳабибулло Назариён, Саидаи Рамазон ва ғайра). Аз ин миён онҳое, ки зиёд ба ғазал майл доранд,  бештаранд. Аммо ғазалҳояшон аксаран эҷодкоронаанд, на маҷбурӣ ва маҳорати образофариниашон ё маъниофариашон дар ин самт назаррас аст. Масалан, Парвиз, Марзбоналӣ, Шодмон, Ҳабибуллои Назариён, Мусо Азизӣ. Ҳамчунин, чорпора, рубоиёт ва қитъагунаҳои ҷолиб доранд. Тамоили Ҳабибуллои Назариён ба шеъри хурд мароқангез мебошад. Қофия ва радиф низ дар навиштаҳояшон дар ҳаракат қарор доранд, яъне дар маънисозӣ ва тасвире нақш мебозанд. Бисёр ҷанбаҳои ҳунариашон дар ҳоли рушд кардан ва ташаккул ёфтан қарор доранд, аз он ҷумла ҷанбаи фаннии навиштаҳояшон.

Дар бораи иддаи зиёдашон меарзад ва зарур аст, ки алоҳида суҳбат кунем.

Ба назари инҷониб, махсусияти машварати мазкур  дар ин гуна падидаҳои фарқкунандааш ифода меёбад.

Парда ҲАБИБ

Дигар хабарҳо