Лаҳзаи дӯстибахш

Ба муносибати 80-солагии Сулаймон Анварӣ

Ман Сулаймон Анвариро мобайни соли 1965 назди даричаи ҳуҷҷатсупории факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории пойтахт дидам. Мо он лаҳза ному насаби ҳамдигарро намедонистем. Ман, ки ҷавони бисёр содаи деҳотӣ, назокатҳои навиштани хоҳишномаи супоридани ҳуҷҷатҳоро нағз намедонистам, аз онҳо, – ду нафар буданд, – ёрӣ пурсидам. Ӯ мадад расонд, ҳамроҳаш ба кундфаҳмӣ ва гарангии ман истеҳзоомез хандид. Ҳуҷҷат супоридаму довталаб шудам. Пасон гоҳ-гоҳ дар саҳни донишкада ё ҳангоми имтиҳонсупорӣ рӯ ба рӯ омада, бо саломе ҳавоӣ изҳори сипоси он лаҳзаи мададро мекунам. Баъдан рӯзҳои пурҳаяҷони шабҳои бехобӣ, андешаҳои дилхарош; «оё аз имтиҳонҳо гузашта, донишҷӯ мешуда бошам, агар аз имтиҳоне нагузарам, бо кадом обрӯ деҳа назди падару модар баргашта, ба чашми омӯзгорон менигарам» ба охир расиданд. Рӯйхати довталабони аз имтиҳонҳо бо баҳои ҳархела гузаштаву «бадбахт»-ҳои ноком ҳам дар тахтаи саҳни донишкада эълом шуд. Афтодаҳои бедимоғу асабӣ ҳуҷҷатҳояшонро пас мегирифтанд. Онҳое ҳам, ки аз имтиҳонҳо баҳои нағз нагирифтаанд, ташвишу ҳаяҷоне доштанд; дар пеш суҳбате онҳоро интизор аст, суҳбати роҳбарони факулта. Дар он шумораи умумии баҳо ба ҳисоб гирифта мешудааст; баланд бошад, мегузарӣ, вагарна дидор то соли дигар мегӯянд.

Ҳафтоду панҷ нафар аз ин суҳбат гузашта донишҷӯ шудем. Хушбахтӣ. Се гурӯҳ: биступанҷ нафарӣ. Банда ба гурӯҳи «Б» ворид шудам, ки дар он Анварӣ низ буд. Сипас фаҳмидем, ки шоири ҷавон Султон Шоҳзода ҳам ҳамкурси мо будааст. Баъд донистем, ки олимони маъруф Холиқ Мирзозода, Носирҷон Маъсумӣ, Абдулғанӣ Эшонҷонов, ки муаллифи китобҳои дарсӣ будаанду таърифашонро аз муаллимони мактаб зиёд мешунидем, ба мо дарс мегуфтаанд. Ин боиси ифтихорамон буд. Пасон мо ба ҳамдигар бештар шинос шуда, ҳусни ошноӣ пайдо кардем. Ва ҳамин Сулаймон Анварӣ, Шоҳвалӣ Сайидҷаъфаров, Саидмухтор Искандаров (ёди ҳарду гиромӣ бод!) ва банда чор сол дар як ҳуҷраи хобгоҳ зиста, пас аз дарсҳо бештари вақтро дар толори бисёр хубӣ хониши китобхонаи донишкада мегузарондем. Ростӣ, ки шиносоии мо ба дӯстӣ табдил ёфт. Ба қавли шоир Ғоиб Сафарзода: «Дӯст буданду маро гаштанд фарзанди падар». Бештари ҳамкурсҳои мо ба пешаи интихобкардаи хеш содиқ буданду воқеан донишҷӯ. Мекӯшиданд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил бикунанд. Инро устодони сахтгиру номдор меписандиданд.

Чанде пеш Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат таъкид карданд, ки барои омӯхтани таъриху адабиёти бостониямон ҷавонон бояд хатти ниёгонамонро биомӯзанд. Аҷаб ҳидояти дурандешонаву шодиоваре!

Ёдам омад, он солҳо бо хоҳишу талаби пайдарпайи донишҷӯён барои омӯхтани алифбои ниёгон маъмурияти факулта, албатта бо мусоидати Донишкадаву Вазорати маориф ҳабдаҳ соати дарсӣ ҷудо кард. Ҳамин ҳам хурсандиовар буд. Охир, мо беибо алифбои ниёгонро меомӯхтем. Аз баракати ин дарс дари омӯзиши алифбои ниёгон барои бисёриҳо ҳамеша кушода шуд. Ш. Саидҷаъфаров зери роҳбарии устоди зиндаёд Холиқ Мирзозода доир ба ашъори Толиби Омулӣ рисолаи номзадӣ дифоъ кард.

Сулаймон Анвариро устоди равоншод Абдулғанӣ Эшонҷонов ба шогирдӣ пазируфт ва ӯ дар мавзуи «Вожаҳои низомӣ дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ» таҳқиқоти хубе ба анҷом расонид… Ва ӯ минбаъд пайроҳаи устодони муҳаққиқашро дилпурона тай кард. Ҳам дар мактаби таълимоти ҳамагонӣ ба хонандагон дарсе доду таҷриба андӯхт ва ҳам рисолаҳои илмӣ, ҳам барномаву китобҳои дарсии омӯзиши забонро таълиф намуд.

Фаъолияти илмӣ ва эҷодии Сулаймон Анварӣ, ки ба синни мубораки ҳаштод расидааст, густурдаву пурбор мебошад. Доир ба масъалаҳои гуногуни забону таълими он, вижагии забони осори адибони гузаштаву имрӯза, ҳолати фарҳангу ҷойгоҳи ҳунармандон ва ғайра рисола, китоб ва мақолаҳои афзуни судманд ба нашр расондааст.

 Абдулҳамид САМАД

Дигар хабарҳо