Номаи шодбошии ИНТ ба Шоири халқии Тоҷикистон Раҳмат Назрӣ
Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ устод Раҳмат Назрӣ ба синни мубораки 75 расид.
Раҳмат Назрӣ ба майдони адабиёт бо қадамҳои устувор ворид гардида, нақши назарраси худро дар рушду нумуи адабиёти тоҷик гузоштааст. Аз ӯ маҷмуаҳои ашъор бо унвонҳои «Барги сабз» (1977), «Ситораи рӯз» (1982), «Лолаи оташ» (1984), «Сарнавишт» (1988), «Меҳроб» (1991), «Ҳафтранг» (2002), «Садои хомӯшӣ» (2006), «Ситораборон» (2011), «Чилчароғ» (2011), «Ширмаҳтоб» (2012), «Ширинкома» (2012), «Шилшила» (2013), «Дида ба дида» (2014), «Сояи танҳоӣ», «То боздид, эй офтоб!» (бо ҳуруфи ниёгон), «Замзама» (2017), «Андеша дар андеша» (маҷмуаи ашъор ва нақди адабии ашъори муаллиф (2017), «Гулбонг» (2018), «Ҷон ба ҷон» (2018), «Ситораи раҳнамо» (2019), «Лангар» (2021) ва амсоли ин интишор ёфта, аз ҷониби хонандагон ва аҳли адаб баҳои баланд гирифтаанд.
Барои бачаҳо шеърҳои дилнишину хонданӣ эҷод намудааст, ки байни онҳо маъруфият доранд.
Шоири маъруф Раҳмат Назриро ба ҷашни фархундаи 75-солагӣ табрику таҳният намуда, барояш саломатии бардавом орзумандем.
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон



