Ошёни Симурғ

 Ошёни Симурғ

Устод Салимшо Ҳалимшо дар таърихи адабиёти муосири тоҷик ҳам ба гунаи як шахсияти намоён бо хислатҳои ҷавонмардӣ, шикастанафсӣ, ростқавлӣ, дур аз тамаллуқу хушомад ва аз ҳама муҳим, надоштани ҳирсу ғароми ҷоҳу ҷалол ва мансабу маснад ҷилвагар буд ва ҳам ба гунаи шоири ҳунарманду андешаманде, ки дорои шеърҳои нотакрор аст, мондагор хоҳад буд. Дар яке аз қасидаҳояш Салимшо Ҳалимшо дар бораи умри қалам ва умри сухан чунин мегӯяд:

Умри абад ба дасти ту дарёфт мӯқалам,
Дар ҳифзи боғи пурсамари хеш ҳайдарӣ.

Ва дар ҳақиқат, самари мӯқалами шоир умри абад ёфт, зеро нигаҳбону ҳофизи боғи пурбори шеъру суханаш буд. Салимшо Ҳалимшо аз нахустин шоироне буд, ки дар бедор кардани ҳофизаи таърихӣ ва бозгашт ба муқаддасоти милливу эҳёи тамаддуни ориёӣ ҳанӯз дар солҳои 80-уми асри гузашта рӯй бар фарҳанги бумӣ овард. Бо рафтан ба умқи таъриху асотири миллӣ ва пайванди он ба макону мавзеи бумӣ, балки хостгоҳи он аз ин сарзамини куҳан, рӯй ба сӯйи худогоҳиву худшиносӣ овард ва хонандагони хешро низ аз дунболи худ ба ҷустуҷӯйи ин гавҳари поку нахуст раҳнамун сохт. Чун рисолати инсон, ба ҷуз аз худ гузоштани насл, ҷустуҷӯй ва пайдо кардани асл низ ҳаст, хонандагон, аз дунболи «қасидаҳои кайҳонӣ»-и Салимшо Ҳалимшо, ба ҷустуҷӯйи шараф ва ифтихори миллӣ рафтанд. Аз ҳалқаи сарбастаи фарҳанги омадаву оварда берун баромаданд, аз хатари тозаи гирифторӣ ба доми фитна огоҳ гардиданд ва сарриштаи калобаи фарҳангу тамаддуни худро дарёфта, ба дасти хеш печиданд.

Яъне, нависандаи сарнавишти худ гардиданд, ки ба ҳамин маъно шоир мегӯяд:

Бошад қалам ба дасти ту қисматнависи ту,
Аз он биёфт бар сари ту ҳаққи сарварӣ.

Устод Салимшо Ҳалимшо бозгӯкунандаи бевоситаи таъриху фарҳанги миллӣ нест, ҳарчанд бунёди эҷодиёташ, хосса қасидаҳои ӯ, бар пояи устураҳои миллист, ӯ дар заминаи фарҳанги миллӣ маъниҳои тоза мегӯяд ва образҳои нав меофарад. Барои намуна, кӯҳи Қоф, Симурғ, Меҳр, Суруш, Каҳкашон, Кайҳон, Хуршед, Офтоб, ки мафҳумҳои бунёдии фарҳанги моянд, дар шеъри устод Салимшо Ҳалимшо бо таносуби мафҳумҳои аслии худ тобиши маъноӣ пайдо мекунанд, балки маъноофарин ва образсоз мегарданд.

Симурғ дар қасидаҳои шоир, ба ҷуз он ки ҳасту мо медонем, чандин тобиши маъноӣ пайдо кардааст. Дар фарҳанги ориёӣ Симурғ намоди огоҳӣ ва хирад, варҷованд, яке аз эзадони хешкори Аҳурамаздо, ки ҳамеша ҳамроҳи эзади Баҳром аст, парастори Зол ва нигаҳбони хонадони Рустам аст. Дар шеъри Салимшо Ҳалимшо Симурғ бо доштани ин гунаву рухи бунёдӣ, ба намоди фурӯғу рӯшноӣ, гармиву меҳр, нигаҳбону парастор дармеояд ва ба тандиси Модархудо, модар, гавҳари меҳру ишқ, мазҳари меҳр, муҷассамаи меҳр табдил мегардад. Яъне, дар шеъри Салимшо Ҳалимшо Симурғ дигар бо Баҳром нест, бо Меҳр аст ва аз ӯ бӯйи модар, рӯйи модар, гармиву фурӯғи модар, меҳрубониҳои модар дармеояд ва модар дар шеъри Салимшо Ҳалимшо ба Симурғ мубаддал мегардад, яъне, ба худованди меҳру меҳрубонӣ. Чунин бозтоби Симурғ дар адабиёти мо тоза ва нав аст, ки мегӯяд:

Бидон, ки мазҳари модархудой Симурғ аст
Ва мо ба донаи ӯ гаштаем шери арин.

Ошкор шудан ва баромади Модархудой агар Симурғ бошад, пас Симурғ Модархудой аст. Ва дар ҷойи дигар низ мегӯяд:

Ва ҳаст ҳайкали модар рисолати Симурғ,
Ки кӯҳи Қоф бувад ошёни он, эй ҷон.

Кӯҳи афсонавии Қоф, ки онро мехи замин мегӯянд ва гирдогирди заминро фаро гирифтааст, дар Қуръони карим низ аз он ёд шудааст. Дар таърих ва асотири эронӣ кӯҳи Қоф ҳамон Албурз ва низ Дамованд аст, ки аз он риштакӯҳҳои замин реша мегиранд. Ва онро ба кӯҳҳои Қафқоз ҳам нисбат медиҳанд. Аммо, чун сарчашмаи ҳамаи кӯҳҳои гетӣ ва баландтарин кӯҳи ҷаҳон асту аз он то ба осмон як қадди одам аст ва куноми Симурғ аст, дар шеъри устод Салимшо Ҳалимшо ҳамчун нахустин хонаи дунё омадааст. Ва шоир кӯҳи Қофро, Боми Ҷаҳон, ҳамон кӯҳҳои сарафрози Бадахшон медонад.

Шояд чунин ҳам бошад, вале муҳим он аст, ки шоир бо фарогирӣ аз фарҳанги бостонии хеш бо як ҳисси баланди ифтихори миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ чунон шоиронаву ҳунармандона маъниофаринӣ ва образсозӣ мекунад, ки боиси ифтихори кас мегардад гоҳе, ки мегӯяд:

Бидон, ба амри Худо ин нахуст хонаи даҳр
Бино бигашт сари дӯши кӯҳи Боми Ҷаҳон.

Ва ҷойи дигар низ ба ҳамин маънӣ мегӯяд:

Худо дар Боми Дунё ҳаст чун бинмуд Одамро,
Гирифт ӯ ҷашн, к-аз ҷашнаш замин шуд ҷаннатободон.

Ва боз мегӯяд:

Сафар ба рӯйи замин шуд зи кӯҳи Қоф оғоз,
Ба рӯйи дашту биёбон зи домани парвин.

Ин ҷо фарзияи оғози офариниш ва пайдоиши инсон аз кӯҳистон ва густариши он ба паҳнои бекаронаи замин матраҳ шудааст, ки фикри шахсии як шоир, як андешаманду донишманд ва як эҷодкор аст, ки низ  ҳаққи андеша, таҳқиқу барасӣ ва дастгирӣ дорад.

Агар фарҳанги мо бостонӣ намебуд, агар тамаддуни мо куҳан намебуд, агар забони мо яке аз забонҳои классикии дунё намебуд, агар таъриху устураи мо аз Худову нахустофариниш, аз гетиву кайҳон сухан намегуфт, шоири огоҳ ба офаридани чунин маъниҳои муфаххар намепардохт, моро ба сӯйи огоҳиву худшиносӣ намебурд. Хосса дар ин даврон, ки ба фишори таҳоҷуми фарҳангиву тамаддунии кишварҳои зӯр халқҳову миллатҳои бесобиқаи неруманди фарҳангиву маданӣ тоб оварда наметавонанд. Хушбахтона, мо чунин паноҳу паноҳгоҳ дорем ва сиёсати Давлату кишвари Тоҷикистон бо сарварии Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҳаллу маҳв шудан дар фарҳанги бегона моро эмин медорад.

Устод Салимшо Ҳалимшо дар баробари донандаи хуби фарҳанги ориёӣ будан, боз аз фарҳанги исломӣ низ бархӯрдор буд. Гоҳи хондани осори эшон мо мебинем, ки чӣ гуна шоир аз истилоҳот, асомӣ, мафҳумҳову ҳаддҳои исломӣ истифода мекунад ва онҳоро бо фарҳанги ориёӣ пайванд мезанад.

Аз ин корбурди мафҳумҳои фарҳангӣ пайдост, ки фарҳанги исломӣ аз ориёӣ ба фаровонӣ истифода кардааст, балки сохтмони фарҳанги худро бар бунёди фарҳанги ориёӣ гузоштааст. Ва ба андешаи бархе аз донишмандон месазад, ки фарҳанги исломиро фарҳанги эронӣ ном бибарем, чун ҳамаи суннату ойинҳое, ки имрӯз дар истифодаи мардуманд, решаи бостонии эронӣ доранд, гирифта аз ҷашнҳову девондориҳову китобдориҳову қасрсозиҳову кишвардориҳову кишварсозиҳо ва монанди инҳо. Бинобар ин, чунин самту майли андеша дар осори устод Салимшо Ҳалимшо хеле равшан ва намоён аст.

Барои намуна:

Биофарид Худованд ҳазрати Одам,
Ва обу хок аз ӯ ёфт файзу нуру тавон.
Худо зи кардаи худ шод гашту ҷашн гирифт,
Ва нуриён бишудандаш ба ҷашн покӯбон.
Ки ин ҷаҳон зи рухаш умри безавол биёфт,
Ва қудрате набувад, то аз он кунад куфрон.
Ва шаҳсутун ҳам аз он саҷдагоҳи Хуршед аст,
Ки ёд оварад аз офариниши инсон.

Мавриди он аст, ки дар бораи ҳунари шоирии устод Салимшо Ҳалимшо низ чанд сухан бигӯем.  Ӯ аз шумори он шоиронест, ки бар фанни шеър табаҳҳур дорад. Қолаби шеъри Салимшо Ҳалимшо хеле суфта, корхӯрда ва бенуқс мебошад. Дар интихоби вазн, қофия ва радиф завқи баланд дорад ва тарзи ифодаву забони шеъраш шево фаҳмо ва мисли маъниҳову образҳои офарида дар шеъраш тоҷикона аст.

Ховари АБУЛҲАЙ

Дигар хабарҳо